ДАРАҶАИ БАЛАНДИ ТАЙЁРИИ АҲОЛӢ БАРОИ ИШТИРОК ДАР ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ОШКОР ШУД

24 октябри соли 2021 интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мегардад.

24 октябри соли 2021 интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мегардад. Ин ҳодисаи муҳими ҷамъиятиву сиёсӣ дар ҳаёти давлат ва ҷамъият баҳри рушди минбаъдаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвари мо дар солҳои наздик аҳамияти бузург дорад.
Дар давраи аз моҳи май то октябри соли равон Маркази омӯзиши афкори оммавии ҷумҳурӣ «Ижтимоий фикр» тадқиқоти маҷмӯии иҷтимоӣ, ки пурсиши афкори умум, татбиқ намудани усулҳои мухталиф, ҳамчунин мониторинги расонаҳои ахбори оммавии электронӣ (веб-сайтҳо)-ро дар асоси усули иҷтимоии контент-таҳлил дар бар мегирад, баргузор кард.
Дар тамоми давраҳои тадқиқоте, ки ба интихоботи пешистодаи Президент бахшида шудаанд, зиёда аз 7800 нафар ӯзбекистониён ширкат ҷустанд.
Тадқиқоти маҷмӯии аз ҷониби Маркази «Ижтимоий фикр» гузаронидашуда, самаранокии чораҳоеро, ки дар Ӯзбекистон тӯли солҳои охир бинобар таъмин сохтани ҳуқуқи шаҳрвандон барои иштирок дар равандҳои сиёсӣ, идораи корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ташаккул додани идораи асосии ҳокимияти давлатӣ – Президенти мамлакат дар пояи равандҳои демократӣ ва комилан мувофиқи талаботи қонунгузории дарамал, ҳамчунин меъёрҳои аз ҷониби умумэътирофшудаи байналхалқӣ татбиқ мешаванд, тасдиқ менамоянд.
Натиҷаҳои пурсиши иҷтимоии баргузоршуда шаҳодат медиҳанд, ки аксарияти  ӯзбекистониён интихоби роҳбари давлатро воқеаи муҳими ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии мамлакат меҳисобанд, зарурати иштирок дар овоздиҳиро дарк менамоянд, ҳамчунин сатҳи баланди хабардории худро аз интихоботи пешистода зоҳир мекунанд.
Рағбат ба ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ ва умуман сиёсат ҷиҳати умдаи идроки сиёсист, ки асоси ташаккул додани огоҳии сиёсӣ, интихоби бошууронаи баргузинии мушаххаси сиёсӣ, ҳамчунин иштироки сиёсӣ дар интихоботи Президентиро ташкил медиҳад.
Мониторинги натиҷаҳои тадқиқоти интихобкунандагон нишон доданд, ки интихоботи пешистодаи Президент ба баланд гардидани дараҷаи қаробати шаҳрвандон ба ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии мамлакат мусоидат менамояд, баробари наздик шудани санаи баргузории он миқдори шаҳрвандоне, ки ба ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии мамлакат рағбат доранд, зиёд мегардад, шумораи иштирокдороне, ки тағйироти дар мамлакат бинобар ин соҳа бамиёномадаистодаро мушоҳида намекунанд, коҳиш меёбад.
Дар ҷараёни пурсиши афкори умум дараҷаи баланди тайёрии аҳолӣ барои  иштирок дар интихоботи пешистодаи Президенти мамлакат ошкор гардид: аксарияти ӯзбекистониён, бинобар эътирофи худи онҳо, омодаанд дар интихоботи пешистодаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намоянд.
Натиҷаҳои пурсиши баргузоргардида имкон доданд рейтинги расонаҳои пешқадами ахбори оммавӣ, ки шаҳрвандон ҷараёни маъракаи пешазинтихоботиро аз тариқи онҳо мушоҳида мекунанд, тартиб дода шавад.
Манбаи серхаридори ахбор дар бораи ҷараёни маъракаи пешазинтихоботӣ барои аксар шаҳрвандони пурсидашуда (новобаста аз синну сол, ҷинс, дараҷаи савод ва соҳаи машғулият) телевизиони давлатӣ ба шумор меравад.
Интернет, ки аз тариқи он, мувофиқи натиҷаҳои пурсиш қисмати зиёди аҳолӣ дар бораи ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии мамлакат ва ҷараёни маъракаи пешазинтихоботӣ маълумот мегиранд, дар мақоми дуюм қарор дорад. Дар ин маврид бояд гуфт, аксарияти пурсидашудагоне, ки интернетро барои дастрас кардани маълумот бинобар ҳаёти дохилии мамлакат истифода мебаранд, домени «uz»-ро аз интернет-домен маъмултарин меҳисобанд. Пурсидашудагон қайд намуданд, ки интернет-нашрия ва сомонаҳои хабарӣ (саҳифаҳо)-и доменҳои «uz» дар бораи ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии мамлакат маълумоти пурраи таъҷилӣ ва воқеӣ медиҳанд.
Тавре ки натиҷаҳои тадқиқоти баргузоршуда собит намуданд, дар афкори умум муҳимияти интихоботи пешистодаи Президенти мамлакат ва зарурати иштироки шахсии шаҳрвандон дар овоздиҳӣ бартарӣ дорад. Бинобар ақидаи 89,2 фоизи шаҳрвандоне, ки бо усули гузориши алоқавӣ пурсида шудаанд ва 87,4 фоизи иштирокдорони пурсиши телефонӣ дар овоздиҳии интихоботи Президент иштирок карданро воқеаи муҳими ҷамъиятиву сиёсии ҳаёти мамлакат, ҷамъият, ҳар кадом шаҳрванд медонанд ва худро ба ҷараёнҳои амиқсозии минбаъдаи ислоҳоти демократӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ҳифзи сулҳу салоҳи мамлакат, бозсозӣ ва озодкунии тамоми соҳаҳои ҳаёт, баланд бардоштани некӯҳолии халқи Ӯзбекистонро алоқаманд меҳисобанд.
Умуман натиҷаҳои пурсиши маҷмӯии афкори оммавии «Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон – 2021» сатҳи баланди кайфияти хуби иҷтимоии шаҳрвандон ва тайёр будани ӯзбекистониёнро барои иштироки фаъол дар маъракаи интихоботӣ бинобар интихоби Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ошкор кард.
Пурсишҳои афкори умум, ки аз ҷониби Маркази «Ижтимоий фикр» баргузор шуданд, имкон доданд, фаъолнокии баланди аҳолӣ дар интихоботи пешистодаи Президенти мамлакат пешбинӣ гардад, зеро ҳангоми анҷоми тамоми давраҳои тадқиқ аксарияти ӯзбекистониён тайёр будани худро барои иштирок дар интихоботи  пешистодаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон – 24 октябри соли 2021 изҳор доштанд.

М. АНИСИМОВА,
бинобар маводи Маркази 
«Ижтимоий фикр» (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: