«ДАРАХТИ ДӮСТӢ» – ДАР САМАРҚАНД

Бо ташаббус ва дастгирии ташкилоти бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО дар назди бинои наву муҳташами Донишгоҳи давлатии байналхалқии «Роҳи бузурги абрешим»-и Самарқанд муҷассамаи «Дарахти дӯстӣ» қад афрохт.

Бо ҳамин муносибат анҷумани бошукӯҳ баргузор гардид, ки дар он аҳли қалам, ҳайкалтарошу меъморон, меҳмону мизбонон, вакилони расонаҳои ахбори оммавӣ, талабагони мактабҳои олӣ, роҳбарони мақомоти давлатӣ ва дигарон ширкат варзиданд.
Ҷонишини Сарвазир, вазири туризм ва мероси фарҳангӣ А. Абдуҳакимов риштаи суханро ба ҷонишини директори ЮНЕСКО Стефания  Ҷонино дод. Вай иброз дошт, ки бо сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Шавкат Мирзиёев риштаи дӯстӣ бо мамлакатҳои ҷаҳон сол то сол мустаҳкам мешаванд. Ана барои чӣ дар Осиёи Марказӣ бори нахуст маҳз дар чорроҳаи тамаддуни Шарқ – Самарқанди бостонӣ муҷассамаи «Дарахти дӯстӣ» гузошта мешавад.
Инчунин дар тадбир ҳайкалтарош, вазири фарҳанги ЮНЕСКО Ходвар Серр иброз дошт, ки барои ӯ тайёр кардани муҷассамаи «Дарахти дӯстӣ» шарафи бузург аст.
– Қабл аз ин камина дар 12 мамлакати ҷаҳон, аз он ҷумла  Юнон, Исроил, Амрико, Олмон, Фаластин ва ғайра чунин ҳайкалҳои ифодагари тараннуми дӯстии халқҳоро бунёд кардаам. Навбат ба Мексика омад ва соли оянда хоҳем гузошт.
Меҳмонон аз Фаронса, Олмон, Италия ва дигар кишварҳо, ки дар чорабинии мазкур ширкат варзиданд, муҷассамаҳои осорхонаи Донишгоҳи байналхалқии «Роҳи бузурги абрешим»-ро низ тамошо карданд.
– Маҳз дар Самарқанд гузошта шудани муҷассамаи «Дарахти дӯстӣ» бесабаб нест, – гуфт ҷонишини ҳокими вилоят оид ба масъалаҳои сайёҳӣ ва мероси фарҳангӣ Рустам Қобилов, – зеро дар шаҳри мо анҷуманҳои бонуфузи гуногун мегузаранд ва шуҳрати он афзоиш меёбад. Чанде пеш гузаштани маҷлиси Ҳамкории Шанхай, ҷамъомади сарони давлатҳои Созмони кишварҳои туркӣ ва ғайра далели фикри ман мебошанд.
Шоири ширинкалому хушбаёни форсу тоҷик Ҳофизи Шерозӣ таъкид мекунад:
Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» 
дар вилояти Самарқанд.
Сурати ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: