ДАР ЗАМБАР НА БЕШТАР АЗ 22 КГ...

Солҳои охир ба бонувон аз ҷониби ҳукумат ғамхориҳои зиёд зоҳир мегардад.

Солҳои охир ба бонувон аз ҷониби ҳукумат ғамхориҳои зиёд зоҳир мегардад. Бахусус ба лавозимҳои роҳбарӣ ҷалб намудани занон сазовори таҳсин аст. Дар қонунгузориамон низ барои занону духтарон як қатор имтиёз ва баланд бардоштани мавқеи онҳо нишон дода шудааст. Ба ин манъ намудани меҳнати занон дар корҳои шароиташ душвор, ба кор фаро гирифтани занони ҳомила ва ё кӯдакдор, ба занон додани таътил барои парвариши кӯдак ва ҳоказо мисол шуда метавонанд. 
Аз ҷумла, дар ҷараёни ба кор қабул кардан ва бекор кардани шартномаи меҳнатӣ барои онҳо як қатор имтиёзҳо ба назар гирифта шудаанд. Занони ҳомила ё кӯдакдорро бо кор таъмин нанамудан ё музди меҳнати онҳоро кам кардан, инчунин занони ҳомила ё кӯдакаш то сесоларо дар асоси санҷиш ба кор гирифтан дар қонунгузорӣ манъ карда шудааст. 
Аз ҷониби корфармо ба бекор кардани шартномаи меҳнатии занони ҳомила ва ё кӯдакдори то сесола роҳ дода намешавад. Агар корхона тамоман фаъолияташро қатъ намояд, ё муддати шартномаи меҳнатӣ ба охир расида бошад ҳам, шартномаи меҳнатии занон бо шарти аз нав ба кор ҷойгир намудани онҳо бекор карда мешавад. Дар ин даври то ба кор ҷойгир шудан маоши меҳнати занон нигоҳ дошта мешавад, аммо ин муддат аз се моҳ набояд гузарад. 
Дар баъзе соҳаҳо ва корҳои мухталиф аз меҳнати занон бар зидди қонун истифода мебаранд. Дар корҳои меҳнаташ вазнин, дар корҳои зеризаминӣ истифода аз қувваи зан манъ карда шудааст. Аз меъёре, ки барои онҳо таъин карда шудааст, зиёд бардоштан ё кашондани бор манъ карда шудааст. Аз ҷумла, вазни бори дастии онҳо 9 кг., дар замбар 22 кг., дар аробаи якчарха 22 кг., дар аробаи се ва чорчарха 50 кг., дар вагонҳои хурд (ҳаракати релс) 300 кг нишон дода шудааст.
Инчунин мувофиқи қонунгузорӣ занони ҳомила ба корҳои сабук ва қулай бояд ҷалб карда шаванд. Дар асоси хулосаи тиббӣ меҳнати занони ҳомила сабук карда мешавад ва ё дар ҳолати нигоҳ доштани ҳаққи меҳнати ҷойи кори аввалаашон ба кори сабук гузаронда мешаванд ва ба ин муносибат ҳаққи кори аввалаашон кам карда намешавад. Дар ин вазъият барои зани ҳомила боз як имтиёз, яъне агар то дарёфт кардани кори сабук аз кор озод карда шуда бошад, барои рӯзҳои ба кор нарафтанаш ҳаққи кор нигоҳ дошта мешавад. Аз чунин имтиёз занони кӯдакашон то ду сола, ки имкони дар ҷойи аввалааш кор кардан надорад, истифода бурданаш мумкин аст. 
Тартиби таътили занон низ алоҳида аст.
Таътили ҳомила ва таваллуд 
Ба занҳо то таваллуд 70 рӯзи тақвимӣ ва баъди таваллуд 56 рӯзи тақвимӣ, ҷамъ 126 рӯз таътили ҳомиладорӣ ва таваллуд  дода мешавад ва доир ба суғуртаи иҷтимоии давлатӣ нафақа пардохта мешавад. 
Агар ҷараёни таваллуд душвор гузарад ё дугонику сегоник ба дунё ояд, 70 рӯз, ҷамъ 140 рӯз таътили ҳомиладорӣ ва таваллуд дода мешавад. 
Таътиле, ки то ду ё сесола шудани кӯдак дода мешавад
Баъди ба охир расидани таътили ҳомила ва таваллуд бо хоҳиши зан то дусола шудани кӯдак таътил дода мешавад ва мувофиқи қонун нафақа пардохта мешавад. Инчунин, бо хоҳиши зан то сесолагии кӯдакаш бе нафақа таътили иловагӣ низ дода мешавад. Аз таътиле, ки барои парвариши кӯдак дода мешавад, падар, момо ва дигар наздиконаш, ки парвариши кӯдакро ба зимма мегиранд, пурра ва ё қисман истифода бурданашон мумкин аст. Дар давраи таътили парвариши кӯдак ҷойи кори зан нигоҳ дошта мешавад. Таътили мазкур, ки ба муддати 3 сол муайян карда шудааст, аз рӯйи ихтисоси худ ба собиқаи кории зан ҳамроҳ мегардад. 
Таътилҳои солона 
Таътили солона соле як маротиба ба ҳар як ходим дода мешавад. Занони ҳомила таътили солонаро метавонанд пеш аз таваллуд ва ё баъд аз таваллуд гиранд. Таътили солона ба занони танҳо (бева, никоҳаш бекоршуда), ки фарзандаш синни 14-ро пур накардааст (ё кӯдаки ногирои то 16 сола дорад), ба занони хидматчиёни ҳарбӣ назар ба хоҳиши онҳо дар вақти ба онҳо муносиб дода мешавад. Ба заноне, ки 2 ё аз он зиёд фарзандони то 12-сола ё ки фарзанди ногирои то 16 сола дорад, ҳар сол ба муддати се рӯзи корӣ дар ҳолати нигоҳ доштани ҳаққи кор таътили иловагӣ низ дода мешавад. Илова бар ин, ба чунин тоифаи занон бо хоҳиши онҳо ҳар сол на кам аз 14 рӯзи тақвимӣ дар ҳолати нигоҳ надоштани ҳаққи кор таътил дода мешавад. Ин гуна таътилро бо иҷозати корфармо ба таътили солона ҳамроҳ карданаш низ мумкин аст. 
Дар асоси Низоми Девони Вазирон “Дар бораи тартиби кӯчондан, аз нав барқарор намудан ва аз таҳсил озод намудани талабаҳои муассисаҳои таълими олӣ” аз 20 июни соли 2017, ба донишҷӯдухтарони ҳомила ва таваллудкарда ё барои парвариши кӯдак  бо тартибе, ки Девони Вазирон муайян намудааст, таътили академӣ дода мешавад. 
Ғайр аз ин, ҳар як муассиса, ташкилот ё корхона аз имкониятҳои дохилии худ истифода бурда, баҳри дастгирии занон бояд имтиёзҳои иловагӣ муайян намояд.

Диловар РАШИДОВ,
устоди кафедраи идораи корпоративи Донишгоҳи давлатии нақлиёти Тошканд.              
   
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: