ДАР ЗЕРИ ЯК ОСМОН

Ба мо маълум аст, ки соли ҷорӣ бо ташаббуси роҳбари давлат Кумитаи назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба муносибатҳои байнимиллӣ ва алоқаҳои дӯстона бо мамлакатҳои хориҷӣ созмон ёфта буд.

Имрӯзҳо ҳар як миллат ва халқияти Ӯзбекистон ҳуқуқ дорад озодона, ба анъана ва арзишҳои миллии худ арҷ гузорад, ҷашнвора ва чорабиниҳои идонаи худро табъи дил баргузор намояд.
Ба қарибӣ бахшида ба фарорасии соли нави 2019 фаъолони марказҳои миллӣ-мадании ҷумҳурӣ гирдиҳам омаданд ва ин идро тантанавор ҷашн гирифтанд.
Хабарнигорамон ба ин муносибат бо чанде аз аъзои раёсати Маркази миллӣ-мадании тоҷикон ва баъзеи дигар суҳбат орост.

Ҷаъфар ХОЛМӮЪМИНОВ, раиси Маркази миллӣ-мадании тоҷикони ҷумҳурӣ:
– Соли 2018 барои Маркази тоҷикони ҷумҳурӣ соли фаромӯшнашаванда ва пур аз комёбиву хурсандиҳо буд. Бахшида ба дӯстии Ҷомию Навоӣ ва дигар бузургони илму адаб шабҳои шеъру суруд баргузор шуданд. Бо саъю ҳаракати раиси пештараи марказ Шарофат Эрматова хонаи мо таъмир, бо мебелҳои замонавӣ ва либосҳои миллӣ ҷиҳозонида шуд. Нақшаи мо дар соли 2019 зиёд аст. Баргузор намудани ёдбуди бузургони илму адаб, вохӯрӣ бо шоиру нависандагони номдор, шабҳои шеъру суруд ва дигар чорабиниҳоро ба нақша гирифтаем.
Гуландом СУБҲОНОВА, намояндаи Маркази миллӣ-мадании тоҷикони вилояти Ҷиззах:
– Бояд гуфт, ки солҳои тӯлонӣ наметавонистем бо дӯстон, хешу пайвандони тоҷикистонӣ  табъи дил дидорбинӣ кунем. Ҳангоми омаду рафт ба душвориву сарсониҳо дучор мешудем. Бо ташаббуси сарони ду кишвар ин монеаҳо соли ҷорӣ аз байн бардошта шуданд. 
Ман барои иштирок дар чорабинии идонаи солинавии марказҳои миллӣ-мадании ҷумҳурӣ аз шаҳри Ҷиззах омадам. Дар дастархони идона ширинӣ ва хуришҳои гуногуни миллатҳо гузошта шуда буданд. Ҳар як миллат рақсу ҳунар, суруду тарона ва либосҳои миллии худро намоиш дод. Дар зери оҳангҳои миллӣ тоҷик бо белорус, тотор бо ҳинд, қазоқ бо украин, рус бо туркман рақсиданд, ки мақсади ҳар яки онҳо дӯстӣ, якдилӣ ва ҳамҷиҳатӣ мебошад. Бигузор, соли нав ба хонадони ҳамаи мо файзу баракат ва шодию нишоти нав оварад.
Серик УСЕНОВ, раиси Маркази миллӣ-мадании қазоқони ҷумҳурӣ:
– Албатта, баргузор намудани чунин чорабиниҳои идона касро хушнуд мегардонад. Ҳар як миллат забон, урфу одат, анъана, либос, хӯроку шириниҳои худро дорад. 
Аъзои маркази мо Гулҷамол хӯроки миллиамон «бешбармоқ»-ро омода карда, ба дастархони идона гузоштааст, ки онро дида, ҳам таоми миллии қадима ва ҳам бачагӣ, модарамро, ки ин хӯрокро бисёр тайёр мекард, ба хотир овардам.
Дар соли ҷорӣ зодрӯзи шоири қазоқ Абай Қӯнанбоевро ба таври васеъ ҷашн гирифтем, омаду рафт бо дӯстони қазоқистонӣ боз ҳам беҳтар гардид. Хатсайрҳои Тошканд–Чимкент, Чирчиқ—Алмаато ба роҳ монда шуданд. Ҳамаи ҳамватанонро бо фарорасии соли нави 2019 табрику таҳният мегӯям. Дар хонадони ҳар яки мо чароғи ҳаёт чун чароғи солинавӣ ҳамеша фирӯзон бод!  
Комилҷон МАВЛОНОВ, сармутахассиси Маркази таълими касбу ҳунари Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси ҷумҳурӣ:
– Боиси хурсандӣ аст, ки донишҷӯёни ӯзбекистонӣ аз соли хониши 2018-2019 дар донишгоҳҳои Тоҷикистон  ба таҳсил пардохтанд. Дар Донишгоҳи давлатии Фарғона ва Донишкадаи давлатии педагогии Чирчиқ гурӯҳҳои тоҷикӣ кушода шуданд. Чанде қабл дар кӯдакистони рақами 8-уми ноҳияи Чиноз як гурӯҳи тоҷикӣ кушода шуд. Дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд теъдоди гурӯҳҳои тоҷикӣ зиёд гардиданд. Дар вилояти Сурхондарё низ дари бисёр гурӯҳу мактабҳои тоҷикӣ аз нав боз гардиданд. Алҳол дар ин гурӯҳҳо мутахассисону тарбиячиён камӣ мекунанд, китобу дастурҳои дарсӣ намерасанд, ки хеле ташвишовар аст. Агар падару модарон хоҳиш кунанд, монеа нест, дари гурӯҳҳои нави тоҷикӣ дар мактабу донишгоҳҳо кушода мешаванд. 
Соли нав ба ҳамаи халқҳои Ӯзбекистон, ки дар зери як осмон дӯстона ҳаёт ба сар мебаранд, муборак бошад!

Суҳбаторо
Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: