ДАР ЖУРНАЛИСТИКА ФАЪОЛИЯТИ БОСУРЪАТ ЛОЗИМ

«Нишондиҳандаҳои миқдориро ба нишондиҳандаҳои сифатӣ табдил додан ва дар ин поя расонаҳои ахбори оммавиро воқеан ба ҳокимияти чаҳорум табдил додан, таъмин сохтани фикру ақида ва нуқтаи назари гуногун дар соҳати матбуоти миллӣ аз ҷумлаи вазифаҳои рӯзмарратарин боқӣ мемонанд». Шавкат МИРЗИЁЕВ.

Дар Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишери Навоӣ бо ҳамкории рӯзномаи «Овози тоҷик» ва гурӯҳи эҷодии «Мурувват» бо иштироки эҷодкорони собиқадор, журналистон ва донишҷӯёни факултаи журналистикаи муассисаҳои таълими олӣ маҳфил баргузор шуд.
Чи тавре ки дар чорабинӣ таъкид гардид, ҳоло дар ҷумҳурӣ зиёда аз 1500 воситаи ахбори оммавӣ фаъолият дорад. Созмонҳое чун Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон, Маркази матбуоти миллӣ, Бунёди ҷамъиятии дастгирӣ ва рушди расонаҳои ахбори оммавии мустақил ва оҷонсиҳои иттилоотӣ ва Иттиҳодияи миллии электронии РАО фаъолият мебаранд.
Рушди ҳаёти иҷтимоӣ, бахусус, технологияи иттилоотӣ аз кормандони соҳа фаъолияти босуръатро талаб менамояд. Мардум метавонад аз навигариҳои иҷтимоиву сиёсие, ки дар як нуқтаи замин рух медиҳад, дар ҳамон лаҳза шинос шавад. Аз ин сабаб журналист баробари нуктадону сухансанҷ будан, бояд дониши амиқ низ дошта бошад.
Чи хеле ки роҳбари давлат таъкид карда буд, вақти он расидааст, ки «нишондиҳандаҳои миқдорӣ ба нишондиҳандаҳои сифатӣ табдил ёбанд», аз ин ҷиҳат ҳар як маводи публисистӣ, илмӣ, бадеӣ ё ки қарору фармоиши ҳукумат, ки дар РАО дарҷ мегардад, барои мардум ҳамчун дастуруламал хидмат кунад, хонанда аз он ҳуқуқу маҷбурият ва ё аз таҷрибаи кории мутахассисони соҳа чизеро омӯзад.
Дар чорабинӣ журналистони собиқадор фазилатҳои неки инсонӣ ва касбии журналисти номвар, фарзанди арҷманди Бухорои шариф, асосгузори рӯзномаҳои «Тошкент оқшоми» – «Вечерный Ташкент» Саъдулло Кароматовро ёд карданд. 
– Саъдулло Кароматов меҳнати эҷодкорони боистеъдодро хуб қадр мекард, ҳимматбаланду покдил буд,– гуфт Журналисти хидматнишондодаи Ӯзбекистон Солеҳ Ёқубов. – Ҳар як ходими рӯзномаро ҳадди имкон дастгирӣ мекард. Солҳои сармуҳарририи ӯ дар таҳририят муҳити хуби эҷодӣ ҳукмрон буд. Барои журналистони ҷавон дари имкониятҳоро боз менамуд. Ӯткир Ҳошимов, Носир Муҳаммад, Рустам Шарипов ва дигар эҷодкорон таҳти роҳнамоии ӯ ба камол расиданд. С. Кароматов ҳамчун роҳбари сахтгиру меҳрубон дар дилам ҷой дорад. 
Дар чорабинӣ филми ҳуҷҷатие, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Саъдулло Кароматов бахшида шудааст, намоиш дода шуд. 

Набия НОДИРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: