Сӯфӣ Оллоҳёр яке аз намояндагони бузурги тариқати Нақшбандия дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, дар адабиёти тасаввуфӣ яке аз вакилони машҳур ба ҳисоб меравад.
Инчунин, ин шахси бузургро чун шоир, диншинос, олим, аллома ва арбоби давлатӣ ном мебаранд, ки ҳақ асту рост.
Мегӯянд, ки бузургон дар ҷое таваллуд ёфта, дар ҷои дигар машҳуру маълум ва ободкор мегарданд. Оре, чунин аст. Сӯфӣ Оллоҳёр гарчанд дар ҳудуди Каттақӯрғони вилояти Самарқанд таваллуд ёфта бошад ҳам, имрӯзҳо зиёратгоҳи аллома дар маҳаллаи Каттавахшивори ноҳияи Олтинсойи вилояти Сурхондарё ҷойгир шудааст, ки як ҷойи хушбоду ҳаво ва маскани дилнишин мебошад.
Пас аз соҳибистиқлол гардидани Ӯзбекистон ба обод гардонидани зиёратгоҳу обидаҳои таърихӣ эътибори бештар дода шуд. Аз ҷумлаи чунин зиёратгоҳҳо мақбараи Сӯфӣ Оллоҳёр буд, ки оғоз аз соли 2010 тармиму таъмири он ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст.
Чанде пеш мо як гурӯҳ омӯзгорони мактаби рақами 52-юми ноҳияи Сариосиё баҳри зиёрати қадамҷои донишманди бузург ба он ҷо сафар намудем. Ростӣ, он ҷо рафта зиёратгоҳи ободи дорои ҳама гуна шароити мусоидро бо чашмони худ дида хурсанд гардидем. Назар ба нақли сокинони ин деҳа, ҳанӯз 300 сол пеш аз ин бо ташаббуси Сӯфӣ Оллоҳёр дар ин мавзеъ нахустин масҷид (соли 1713) бунёд гардида будааст, ки ҳоло ҳам мавҷуд мебошад. Худи Сӯфӣ Оллоҳёр аз Қорабулоқ, ки чашмае фаввора мезадааст, оби нӯшокӣ оварда будааст, ки имрӯзҳо тавассути қубурҳо ҳам ҷорист. Инчунин, дар саҳни масҷид дарахте мавҷуд аст, ки таърихи 300-сола дорад.
Хулоса, ин зиёратгоҳи серфайз имрӯзҳо як маскани ободу дилнишине гаштааст, ки сайр ва зиёрат намудан дар он ҷо кори савобу пурхайр аст.
С.МИРЗО.
Вилояти СУРХОНДАРЁ.