Дар зинаи дуюм – 3 ҳазор ҷойи корӣ

Дар ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Fazman textile», ки дар ноҳияи Давлатободи вилояти Намангон фаъолият дорад, 500 нафар бо шуғл фаро гирифта шудаанд.

– Қимати умумии лоиҳаи корхона 40 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки то имрӯз 20 миллиони он аз худ карда шудааст, – мегӯяд роҳбари корхона Тоҳир Ҷӯраеви соҳибкор. – Ҳоло дар корхона корҳои васлкунии таҷҳизот идома доранд. Дар зинаи аввал ҳазор, дар зинаи дуюм 3 ҳазор ҷойи корӣ фароҳам оварданием.
Солҳои охир дар вилоят корхонаҳои зиёди хурду бузурги саноатӣ бунёд мегарданд. Шубҳае нест, ки Намангон ба пойтахти саноати сабуки Ӯзбекистон табдил хоҳад ёфт. Боиси шодмонист, ки имрӯз дар қатори брендҳои машҳуртарини бозорҳои Аврупо маҳсулоти дар Намангон истеҳсолгардида низ фурӯхта мешавад. 
Ширкатҳои «Carl Grooss» ва «Digel»-и Олмон ба нимак ва шиму костюмҳое, ки дар Намангон дӯхта мешаванд, барои як сол фармоиш додаанд. Ба онҳо ва дигар харидорони серталаби Аврупо маҳсулоти бо моделҳои замонавӣ дӯхташуда содирот карда мешаванд.
Дар акс: дар ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Fazman textile»-и ноҳияи Давлатободи вилояти Намангон.
Аксбардор: Ҳ. МАМАДАЛИЕВ (ӮзА).

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: