ДАР ЯК ҲАФТА БА ДУ КОРХОНА ХИШТИ АВВАЛ ГУЗОШТА ШУД

Ба наздикӣ дар мавзеи Зарафшони ноҳияи Чуст ба сохтмони заводи симон хишти аввал гузошта шуд.

 Арзиши умумии лоиҳа 20 миллион доллари Амрико буда, дар 6,3 гектар замин аз тарафи бинокорони ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Faktory cement» қад рост мекунад.
– Баъди ба кор андохта шудани корхона, дар зарфи як сол 300 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол гардида, 200 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд, – гуфт директори завод Абдураҳим Муродов.
Завод бо таҷҳизоти ҳозиразамони «Henon Huohang»-и Чин ҷиҳозонида шуда, моҳи декабри соли 2020 ба фаъолият шурӯъ мекунад.
Инчунин дар ҳудуди ноҳияи Тӯрақӯрғон ба сохтмони корхонаи муштараки хориҷии «Heng Bang Textile Central Asia» таҳкурсии аввалин гузошта шуд.
Корхонаи мазкур аз партовҳои корхонаҳои дӯзандагии ҷумҳуриамон калоба истеҳсол мекунад. Он дар 18 гектар воқеъ буда, нафақат дар вилояти Намангон, балки дар кишварамон ягона корхонаи калони бофандагӣ ба шумор меравад. Дар ин ҷо 1200 нафар ба ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд гашт.

А. МУРОДОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: