ДАР ЗОДГОҲИ АЙНӢ

Барои муносиб пешвоз гирифтани зодрӯзи устод С.Айнӣ мо бо як гурӯҳ намояндагони факултаи филологияи ӯзбек таҳти раҳбарии декани факулта Дилшод Раҷабов ва муовини декан Нодир Рӯзиев роҳи зодгоҳи устодро пеш гирифтем.

Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Низ н-омӯзад зи ҳеч омӯзгор. Барои муносиб пешвоз гирифтани зодрӯзи устод С.Айнӣ мо бо як гурӯҳ намояндагони факултаи филологияи ӯзбек таҳти раҳбарии декани факулта Дилшод Раҷабов ва муовини декан Нодир Рӯзиев роҳи зодгоҳи устодро пеш гирифтем. Аз шаҳри Бухорои Шариф берун шудем, ҳавои салқини баҳорӣ ва табиати сабзу хуррами он ба инсонҳо ҳаловат мебахшид. Атроф ҳама сабзу хуррам, деҳқонон дар боғу роғ ва полизҳои худ меҳнат мекарданд, ки ин табиати зебоманзараро боз ҳам зеботар мекард. Ба хотирам аҳволи деҳқонони замони нависанда омад, ки дар романи “Ғуломон”, аз сабаби замин надоштанашон меҳнати бесамар насибашон гардида буд.
Баъд аз як-якуним соат роҳ рафтан ба маҳаллаи Саидкент расидем ва аз кӯчаи Таги Қӯрғон гузашта, ба кӯчаи Садриддин Айнӣ даромадем. Соати даҳи рӯз ба зодгоҳи устод Айнӣ расидем. Роҳбари гурӯҳ дар ҳавлӣ-осорхонаи устод Айнӣ аз ҳаёт ва фаъолияти ӯ сухан ронд.
Устод Айнӣ ҳамчун адиб, олим, забоншинос, омӯзгор ва инсони комил тамоми ҳастии худро фидои халқу миллат кард ва дар саводнок гардонидани насли наврас камари ҳиммат баст. Ба қавли устод Бозор Собир:
Умри Айнӣ аз барои 
халқ сарфи хома шуд,
Халқи моро дафтари 
Айнӣ шаҳодатнома шуд.
Ҳамин ҳангом Робияхола ном пиразане омад ва баъд аз салому пурсишҳо мо дохили осорхона шудем. Дар осорхона суратҳои устод Айнӣ ва бародарону устодони ӯ ба девор часпонда шуда буданд. Рӯ ба рӯйи дари даромад сурати Айнӣ бар матоъи сурх кашида ва дар тарафи рост сурати писари устод Камол Айнӣ ба назар мерасид. Дар шифти осорхона мисраи зерин бо хати арабиасоси форсӣ навишта шуда буд:
«Ба соли мурғ ин айвон 
бино шуд».
Дар рӯйи миз асарҳои нависанда, аз ҷумла “Мактаби кӯҳна”, “Марги судхӯр”, “Таҳзиб-ус-сибён”, “Ёддоштҳо”, “Ғуломон”, “Ятим”, “Одина” ва якчанд асари дигар, ки дар бораи Устод Айнӣ навишта шуда буданд, ба назар менамуд. Яке аз ин асарҳо “Соктаренинг фидоий фарзандлари” ном дошта, муаллифи он асар Зуҳро Ҳамроева буд.
Робияхола аз ҳаёту фаъолият ва зиндагии сахти адиб сухан карда, сабабҳои 75 дарраи амирро ба мо – донишҷӯён фаҳмонд. Аксари ин маълумотҳо иқтибос аз асарҳои нависанда буд.  Воқеаи даррахӯрии устодро адиби бузург Муҳаммад Шариф Садри Зиё дар асари “Рӯзномаи Шарифҷон Махдуми Садри Зиё” чунин шарҳ додааст:
“Бародари муҳтарамам Садриддинхоҷа Ғиждувонии Айнитахаллусро... аз мадрасаи Кӯкалдош ба ҳоли аҷибе оварда, ба дарвозаи Арки Бухоро бераҳмона ва бешармона амиру вазир ба иқтизои аҳли балво ҳафтоду панҷ чӯб таъзир карданд ва ба яке аз маҳбасҳои он ҷо, ки “Обхона” меномиданд, ба ҳамон ҳол андохтанд”.
Ба қавли худи устод Айнӣ нӯҳуми апрели соли 1917 аскарони рус ба қатори дигар зиндониён устодро ҳам аз зиндон раҳо карда, ба бемористони шаҳри Когон – Бухорои Нав барои табобат оварданд. Дар бемористон Айниро панҷоҳу ду рӯз табобат карданд ва дар натиҷаи бисту панҷ амали ҷарроҳӣ аз марги беамон раҳоӣ ёфт. Дар ҳоли бемору ранҷурӣ устод байти зеринро вирди забон меовард:
Тарсам, ки ман 
бимираму ғам бепадар 
шавад,
Ин тифли нозпарвари 
ман дар ба дар шавад.
Чи хеле ки дар боло гуфтем, ин ғами нозпарвари устод ғаму андӯҳи миллат, ҷабру ситам ба фарҳангу маънавият ва шахсони маърифатпарвар буд. Ин аз ватанпарвариву маърифатпарварии устод дарак медиҳад.
Ба гуфтаи Робияхола аз Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ҳар сол ба зиёрати зодгоҳи Айнӣ меҳмонон меоянд. Ду сол пеш чаҳорумин авлоди Аҳмади Дониш ба зиёрати зодгоҳи устод омадааст.
Бори дигар мо шоҳиди он гардидем, ки нависанда зиндагии сахтро паси сар кардааст, аммо ба ҳамаи ин нигоҳ  накарда барои ислоҳи ҷамъият ҳаракатҳои ҷадиди худро амалӣ намуда, дар роҳи таълиму тарбияи насли наврас чандин китоби дарсиву тадқиқоти илмӣ ва адабиро навишт. Аз ин дидгоҳ ҳаёту эҷодиёти устод Садриддин Айнӣ барои мо – ҷавонон бояд намунаи ибрат ва дастурамали зиндагӣ бошад.
  
Муҳаммадамин ҶӮРАЕВ, 
донишҷӯи курси дуюми шуъбаи тоҷикии факултаи филологияи 
Донишгоҳи давлатии Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: