ДАР ЗАБОНУ ДАР АДАБ УСТОД ГАШТУ НУКТАСАНҶ...

Рӯзе яке аз ҳамдеҳагонам Абдулло Иброҳимов – омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, хоҳиш кард, ки вақти нони чошт ба ҳавлиаш биёям.

Вай гуфт, ки ба хонааш чанд нафар меҳмон даъват кардааст ва дар байни онҳо устод Фарҳод Исомиддинов низ ҳастанд, ки аз шаҳри Фарғона омадаанд. 
Ҳавлии Абдулло дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Себзор»-и деҳаи Ҳушёр воқеъ гаштааст. Аз дарвозаи як табақаш кушода вориди ҳавлӣ шудам ва овози чанд нафар ба гӯш расид, ки байни ҳам гарм суҳбат мекарданд. Дар байни меҳмонон Фарҳод Исомиддинов ва Бегалӣ Болтаев паҳлӯи ҳам менишастанд.
Ҳар бор ба деҳаи зебоманзару биҳиштосои Ҳушёр оям, паҳлӯҳои наву тозаи онро кашф мекунам. Дар солҳои охир он хеле ободу сарсабз ва намои зебо касб намудааст. 
– Ин бор ҳузури шумо, устод, маро хеле шоду сарфароз намуд, – гуфт Фарҳодака ба Бегалӣ Болтаев рӯ оварда. 
Баъди хӯрдани таом суҳбат қӯр гирифт. Бо навбат меҳмонҳо ҷилави суханро ба даст гирифта, хотираҳояшонро баён мекарданд. 
Чанд рӯз пеш устод Фарҳод Исомиддинов хабар дод, ки дар шаҳри Фарғона ҷашни 80-солагиаш баргузор мегардад. 
Вай зодаи деҳаи Понғози ноҳияи Ашт мебошад ва дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Падараш – Исомиддин марди фозил ва ҳамакора  буда, ба касбу кори боғбонӣ, дуредгарӣ, табибӣ шуғл меварзидааст. Илҳоми шоирӣ низ доштааст. Аз вай ба фарзандон се  китоб мерос  мондааст: «Девони Ороми Понғозӣ», «Осор ва рӯзгори Ороми Понғозӣ» ва «Ворисони Ороми Понғозӣ».
Фарҳод Исомиддинов соли 1960 мактаби миёнаро хатм карда, баъди як соли танаффус ба Донишкадаи давлатии омӯзгории  Ленинобод ба номи Киров (ҳоло ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров) дохил шудааст. Зимни таҳсил дар курси чоруми ин донишкада ба хидмати ҳарбӣ даъват шудааст. Баъди се соли хидмати аскарӣ дубора таҳсилро дар донишкада давом додааст. 
Соли 1968 бо роҳхат ба мактаби навтаъсиси зодгоҳаш ба сифати муаллими фанҳои забони  русӣ, ҷуғрофия, ботаника  ва тарбияи ҷисмонӣ ба фаъолияти омӯзгорӣ  оғоз намудааст. Ҳанӯз  соли дуюми фаъолияти  кориаш  ӯро мудири  қисми  илмии  мактаб таъин кардаанд. 
Соли 1973 тақдир вайро бо аъзои хонаводааш аз Тоҷикистон ба шаҳри Ангрени вилояти Тошканд овардааст. Бо ҳамсараш – апаи  Нуринисо ба мактаби рақами 17, ки ҳоло низ яке аз мактабҳои калонтарини шаҳри Ангрен маҳсуб меёбад, шомили кор шудаанд. Вай муаллими забону адабиёти тоҷик ва ҳамсараш дар синфҳои ибтидоӣ ба сабақдиҳӣ шурӯъ кардааст. Маъмурияти мактаб аввал ӯро мудири қисми илмӣ, баъд ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ таъин кардааст. Мавсуф ин вазифаро то соли 1980 анҷом додааст. 
Дертар фаъолияти омӯзгориашро дар мактаби рақами 7-уми ин шаҳр идома додааст. 
Он солҳо бо фармони Президенти мамлакат дар шаҳри Ангрен Донишкадаи омӯзгорӣ таъсис ёфта буд. Ӯро ректорат ба ҳайси муаллими калони забонҳои форсӣ ва арабӣ ба кор даъват  мекунад. Дар ин миён дар  назди  факултети  педагогикаи донишкадаи мазкур  кафедраи  забони  тоҷикӣ  кушода мешавад  ва  ӯ ба ҳайси мудири кафедра ба кор  таъин мегардад. 
Ҳамин тавр, Фарҳодака соли 1997 зери роҳбарии доктори илм-ҳои филология Ҳасан Қудратуллоев,  ки  ҳамзамон  ректори донишкадаи мазкур буд, дар мавзӯи «Муқоисаи  достони  «Лисон-ут-тайр»-и Мир  Алишери  Навоӣ  бо  «Мантиқ-ут-тайр»-и Шайх Фаридуддини Аттор» ба навиштани рисолаи номзадӣ оғоз  кардааст. Онро соли  2001 дар Донишкадаи  забон  ва  адабиёти  Академияи  фанҳои  Ӯзбекистон  бомуваффақият дифоъ намуда, унвони номзади илмҳои филологиро ба даст овардааст. 
Соли 2007 дар назди факултети филология гурӯҳҳои забон ва адабиёти  тоҷик кушодаву кафедраи забон ва адабиёти тоҷик  таъсис  ёфт.  Ӯро  ба  кафедраи  нав-таъсис  ба  ҳайси мудир таъин намуданд. Соли 2010 кафедраҳои забон ва адабиёти Шарқ, забон ва адабиёти тоҷик ва забон ва адабиёти қазоқро муттаҳид намуданд ва кафедраи забонҳои Шарқ ташкил  шуд. Ба вай вазифаи мудирии  ин кафедраро супурданд. Аммо соли  2014  Донишкадаи  омӯзгории  Ангрен ба фаъолияти худ хотима бахшид. 
Соли  2017 дар факултети  филологияи Донишгоҳи давлатии  Фарғона бахши забон ва адабиёти тоҷик таъсис ёфт ва Фарҳод  Исомиддиновро ба ин донишгоҳ ба кор даъват карданд. Аз ҳамон вақт то кунун ӯ ба сифати «локомотив»-и бахши тоҷикӣ ва дотсент фаъолияташро дар донишгоҳ идома медиҳад. Устодони ҷавону донишҷӯён ҳурмати ӯро ҳамеша ба ҷо меоранд ва аз маслиҳату машваратҳояш мудом баҳра мебаранд.
Фарҳод Исомиддинов соли 2023 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон пазируфта шудааст. Вай ҳамзамон профессори Академияи илмии байналхалқӣ, академики Академияи илмҳои Тӯрон мебошад. Беш аз 150 мақолаи илмӣ, илмӣ-услубӣ ва илмӣ-оммавӣ навишта, дар нашрияҳои гуногун мунташир намудааст. Муаллифи китобҳои дарсии «Забони тоҷикӣ» барои синфҳои 5, 8, 9 мебошад. Инчунин китобу рисолаҳои «Унвонҳои адибон» (ба ду забон – тоҷикӣ ва ӯзбекӣ), «Зуллисонайн адиблар», «Гулчини абёти баргузида», «Чеҳраҳои Ангрен» (дар ҳаммуаллифӣ), «Пандрезаҳо», «Пандномаи розҳо»(дар ҳаммуаллифӣ), «Шугунҳо ё ириму сиримҳо», «Асрори рақамҳо», «Алифбои шавқовар», «Луғати вомвожаҳои  форсии  тоҷикӣ  дар  забони  ӯзбекӣ» (дар ҳаммуаллифӣ) ва амсоли онро таълиф намудааст. Осори илмии ӯ дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба табъ расидаанд.  
Ногуфта намонад, дар арафаи 80-солагии Фарҳод Исомиддинов шогирдону ҳамкорони ӯ китоби ҷашнномаи ӯро таҳти унвони «Зарварақҳои ҳаёт» мунташир намудаанд. Мураттиб ва муҳарририи онро доктори фалсафа дар риштаи филология Ҷумъаи Ҷамол бар дӯш дошта, ректори донишгоҳ, доктори фанҳои педагогӣ, профессор Б.Шермуҳаммадов ба он сарсухан навиштааст. 
Аз ҷумла, доктори илмҳои филология, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Матлубаи Мирзоюнус чунин навиштааст:
– Фарҳод Исомиддинов фарзанди як шоир ва омӯзгори дилогоҳе мебошад, ки тамоми умри  пурбаракати  худро сарфи кори маориф  кардааст. Писар низ аз пайи падар рафта, дар давоми 80 соли умри пурсамари хеш пешаи омӯзгорӣ ва таҳқиқи  адабиётро машғулияти   асосии зиндагии худ  қарор додааст. Чандин китобҳои дарсӣ, тест, дастурҳои таълимӣ  навишта, дар пешрафти кори маориф хидмати арзанда ба ҷо овардааст.
Фарҳод Исомиддинов соҳиби 6 фарзанд ва чанд набераву абера мебошад. 
Тибқи барномае, ки пешниҳод шудааст, 15 июни соли равон дар ҷашни 80-солагии Фарҳод Исомиддинов олимони забардасти Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, адибону журналистон, ҳамдарсону дӯстон ва шогирдони зиёди ӯ ширкат хоҳанд кард. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: