ДАР ЗОДГОҲИ УСТОД ДЕҲОТӢ

Яке аз сутунҳои адабиёти муосири тоҷик устод Абдусалом Пирмуҳаммадзода Деҳотист, ки аз худ осори арзишманд боқӣ гузоштааст.

Яке аз сутунҳои адабиёти муосири тоҷик устод Абдусалом Пирмуҳаммадзода Деҳотист, ки аз худ осори арзишманд боқӣ гузоштааст. Алҳол 110-солагии ӯро на танҳо дар Ӯзбекистону Тоҷикистон, балки дар шаҳру ноҳияҳои дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ таҷлил мекунанд. Мо ба ҳамин муносибат аз хонадони устод, ки дар маҳаллаи Боғимайдони шаҳри Самарқанд воқеъ аст, боздид ба амал овардем. 
Ҳангоми сафар ба кӯчаи марказии гузар диққати моро лавҳачаҳои болои дарвозаҳо ба худ кашиданд, ки ҷо-ҷо ба забони русӣ «ул. А.Дехоти» ва рақами хона сабт ёфта буд. Роҳбалади мо – раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳалла Тошпӯлод Раҳматуллоев аз нигоҳамон рамуз гирифта, фаҳмонд, ки ба сабаби аз ноҳияи Самарқанд ба тасарруфи шаҳр гузаштани мавзеи мазкур кӯча беном мондааст ва на дар ҳама хонадонҳо лавҳача ҳаст.
Саргарми суҳбат ба ҳавлии калон, ки дару дарвозааш боз буд, расидем.
– Ана ҳамин ҳавлии Абдусалом Деҳотӣ аст, ки дар он ҳоло хоҳарзодаҳояшон зиндагӣ мекунанд, – гуфт Тошпӯлодака. 
Соҳибхона акаи Шодӣ моро бо меҳрубонӣ пешвоз гирифтанд. Ғайр аз он кас дар хона боз чанд нафар ҳозир буданд. Баъди салому алейк вориди хонаи калону васеъ шудем.
Болои миз сурату китоб, рӯзномаву маҷаллаҳои рангашон бо мурури замон зардгашта гузошта шуда буданд, ки ба устод Абдусалом Деҳотӣ тааллуқ доштанд.
– Соли 1958 пас аз хатми мактаби миёна назди амакам рафтам, – ҳикоя кард ҷияни шоир – Тӯйчӣ Бобоев. – Дар Душанбешаҳр амакам дасту остин барзада оши самарқандӣ пухтанд.
Сипас, бо маслиҳати он кас ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шудам. Рӯзҳои истироҳат ба корҳои боғбонӣ ва деҳқониашон кӯмак мерасондам. Амакам баробари қалам, каланд ҳам мезаданд.
– Агар тағоям ба Самарқанд оянд, – ба суҳбат ҳамроҳ шуд духтари хоҳари устод Матлуба Саидназарова, – барои мо ид мешуд. Он кас мо, ҷиянҳои 6-7-соларо болои курсӣ шинонда талаб мекарданд, ки шеър хонем. Ман мехондам:
Мавсими сармо гузашт,
Фасли баҳорон расид.
Боди мулоим вазид,
Сабзаи нармак дамид…
Ана баъд тағоям моро ба оғӯш кашида ширинворӣ туҳфа медоданд.
– Ҳарчанд 4-5-сола будам, шеъри «О, баррачеки масти ман»-ро, бо сакта – ба ҷойи ҳарфи «р», «л»  хондам, – ба ёд овард Шодиако ва чанд мисраъро чун дар бачагӣ хонда дод:
О, баллачеки масти ман,
Биё, давон дукул-дукул,
Ҷаву алаф ба дасти ман,
Биё, бихӯл, кумул-кумул...
Рости гап, он лаҳзаҳои нотакрори бачагӣ ва хурсандии муаллифи шеър пеши назарамон омаду табъамон болида гашт. 
– Аз ёддоштҳо медонем, ки тағоям бо модарашон байтбаракбозӣ мекардаанд, – гуфт Раҳима. – Тағоям аз шоирони муосир, модарам аз классикон шеъру ғазал мехондаанд. Ҳамроҳам шоир — Баҳодури Раҳмон аз ин шеъру байтхонӣ ба ваҷд омада изҳор дошт, ки Боғимайдон замини шоирхез, макони эҷодкорон аст. Шоири ҷанговар Ҳабиби Юсуфӣ, адиби тавоно Фазлиддин Муҳаммадиев, нависандаи бачагон Болта Ортиқов ва як зумра ҳофизони номдор зодаи ҳамин макон ҳастанд. Воқеан, ду-се соат чӣ тавр гузашт, нафаҳмида мондем. Ҳикоя ва хотираҳои ширинро аз забони одамони наздики устод Деҳотӣ шунида, симо, рафтору гуфтори ин марди шариф, адиби мӯшикофро, ки бинобар дониши фарогираш ба эътибори устод Садриддин Айнӣ сазовор шуда буд, дубора кашф кардем.
Ба муносибати 110-солагии устоди зиндаёд дар китобхонаи ба номи Пушкин анҷумани бошукӯҳ  низ баргузор шуд  ва иштироки ворисону пасовандони адиби маъруфу маҳбуб барои ҳозирини ин ҷамъомад шарафи бузург гардид.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА.
Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: