Яке аз «Ҳафт пир», намояндаи барҷастаи тасаввуф, асосгузори тариқати Хоҷагон дар Осиёи Миёна ва раҳнамои он, шайхушуюх, қутби замон, авлиёи соҳибкаромат Хоҷа Абдулхолиқ ибни Абдулҷамил Ғиждувонӣ (1103-1179) дар шаҳри Ғиждувон ба дунё омада, ба воя расид ва дар олами ислом ҳамчун шайх ва пири комил шуҳрат ёфт.
Дар сарчашмаҳои таърихӣ номи вай бо сифатҳои «Хоҷаи Ҷаҳон», «Хоҷаи ҳар ду олам», «Қутби замон», «Офоқи замон» ва ғайра зикр ёфтааст.
Абдулхолиқи Ғиждувонӣ, ки худ газворбоф буд, бар хилофи тамаъкорию хурофотпарастӣ мардумро ба меҳнати беминнат, бо дигарон баҳам дидани ризқи додаи Офаридгор даъват кардааст. «Даст ба кору дил ба ёр» аст моҳияти тариқати нақшбандияи хоҷагон ва мақсад аз он қаробати наздикшавӣ ба раият, ба аҳли меҳнат буд.
Хоҷаи Ҷаҳон барои тариқати хоҷагон ҳашт рашъа, ҳашт қоидаю қонунро аз ҷиҳати назарӣ асоснок намуд, ки инҳоанд: 1. «Ҳуш дар дам» (ҳар нафас бо Худо будан). 2. «Назар бар қадам» (ҳар қадам вақти сафар бояд ҳушёр шуд, то ки фикр пароканда нашавад). 3. «Сафар дар ватан» (солик ҳангоми сафар аз сифатҳои башарӣ ба сифатҳои мулкӣ ва аз сифатҳои иловагӣ ба сифатҳои ҳамида бояд гузарад). 4. «Хилват дар анҷуман» (зоҳиран бо халқ, ботинан бо Ҳақ будан). 5. «Ёдкард» (зикр бо забон ё дар дил). 6. «Бозгашт» (баъди зикри калимаи таййиба пурсидани ризогии Худо). 7. «Нигоҳдошт» (хотирро парешон накардан). 8. «Ёддошт» (ҳамеша бо ёди Худо будан).
Аз Хоҷа Абдулхолиқи Ғиждувонӣ то мо асарҳои «Рисолаи тариқат», «Рисолаи соҳибия», «Васиятнома», «Аз гуфтори Хоҷа Абдулхолиқи Ғиждувонӣ» омада расидаанд. Ин асарҳо дар шакли дастнавис дар китобхонаҳои мамлакатҳои ҷаҳон нигоҳ дошта мешаванд. Мирзо Улуғбек соли 1433 барои ба бачагон омӯхтани Қуръон ва ҳадис, илмҳои фиқҳ ва тафсир мадрасаи «Улуғбек» ва китобхонаю гармобаи сангин созонд.
Амири Бухоро Абдуллохон дар атрофи мақбараи Абдулхолиқи Ғиждувонӣ масҷид, манор ва ҳавз барпо кардааст. Ин мадрасаю масҷид баҳри тарбияи инсони комил тайи асрҳо хидмат кардаанд. Мутаассифона, дар соли 1957 ҳавз гӯр карда, масҷиду мадраса ба анбори нуриҳои маъданӣ табдил дода шуд, атрофи мақбараи Хоҷа ба бозори коҳу ғалла ва харсарой мубаддал гардид. Бояд таъкид намуд, ки зиёратгоҳи Абдулхолиқи Ғиждувонӣ низ монанди дигар авлиёҳо бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат эҳё гардид.
27 ноябри соли 2003-юм 900-солагии пири комил дар миқёси ҷаҳон ҷашн гирифта шуд. Мақбара ва атрофи он обод гардид. Масҷиди нав (барои 1500 нафар) бунёд карда шуд. Болои қабри Абдулхолиқи Ғиждувонӣ айвони дорои даҳ сутун қад афрохт. Ин рамзи дар силсилаи шариф ҷойи даҳумро ишғол намудани ин авлиёи бузург буд. Ҳавз ва чоҳеро, ки гӯр карда буданд, кофта ёфтанд ва он аз нав таъмир шуд. Дар атрофи масҷид ва маҷмӯа хиёбони зебои чоргектара бунёд гардид.
Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи тайёрӣ ба таҷлил ва гузаронидани 915-солагии таваллуди Абдулхолиқи Ғиждувонӣ ва 700-солагии зодрӯзи Баҳоуддини Нақшбанд» аз 11 июли соли 2017 ва супоришҳои сарвари давлат ҳангоми сафараш ба вилояти Бухоро моҳи феврали соли ҷорӣ бобати боз ҳам ободу зеботар гардондани зиёратгоҳҳои «Ҳафт пир» лоиҳаҳои нав татбиқ мегарданд.
Мо ба қарибӣ бо мақсади шиносшавӣ бо корҳои ободонӣ дар зиёратгоҳи Хоҷа Абдулхолиқи Ғиждувонӣ ба ноҳияи Ғиждувон рафтем. Ба умеди пайдо кардани одамони даркорӣ рӯзи ҷумъа пеш аз намоз ин ҷо омада хато накардем. Зеро мулоқоти мо бо имом-хатиб Ҷалолиддин Сабуров, ноиби вай Беҳзод Адизов, кормандон Муҳаммадшариф Нарзуллоев, Фирдавс Рамазонов судовар буданд. Онҳо дар бораи зиёратгоҳ бо хушнудӣ ҳарф заданд. Азбаски фурсати намози ҷумъа фаро мерасид дар атрофи масҷиди «Хоҷа Абдулхолиқи Ғиждувонӣ» мардуми зиёд ҷамъ омада буданд. Бинобар гуфтаи ходимони масҷид ба намози ҷумъа то се ҳазор нафар намозхонон иштирок мекардаанд. Дар ҳудуди зиёратгоҳ қадам зада вориди штаби бинокориҳо гардидем. Диққати моро нақшаи бинокориҳо, ки деворро зеб медод, сӯйи худ кашид. Маълум гардид, ки сарпудратчии корҳои ободгардонии зиёратгоҳ ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Тошғозиқурилиш» (роҳбараш Ботур Тошев) будааст. Пешбинӣ шудааст, ки дар зиёратгоҳ се дарвоза (аз се тараф), таҳоратхона, меҳмонхонаи дуошёна, сето истгоҳи автомобилӣ, ошхона ва айвон, кушхона, масҷиди нав барои 2000 нафар намозхон сохта, атрофи он бо хишт ва панҷараи филизӣ девор гирифта шавад. Инчунин роҳу майдонҳои сабзи фаввораҳо ба ҳусни зиёратгоҳ ҳусни нав зам мекунанд. Мувофиқи лоиҳа масоҳати умумии зиёратгоҳ 67857,41 метри мураббаъ буда, аз ҳамин 1578,4 метри мураббаашро иморатҳо ташкил мекунанд. Мақбараи Хоҷа Абдулхолиқи Ғиждувонӣ ба тарзи хазара (чун қабри Баҳоуддини Нақшбанд) аз нав таъмир меёбад.
Дар ободгардонии зиёратгоҳ устоҳои хусусӣ, кормандон ва хизматчиёни корхонаю ташкилотҳои ноҳия низ саҳм мегузоранд. Ба ибораи дигар ин ҷо ҳар рӯз тахминан 100-120 нафар машғули коранд.
– Барои амалӣ гардондани лоиҳаи азнавсозии зиёратгоҳ чӣ қадар маблағ ва аз ҳисоби кӣ сарф мешавад? – пурсидам аз мусоҳибам сарвари бинокорон Ботур Тошев.
– Аз ҳисоби давлат ва ҳомиён тақрибан 20 миллиард сӯм маблағ харҷ мегардад, – ҷавоб дод вай.
Ба туфайли азму кӯшишҳои бинокорон сохтмони биноҳои таҳоратхона, ошхонаю кушхона дар арафаи поёнёбист. Ҷараёни корҳо бобати пардоздиҳии деворҳо, хобондани сангҳои мармар дар суфаю роҳҳо, монтажи фаввораю гузоштани дарвозаҳо самаранок идома доранд. Мо бо саркори бинокорон Азиз Саъдуллоев дар зиёратгоҳ қадам зада ба ин гувоҳ гардидем. Ҷо-ҷо техникаи боркашон хидмат мерасонд. Дар майдони фаввораҳо мутасаддии соҳа Рустамҷон Маҷидовро саргарми кор дидем. Дар шафати дарвоза кормандони заводи пахтатозакунии ноҳия Валиҷон Насимов, Комил Мирзоев, Ҷалол Неков, Соҳиб Каримов ба роҳравҳо санги мармар мехобонданд.
Устоҳои хоразмӣ Муҳаммад Матҷонов, Мансур Матҷонов, Ботир Маткаримов аз Хива, бародарон Илҳом, Икром, Неъматҷон, Раҳматҷон Сафарбоевҳо аз деҳаи Намунаи ноҳияи Гурлан, Ҷамшед Кенҷаев ва Абдулло Қодиров аз шаҳри Урганҷ, Бектурсун Ҷумъаниёзов аз ноҳияи Амударёи Қароқалпоқистон, Женисбек Машарипов аз шаҳри Нуқус баҳри ҳарчи зудтар ба анҷом расондани сохтмони дарвозаҳои зиёратгоҳ саъй доранд.
Бинокорони зиёратгоҳ кӯшиш мекунанд, ки вазифаҳои пешгузоштаро то фасли тобистони соли оянда пурра ба анҷом расонанд. Мо ба онҳо комёбиҳо хоста бо нияти боздид хайрухуш намудем.
Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.