ДАР ЁДИ ПАДАР

Ман падари азизамро бисёр дӯст медоштам, солҳое, ки хурд будам, то ба хона омадани падар хобам намебурд.

Ман падари азизамро бисёр дӯст медоштам, солҳое, ки хурд будам, то ба хона омадани падар хобам намебурд. Ҳар куҷое, ки падарам мерафтанд, бари ҷомаашонро дошта мерафтам. Модарам бо тамоми саъю кӯшиш маро аз падарам ҷудо карда наметавонистанд. Меҳри падарҷонам то ҳанӯз дар дилам ҷӯш мезанад. 1 сентябри соли 1990 ба мактаби деҳаи Зевари ноҳияи Сариосиё ба синфи 1-ум рафтам, ҳамон рӯз раҳбари синфамон Қурбоной Элмуродова ҳини дарс таъкид намуданд, ки дигар аз қафои падарат ягон ҷо намеравӣ. Ман ба гуфтаи устод амал кардан мехостам, вале ҳамоно меҳри падарам ҷӯш мезаду баъди адои дарсҳо ба хона омада, вазифаи хонагиро иҷро мекардаму боз ҳамроҳи падарам ба алафдаравӣ, ҳезумкашӣ, барои кишту кор ба боғ мерафтем, падарам ниҳолпарвар буданд, пайванд мекарданд. Ман бо додарчаам аз қафои падарҷонам мегаштем. Соли 2000 деҳаи Зевар бо фармони Президентамон кӯчонида шуд ва мо ба ноҳияи Бандихон омадем, падарам, ки муаллими тарбияи ҷисмонӣ буданд, дар мактаби навбунёде, ки барои мо кӯчиён сохта шуда буд, кори худро идома доданд. Барои оилаи мо зиндагии нав оғоз ёфт. Падарам боғи калоне бунёд карданд ва мо – фарзандонашонро хуб тарбия намуда, ба воя расониданд, албатта заҳмати бисёр кашиданд. Аҳли оилаи мо то даме, ки падарам дар синни 58 аз олам чашм пӯшиданд, осуда умр ба сар мебурд. Замоне, ки додарам акнун дастёр шуда, ҳамаи корро аз дасти падарам гирифтан мехосту падарҷонамро ба Маккаю Мадина барои зиёрати Ҳаҷ равон карданӣ шуда ба Русия барои кор рафта буд, нохост аҷали бераҳм бармаҳал омаду падари биҳиштиямро аз мо рабуд, додари ҷигарбирёнам бо сад алам расида омад. То ҳол нолаҳои додарам аз гӯшам дур намешавад. Очаи бечораам мо – фарзандонашонро ҷамъ карда насиҳатҳо мекунанд, то ки номбардори падарҷонам бошем, монанди падари меҳмондӯстамон дили касеро наранҷонем, дар зиндагӣ ҳамеша ҳалол зиндагӣ кунем. То ҳол ёди падар мекунам, оҳ падарам, ҷон падарам:
Куҷоед, эй падарҷонам, куҷоед,
Биёед аз дигар пешам, биоед.
Набошад бе шумо дунё чароғон,
Падарҷонам, падарҷонам, падарҷон.
Чароғи хонадони мо, падарҷон,
Азизу меҳрубони мо, падарҷон.

Адолат КОМИЛОВА, 
омӯзгори мактаби рақами 43-юми ноҳияи Сариосиё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: