Дар ҳар як ноҳияи вилояти Фарғона корхонаҳои дӯзандагиву трикотажии конструксияаш сабук ташкил карда мешавад.
Дар натиҷаи он наздик ба 4,5 ҳазор ҷойи нави корӣ офарида, таъмини шуғли бонувон пешбинӣ шудааст.
Дар доираи панҷ ташаббуси неке, ки бо ташаббуси Президенти мо дар ҳаёт татбиқ карда мешавад, ба бо кор таъмини бонувон, бартараф кардани муаммоҳои иҷтимоие, ки дар давоми солҳо онҳоро азоб медиҳад, эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Хусусан, аз ҳисоби ташкил кардани корхонаҳои дӯзандагӣ таъмини шуғли аҳолӣ муайян карда шудааст.
Дар шӯрои шаҳрвандони маҳаллаи «Тошҳавз», ки ҳудуди дурдасттарини ноҳияи Ёзёвон мебошад, ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Ёзёвон барака чеварлари» ба кор шурӯъ кард.
Дар маросими кушодашавии корхона ҳокими вилояти Фарғона Шуҳрат Ғаниев ширкат варзида, таъкид намуд, ки ба воситаи таъмини шуғли аҳолӣ барои онҳо фароҳам овардани шароити ҳаёти фаровон аҳамияти муҳим касб мекунад.
Дар корхонаи нав, ки аз ҷониби ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекпахтасаноат» бунёд шудааст, 130 ҷойи нави корӣ офарида шуд. Барои сохтмони корхонаи мазкур 1 миллиарду 700 миллион сӯм маблағ сарф гардида, аз Чин мошинҳои дӯзандагии дорои тамғаи охир оварда насб карда шуд.
– Бинобар нақшаи муайяншуда дар соли ҷорӣ дар 7 ноҳияи вилоят, соли 2020 дар 8 ноҳияи он корхонаҳои дӯзандагии замонавии ба ҳамин монанд ба кор дароварда мешавад,– мегӯяд роҳбари ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Фарғона барака чеварлари» Давронбек Ҷӯрабоев.– Айни замон дар ноҳияи Риштон ва дар деҳаи Шоҳимардони ноҳияи Фарғона лоиҳаҳои мо амалӣ гардида, барои бо шуғл таъмин кардани бисёр занону духтарон комёбӣ ба даст омад. Бояд таъкид намуд, ки ба корхонаҳои мазкур занону духтарони ногиро низ ҷалб карда мешаванд. Онҳо аз рӯйи имоният кор кунанд ҳам, дар давоми як сол ба тартиби муайяншуда ҳаққи кор пардохт карда мешавад.
Дар ҳудуде, ки корхона ба фаъолият шурӯъ кардааст, дар асоси лоиҳаҳои намунавии навшуда манзилҳои зисти арзон қад рост намуда, ба мавзеи калон табдил меёбад. Барои бо кор таъмин намудани заноне, ки ба манзилҳои нав кӯчидаанд, лоиҳаи мазкур мавқеи калон дорад. Дар корхонаи мазкур занону духтарони сокини шӯрои шаҳрвандони маҳаллаи «Тошҳавз» ва «Такалик» соҳиби кор шуда, дар сафи онҳо 10 нафар шаҳрванди ногиро низ ҳаст. 34 нафар занону духтароне, ки дар ин ҷо меҳнат мекунанд, ба касби дӯзандагӣ аз нав тайёр карда шуданд.
Соҳиби медали «Ҷасорат», ногирои гурӯҳи дуюм Нодира Аҳмадалиева низ ба орзуи худ расид. Ӯ ба наздикӣ ба хонаи нав кӯчида буд. Айни замон бошад, бинобар касби дӯстдоштаи худ – дӯзандагӣ соҳиби кор низ гардид.
Либосҳои корхонаи нав супоришгарони худро дорад. Ҳамчунин, пешбинӣ гардидааст, ки маҳсулоти номгӯи васеи аз ҷониби чеварони гулдасти ёзёвонӣ омодашаванда ба давлатҳои ҳамсоя низ содир карда хоҳад шуд.
М. СУЛАЙМОНОВ,
мухбири ӮзА.