ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН...

Дуруст гуфтаанд, ки умри инсон чун оби ҷӯй мегузараду худ дар ғафлат мемонад.

Яке аз рӯзҳои тобистони гузашта телефони дастиам занг зад. Рақам ношинос буд. 
Оҳиста «ало», гуфтам.
– Ало, Коммуна, ин шумо?
– Бале, – ҷавоб додам.
– Ман Абдулло, аз Сариосиё, ҳамкурси шумо. Ёд доред?
– Оре, оре. Ассалому алайкум...
Баъди ҳолпурсӣ хабар доданд, ки соли оянда, яъне соли равон 40-солагии хатми донишгоҳро қайд хоҳем кард. Омодагӣ гиред.
– Кош, чунин рӯз насибамон гардад, – гӯён телефонро рӯйи миз гузоштам ва аз ҷевони китоб албоми солҳои донишҷӯиро гирифта, як-як варақ задам, давраҳои донишомӯзӣ ва таълиму тарбияи устодон чун навори кино аз пеши назарам гузашт.
Охири моҳи июл боз як шарикдарси  давраи донишомӯзӣ – Эркин Мавлонов аз Самарқанд занг зад ва мо се нафар аз Ӯзбекистон сӯйи Тоҷикистон роҳсипар гардидем. Чунин шод будем, ки ҳадду канор надошт. Раҳораҳ ба Президент Шавкат Мирзиёев ва Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос мекардем, ки риштаҳои дӯстиву бародарии ба гусастан наздикшудаи халқҳои аз азал дӯстро ба ҳам пайвастанд.
Аз гузаргоҳҳо, мисле ки ба хонаи худ мерафта бошем, бе озору мамониат гузаштем.
Дар вурудгоҳ симои пешвои ду миллат, ки аз чеҳраҳояшон нур меборид, ба назар мерасид. Гӯё онҳо меҳмононро хайрамақдам мегуфтанд. Дар паҳлӯи акси онҳо байти шоири бузурги тоҷик Мирзо Турсунзода ба дилҳо гармӣ мебахшид:
Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир,
Расми хуби тоҷиконро гум макун.
Шаҳри Душанбе назар ба давраи донишомӯзии мо боз ҳам зеботар, дилработар гардидааст. Биноҳои бисёрошёна, муҷассамаҳои бузургони миллати тоҷик ба шукӯҳи пойтахти Тоҷикистон афзудаанд.
Мизбонон моро бо як олам меҳру муҳаббат пешвоз гирифтанд.
Чил сол қариб умри як инсон аст. Мо аз сурату суҳбати якдигар сер намешудем. Беҳтарин лаҳзаҳои «давраи тиллоӣ»-ро ба ёд меовардем...
Дар рафти вохӯрӣ ҷойҳои таърихӣ ва хиёбонҳову боғҳои истироҳатии Душанберо тамошо кардем. Илоҳо дӯстии ду халқ абадӣ бошад, равуои пайвандон ҳеч гоҳ канда нашавад!  
Сафар ба охир мерасиду дил аз ҳамсабақони овони донишҷӯӣ ва шаҳри биҳиштосои Душанбе, ки беҳтарин даврони зиндагиамон он ҷо гузаштааст, ҷудо шудан намехост.
Ҳамкурсон қарор додем, ки соли оянда дар Самарқанди бостонӣ вомехӯрем. Ҳамон рӯз ба ҳамаамон насиб гардад.
Ёвари дардошно,
Бар диёри мо биё.
Мешавад қасри забарҷад,
Дӯст ояд хонаи мо.
Ҳақ бар ҷониби шоири бузурги форс-тоҷик Ҳофизи Шерозӣ, ки фармудааст:
Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.
Коми мо он рӯзҳо аз меваҳои шаҳдбори дӯстӣ ширин шуда буд.

Коммуна БОБОЕВА,
деҳаи Нанайи 
ноҳияи Бӯстонлиқи 
вилояти Тошканд. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: