ДАРАХТ ДАР ЯК ҶО МЕСАБЗАД

Манзили Норбиапа (ӯро Гулнораойтӣ ҳам меноманд) аз мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 50-уми ноҳияи Деҳнави вилояти Сурхондарё он қадар дур нест.

Манзили Норбиапа (ӯро Гулнораойтӣ ҳам меноманд) аз мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 50-уми ноҳияи Деҳнави вилояти Сурхондарё он қадар дур нест. Ӯ, инак, беш аз чиҳил сол аст, ки ҳар пагоҳӣ масофаи байни ин ду манзилро пиёда тай мекунад. Баъзан раҳораҳ солҳои бачагиву мактабхониаш, ки дар деҳкадаи зебои кӯҳии Оҳалики ноҳияи Самарқанд сипарӣ шудааст ва айёми таҳсил дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд ба номи Садриддин Айниро ба ёд меорад. Аҷаб солҳои беғаму ташвиш буданд, ки бо орзуҳои ширину гуворо чун бод гузашта рафтанд. Замоне, ки дар синфи нӯҳум таҳсил мекард, устоди ҳамадону дардошнояш Абдуҳаниф Шодиев ба онҳо аз фанни забон ва адабиёти тоҷик сабақ медод. Шогирдон дарси ӯро бо шавқу ҳаваси зиёд интизор мешуданд. Устод дар саҳни синфхона гӯё дар кадом як намоишнома нақшеро мебозида бошад, бо як эҳсосоти баланд  дарс мегузашт. Ин усули кору тарзи дарсдиҳӣ шавқу завқи шогирдонро ба фанҳои ӯ дучанд мекарданд. Онҳо суханрониҳои устоди хешро бо диққату эътибори зиёд гӯш карда, ба дарёи андеша фурӯ мерафтанд. Рӯзе мавзӯи дарс ҳаёт ва фаъолияти шоираи ширинсухан Зебуннисо буд. Муаллим Абдуҳаниф Шодиев бо як эҳсосоти баланд ва дарду алам аз ҳаёти ин ситораи тобони боғи адабиёт қисса мекард. Дар бораи рӯзгори талху шӯри шоира гоҳе ба риққат омада ҳикоя менамуд. Мегуфт, ки чӣ гуна Бобуршоҳ пас аз тасарруфи Афғонистон рӯ ба ҷониби Ҳиндустон овард. Дар ин сарзамини афсонавӣ анъанаҳои ниёгони хешро бо чӣ гуна душвориҳову заҳматҳо ҷорӣ кард. Дар дарбори хеш чӣ тарз шоирон, олимон, муаррихон ва соҳибони дигар касбу ҳунарҳоро гирд оварда, онҳоро ба корҳои нек тарғиб намуд. Бисёрии ин олимону эҷодкорон дар сояи адлу марҳамати ин марди хирад кору эҷод карда, дар таърих соҳиби шуҳрати бегазанд шуданд. Ин анъанаи нек баъд аз сари Бобур низ зиёда аз дусад сол идома дошт. Аз ҳамин муҳити маърифатпарвар як гурӯҳ шоирон ба монанди Абдулқодири Бедил, Зебуннисо ва ғайра камол ёфта, адабиёти ғании форсизабононро боз ҳам ғанитар карданд. Зебуннисои шоира, ки парвардаи ин даргоҳи бузург буд, бо ашъори баландаш шуҳрати беандоза пайдо кард. Ӯ дар радифи хубони порсигӯ мавқеи хос дорад. Умуман, устод ҳаёти даврони бобуриёнро дар ин сарзамин бо далелҳои боэътимод ба шогирдони хеш мефаҳмонд. Пасон аз ашъори ноби ин шоираи ширинсухан бо лаҳни гувораву ширин намунаҳо қироат мекард. Ва ҳамин дарсҳои хотирмони устод ба умқи дили Норбии ҷавон ҷо гирифта, ӯро ба олами бемисли шеъру адаб  роҳнамун карданд. Ин таъсирпазирӣ дар дили кӯчаки ӯ як умр хона монд. Аз ҳамин айём дар дили ӯ хоҳиши шеър гуфтан, суханҳои мавзун шунидан пайдо шуд. Баъзан суханҳои мавзунеро рӯйи коғази сафед мекӯчонид. Ва боре ҷуръат пайдо карда, дар ин мавзӯъ ба устоди хеш суҳбат кард, маслиҳат пурсид. Ҳамин шавқу завқи беандоза буд, ки вай пас аз хатми мактаб ба факултаи забон ва адабиёти тоҷикии донишкадаи зикршудаи Самарқанд ҳуҷҷат супурд. Аҷаб давраи тиллоӣ буд ин давр. Дар ин даргоҳ аз устодони донову тавоно, аз ҷумла шодравон С.Аслиддинов, В.Қосимов, С.Иброҳимзода, Б.Насриддинзода, Л.Назарова, Х.Қамариддинов ва ғайра сабақ омӯхт. Норбии ташнаи дониш чун дигар ҳамсабақон дарсҳои устодони хешро хубу аъло азбар мекард. Дар семинару маҳфилҳои адабие, ки дар доираи курс ё факулта баргузор мегардиданд, дар байтбараку сурудхониҳое, ки ҳангоми маъракаи ҷамъоварии пахта дар саҳро ё хобгоҳ ба амал меомаданд, фаъол ширкат меҷуст ва аксаран сазовори таҳсину тавсифи устодону дӯстони ҳамсабақи хеш мегардид. Ҳамин сон чор сол чун хоби ширин гузашту рафт. 
Ӯ солҳои таҳсил дар донишкада бо ҳамсабақаш Султоналӣ Имомалиев, ки аз ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона ва аз ҷумлаи донишҷӯёни пешқадами курс буд, риштаи пайвандӣ бастанд. Баъди хатми донишкада онҳоро, ки аллакай хонадор шуда буданд, бо роҳхат ба ноҳияи Деҳнави вилояти Сурхондарё фиристоданд. Бо кӯмаку ёрии шуъбаи маорифи халқи ноҳия ба ин ду навҷавон манзили зист ҷудо карда шуд. Ҳамин тариқ онҳо дар мактаби миёнаи рақами 50-уми шаҳрчаи Хайробод ба кор оғоз карданд. Дар ин маърифатгоҳ таълим ба ду забон – ӯзбекӣ ва тоҷикӣ буд. Дар синфҳои тоҷикӣ устодон намерасиданд. Ҳарду дар ин муҳити бегона бинобар дониши хубу ахлоқи ҳамидаи худ ба муаллимону шогирдон ва волидайни хонандагони мактаб зуд унс гирифтанд.
Чун ду соли фаъолияти иҷборӣ дар ин даргоҳи маърифат паси сар шуд, барои кори минбаъда бо маъмурияти таълимгоҳ гуфтугӯ карданд. Маъмурият ва аҳли ҷамоаи мактаб намехостанд, ки ин ҷавонони босаводу ҷӯё онҳоро тарк кунанд. Вале онҳо истодагарӣ карда, ба шуъбаи маорифи халқи ноҳия омаданд. Мудир андешамандона гуфт: 
– Оре, муддати хидмати иҷбории дусолаатон поён ёфт. – Шумо ҳақ доред моро тарк гуфта, ба ватани бобоӣ бозгардед. Албатта, кор пайдо мекунед. Вале фаромӯш накунед, ки дарахт дар як ҷо месабзаду бор меоварад. Шумо дар муддати ин ду сол дар дилу дидаи шогирдони худ ҷой гирифтед, ба олами афсонавии онҳо ворид шудед. Дар дилҳои онҳо умеду орзу, шодиву нишот бедор кардед. Акнун худатон бо фаросат қазоват кунед, ки чӣ гуна ин дари меҳру муҳаббатро ба рӯйи онҳо баста меравед. Ман бовар дорам, ки шумо ҳеҷ гоҳ шогирдони хешро дар нимараҳи ҳаёт партофта намеравед, фаъолияти худро дар ҳамин мактаб идома дода, онҳоро дар чорсӯи зиндагӣ роҳбалад мегардед... 
Баъди ин суханони падаронаи мудир муаллимони ҷавон дубора ба мактаби хеш баргаштанд. Аҳли ҷамоаи омӯзгорон аз бозгашти онҳо хеле хурсанд шуданд. Баъдтар маълум шуд, ки директори мактаб аз мудир хоҳиш карда будааст, барои дар мактаб мондани онҳо – ин ҷавонони хушкору хушгуфтор саъй кунад, тадбир ҷӯяд. Шавҳари Норбӣ Султоналӣ Имомалиев соли 1983 дар шуъбаи маорифи халқи ноҳия равишомӯз таъин мегардад. Султоналӣ аз субҳ ба кор мерафту баъзан як поси шаб ба хона бармегашт. Дар таълимгоҳ барои синфҳои тоҷикӣ омӯзгорон намерасиданд. Муаллима Тоҳироваро лозим меомад, ки ба ҷойи ду-се нафар омӯзгор ба шогирдон дарс диҳад. 
Боре дар мактаб маҷлиси падару модарон идома дошт. Мӯйсафеди нуроние боадабона ба аҳли ҷамъомад салом карда, дар курсие нишаст. Чун маҷлис тамом шуд, мӯйсафед аз ҳампаҳлӯяш муаллима Норбӣ Тоҳироваро пурсид. Ҳамкорон муаллимаро ба мӯйсафед муаррифӣ карданд.
Ӯ баъди салом ба омӯзгор рӯ оварда гуфт:
– Духтарам, ман ба шумо гапи муҳиме дорам.
– Ба ҷону дил мешунавам, – бо табассум ҷавоб дод муаллима. 
Мӯйсафед худро шиносонида гуфт, ки ӯ падари шогирди вай – Гулбаҳор Шарифова аст.
– Шуморо Гулбаҳор хеле таърифу тавсиф мекунад. Худо хоҳад, ӯ ҳам хонданашро дар ягон мактаби олӣ идома медиҳад. Мисли шумо омӯзгор мешавам, мегӯяд. Боз мегӯяд, ки шумо имсол баъди анҷоми соли хониш ба шаҳри худ Самарқанд кӯчида мерафтаед. 
Гулбаҳор ғам мехураду агар муаллима раванд, тақдири мо чӣ мешавад, мегӯяд.
– Духтарам, Самарқанд дур бошад ҳам, шумо кай дилатон хоҳад метавонед барои дидорбинии хешу ақрабо биравед. Вале мо чунин имкон надорем, муаллимони дигарро чун шумо аз куҷо меёбем? Мо қариб шаст сол қабл аз ин аз Тоҷикистон – аз музофоти Тоҷикободи ноҳияи Ғарм ба ин ҷо барои кор ба заводи пахтатозакунии Хайробод омада будем. Ҳамин тавр ҳоло дар ин манзил зиёда аз 200 хоҷагӣ тоҷикон маскан доранд. Пештар рафту омад ба Тоҷикистон осон буд. Ҳама мустақил шуду мо беш аз 20-сол рӯйи Ватани бобоии худро надидаем. Дар ин давр чандин хешону қарибон аз олам гузаштанд. Имкон набуд, то дуое дар сари қабрашон хонем. Чӣ илоҷ, замин сахт осмон баланд. Бесабаб мусофир Ватанро хоб мебинад,  намегӯянд. Шумо шукр кунед, ки мисли мо нестед. Кай хоҳед ба Самарқанд меравед. Ман фикр намекунам, касе хотири шуморо озурда бошад. Шумо ба мо азизед. Аз ин рӯ ба ҳеҷ куҷо наравед, дар паҳлӯйи мо бошед. Шумо равед, фарзандони моро кӣ таълим медиҳад? 
Он рӯз суҳбати омӯзгор Норбӣ Тоҳирова бо мӯйсафед хеле тӯлонӣ буд. Ҳар ду дарди дил гуфтанд, аз ҳар дар суҳбат оростанд. 
Ҳамон сол Гулбаҳор – шогирди муаллима дар озмуни вилоятӣ ҷойи сеюмро ба даст оварда, соли дигар ба Донишгоҳи давлатии Тирмиз дохил шуд. Баъдан онро бомуваффақият хатм кард. Ҳоло ҳамроҳи устодаш дар таълиму тарбияи наврасон саҳм мегирад. 
Муаллима банди хаёл буду саломи духтараки қадрасе ӯро ба худ овард. 
– Муаллимаҷон, салом! Ба хонаатон рафта будам. Гуфтанд, ки шумо ба мактаб рафтаед. Пагоҳ тӯйи арӯсиам баргузор мешавад. Шумову ҳамсаратонро ба ин хурсандии хонаводаи мо даъват мекунам. Шуморо бесаброна интизор хоҳам шуд.
– Худо насиб карда бошад, албатта меравам,– ҷавоб дод ӯ. 
Инро гуфту бо шогирдаш хайру хуш карда, қадаммониашро тезонид. Ӯро шогирдонаш интизоранд. Имрӯз онҳо дар мавзӯи “Ватан” иншо менависанд. 
Омӯзгори тоифаи олӣ Норбӣ Тоҳирова, тавре ки дар боло зикр кардем, инак чилу чор сол боз дар маърифатгоҳи рақами 50-уми шаҳраки Хайрободи ноҳияи Деҳнав кору фаъолият дорад. Чилу чор сол – як умри ҷавон. Ӯ дар ин давр ба садҳо шогирдон сабақ дода, онҳоро ба шоҳроҳи ҳаёт гуселонид. Ин мактаб барои ӯ хонаи умеду орзуҳо гаштааст. Омӯзгори хушсалиқа аз он меболад, ки ӯ дар ин маскан роҳи зиндагӣ, бахту иқболи хешро дарёфт. Ин лаҳза боз ҳамон гуфтаҳои мудири шуъбаи маорифи халқи  ноҳия, ки чилу ду сол муқаддам ба ӯ ва ҳамсараш изҳор дошта буд, ба ёдаш омаданд. “Дарахт дар як ҷо месабзад ва бор меорад”. Чӣ қадар пандомез аст, ин мақоли халқӣ. Ӯ дар ин ҷо бо шавҳари  меҳрубонаш Султоналӣ Имомалиев соҳиби як духтар – Таҳмина, ду писар – Ҷаҳонгиру Шерзод шуд, онҳоро хубу нек ба камол расонида, хонадор кард ва ҳоло дар оғӯши наберагон худро момои хушбахт мебинад. Фарзандон низ дар зиндагӣ роҳи мунаввари ҳаёти хешро дарёфтаанд. 

Нуралӣ РАҶАБ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: