ДАРАХТИ ПУРБОР

МЕРОСИ ПАДАР ХОҲӢ, ИЛМИ ПАДАР ОМӮЗ!

Дебоча

Дар Ҷумҳурии бародарии Тоҷикистон олими маъруфи морфологияи эксперименталӣ, доктори илмҳои тиб, академики Академияи педагогӣ ва иҷтимоии Русия, Арбоби шоистаи илму техникаи ҷумҳурӣ Фозил Абдураҳмоновро бо  бештар аз 170 адад асар, китобҳояш, дарсҳои пурҳикмату хотирнишинаш, бо  садҳо шогирдони хубу сара,  корҳои хайр ва албатта, бо фарзандонаш, ки  ҳоло корҳои шоистаи ӯро идома медиҳанд, хеле хуб мешиносанд. 
Ин пири хирадманд дар остонаи 90-солагӣ (5-уми декабри соли 1930 дар шаҳри Конибодом чашм ба дунё кушодааст)  низ дар ҳаёти илмию иҷтимоии Тоҷикистон фаъол иштирок менамояд, ба донишҷӯёни Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон  ба номи Абӯалӣ ибни Сино дарс мегӯяд. Китобҳои дарсӣ ва мақолаҳои илмиаш мунтазам нашр мешаванд. Ҳафт нафар таҳти роҳнамоии вай рисолаҳои номзадию докториашонро ҳимоя кардаанд...
Бо як сухан ӯ ба дарахти пурборе шабоҳат дорад, ки  шохаҳои он меваҳои пуршаҳду шакар медиҳанд. Фарзанди  нахустини ӯ Раънохон  Корманди шоистаи ҳифзи тандурустии ҷумҳурӣ аст, вай дар Тошканд оид ба  яке аз соҳаҳои муҳими асабшиносӣ рисолаи номзадиро ҳимоя карда буд. Чанд сол  ба сифати Вазири ҳифзи сиҳҳати Тоҷикистон кор кард. Ҳамсари меҳрубони академик Нарзиапа (рӯҳашон шод бод!) беш аз 30 сол дар яке аз шифохонаҳои Душанбе ҳамшираи тиббӣ буданд.  Фарзанди дигараш Ҳасанҷон — пизишки дандон. Додараш Усмонҷон солҳои зиёд  мудири шӯъбаи эҳёи шаҳри Конибодом буд. Ҳоло писараш Исломбек пас аз хатми бомуваффақияти  факултаи тиббии Донишгоҳи Хуҷанд дар хидмати мардум аст. Мудири шуъбаи урологӣ мебошад. Ин рӯихатро боз давом додан мумкин. Алғараз, Абдураҳмоновҳои табиб зиёданд. 

Ҳиссае аз қисса

Мо дар ин мақола дар бораи фарзанди дуюми ин хонаводаи шифокорон, зиндагиномаи барандаи медали «Шуҳрат», дотсенти кафедраи онкологияи Донишкадаи такмили ихтисоси духтурони  шаҳри Тошканд Комилҷон Абдураҳмонов  мехоҳем мухтасар ҳикоя кунем. 
Ӯ дар Душанбе таваллуд ёфта, соли 1982 донишкадаи тиббии Тоҷикистонро хатм кардааст. Падараш профессори номӣ, мудири кафедраи донишкада албатта, метавонист  кори фарзандашро осон кунад, ӯро пеши худ ба кор гирад. Аммо инсоне, ки овони ҷавонӣ худаш роҳашро интихоб карда буд, ба  кадом роҳ рафтани писарашро ба райъи вай гузошт.  Вале ғайр аз падари меҳрубону дар айни вақт сахтгир  устодоне мисли академикҳо Комил Тоҷиев ва Бахтиёр Аҳмедов, профессор Дилшод Зикриёхӯҷаев ҳам буданд, ки ба истеъдоди Комилҷони ҷавон  «ташхиси дуруст» монданд, ӯро бо назардошти  дониши баландаш ва тақозои  ҷараёни тиббиёти замон ба  амиқ омӯхтани ҷарроҳии  бемориҳои саратон (рак) ҳидоят карданд.  
Оре, шахсе дар кору зиндагӣ  комёб мешавад, ки касбашро дуруст интихоб карда бошад. Зеро, пирони рӯзгордида гуфтаанд: касби  саҳван интихобшуда аз соҳибаш,  албатта, қасос мегирад!
Комилҷон  дар ин роҳ хато накард. Аз соли 1982 то соли 1990 дар диспансери клиникаи онкологии ҷумҳурӣ ҷарроҳ-онколог, аз соли 1990 то соли 1994 ассистенти кафедраи онкологияи Донишкадаи тиббии Тоҷикистон шуда кор кард, баробари назария аз амалиёти ҷарроҳӣ дониш ва таҷриба андӯхт.  Зеро аз падар зуд-зуд ҳикмати халқии «Илми беамал – занбури беасал»-ро мешунид. Аз ин рӯ, мавзӯи рисолаи номзадиро ҳам тасдиқ намуда, доир ба ташхис ва табобати саратони ғадуди шир  тадқиқотро оғоз кард.
***
... Падараш ҳамчун муовини раиси раёсати Шӯрои мутобиқсозии морфологҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд ҳам «вазн» дорад. Академик Комилҷон Зуфаров, профессорон Носир Аҳмедов,  Раҳим Худойбердиев нисбат ба ин олими тоҷик алалхусус эҳтироми беандоза доштанд. Соли 1995 Комилҷон дар Пажӯҳишгоҳи онкология ва радиологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон рисолаи номзадиашро бомуваффақият ҳимоя намуд. Намояндагони  варзидаи тибби ду кишвар аз  камол ёфтани боз як олими онколог ва ҷарроҳ хушнуд шуда, ӯро табрик  карданд, барои фаъолияти минбаъдааш фотиҳаи нек доданд. 
Инак, қариб чоряк аср мешавад, ки Комилҷон Абдураҳмонов дар  кафедраи онкологияи Донишкадаи такмили ихтисоси духтурони Тошканд кор мекунад. Дар тӯли ин солҳо ба садҳо нафар   онкологҳое, ки аз гӯшаву канори мамлакат омадаанд, асрори ҷарроҳиро меомӯзонад. Баробари омӯзонидан худаш низ меомӯзад.  Даҳҳо рисола ва мақолаҳои илмиаш аз мизи кории мутахассисон ва шогирдон ҷой гирифтаанд. Вай дар анҷуманҳои онкологҳо, ки дар кишварҳои Австрия, Олмон, Чехия, Русия, Украина баргузор шуда буданд, бо маърӯзаҳои илмиаш ширкат варзидааст. Аз ин рӯ, соли 2007 ба ӯ унвони дотсентро доданд. Имрӯз вай  ҷарроҳи тоифаи олист. Бо теғаш ба дарди инсонҳо марҳам мебахшад. Узви ESMO  ва  INFNOS  барин ассотсиатсияҳои байналмилалии онкологҳо мебошад. 
Духтури мамологи  шуъбаи  Маркази  илмию амалии ихтисосии онкология ва радиологияи ҷумҳурӣ дар Намангон Ёқутхон Сайфуллоев мегӯяд:
— Комилҷон Фозилович ҷарроҳи дасташон хеле сабук. Ман шаш моҳ дар ҳузури устод  таҷриба омӯхтам. Асрорашро намедонаму бо ӯ  кор кардан хеле осон. Дар бобати донишу таҷрибаашон ҳоҷати баҳс нест. Муносибати самимии эшон ба атрофиён, хусусан ба беморон муҳитро фораму гуворо месозад. 
Оре, дар  соҳаи тиббиёт маданияти муомила ба беморон аҳамияти калон дорад.  Корманди идораи кадастри ноҳияи Янгийӯли вилояти Тошканд Мавлудахон Соҳибназарова ҳам аз саратони ғадуди шир дар азият буд.
— Ба чандин духтурон муроҷиат кардам. Рости гап, аз зиндагӣ дилам сард шуд. Умедамро кандам. Худоро шукр, ки  маро бо Комилҷонако рӯ ба рӯ кард. Ӯ фақат ҷарроҳ не, балки соҳиби донишу таҷрибаи  бой, педагог ва психолог ҳам будааст.  Ман ба шарофати истеъдод ва муомилаи неку нарми ӯ муолиҷа ёфтам. Ҳамеша дуояшон мекунам.
Бале, Комилҷон Абдураҳмонов дар тӯли чоряк аср худаш намедонад, ки   ба  дарди чӣ қадар беморон дармон бахшида, дуои мардумро гирифтааст. Аммо ӯ аз як иллат  ҳамеша бо алам ҳарф мезанад:
— Ҳақиқати оддӣ: пешгирии касалӣ аз муолиҷааш  (хусусан бемориҳои саратон) осон аст. Мо бояд дар байни мардум маданияти саломатиро тарғиб кунем. Лоақал дар як сол як бор аз назорати духтурон гузарем.
Боз илова менамояд: саратон поёни умр нест. Муолиҷа дорад, хусусан дар ин замони пешрафти тиб агар  «илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ» карда шавад. 
— Баъди қабули қарори Президенти мамлакат  «Дар бораи чораҳои минбаъд инкишоф додани хидмати онкологӣ ва такмил додани хидматрасонии онкологӣ ба аҳолӣ дар солҳои 2017-2021» ба соҳа эътибору ғамхорӣ зиёд шуд, — бо мамнуният  мегӯяд доктори илмҳои тиб, онкологи маъруф, профессор Мирҷалол Ҷӯраев. — Асбобу ускунаҳои муосири тиббии онкологӣ аз хориҷа  оварда мешаванд. Пойгоҳи моддию техникии соҳа такмил меёбад. Агар мутахассисони донишманд ва соҳибтаҷриба мисли Комилҷон Абдураҳмонов дар сари кор бошанд, ин ҳама натиҷа хоҳад дод. Ман ӯро ҳамчун донандаи соҳа эҳтиром ва эътироф мекунам. 

Ба ҷойи хотима

Барои кори сермаҳсули  ҳар як мард омили оилавӣ низ нақши муҳим дорад. Дар ин бобат низ Комилҷон марди хушбахт аст. Ҳамсараш Азизахон Каримовна зодаву парвардаи як хонаводаи рӯшанфикр аст. Чандин  забони хориҷиро медонад, имрӯз  мутобиқсозандаи лоиҳаи аврупоии «Эразмус+» дар Ӯзбекистон мебошад. Онҳо  ду фарзанди нек – Далер ва Зеборо тарбия карданд, ки ҳоло дар ташкилотҳои бонуфузи  Аврупо кор мекунанд. Набераҳои ширинашон дар атрофи онҳо парвонаанд. Комилҷон, азбаски  «диле дорад суханпазир, сухане дорад дилпазир»   шахси давраорост. Ҳамеша узви фаъоли Маркази фарҳанги тоҷикон, муштарии «Овози тоҷик» аст. 
Дар давраи ӯ  доимо  инсонҳои равшанзамир, мисли генерал-майори  мустафъӣ Абдуллоҷонака Ортиқбоев, профессор Мирҷалол  Ҷӯраев ва дигаронро мебинем. Сӯҳбати онҳо бештар дар бораи илму маърифат аст. Ва, албатта, дар ин мавридҳо Комилҷон аз ҳикмати падараш оид ба хоксорӣ, илму адабомӯзӣ, хайрхоҳӣ ва ҳоказо сухан мекушояд, аз тариқи телефон қиблагоҳашро  аз Душанбе ба сӯҳбати дӯстони тошкандӣ мекашад...
Ин аст зиннату мазмун ва ҳосили умри шастсолаи як марди фозил ва духтури комил!  Дарахти зиндагиаш пурбортар бод!
    
Шоқаҳҳори МУҲАББАТЗОД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: