ДАРАВИ ГАНДУМ – ДАР АВҶ

Деҳқонони ҳимматбаланди ноҳияи Шофиркон имсол дар 6154 гектар майдон бо нияти нек гандум коштанд.

Деҳқонони ҳимматбаланди ноҳияи Шофиркон имсол дар 6154 гектар майдон бо нияти нек гандум коштанд. Онҳо ният доранд, ки соли ҷорӣ истеҳсоли ғалларо ба 47386 тонна расонда, ба давлат 18592 тонна дони хушсифат ва бо мақсади тухмӣ 1100 тонна ғалладонаи навъи олӣ супоранд.
Барои табъи дил гузаронидани мавсими ғалладаравӣ 21 отряди механиконидашуда созмон ёфта, ба ҳар яки он яктогӣ комбайн, 5-тогӣ автомошини боркаш ва кормандони хидматрасон вобаста гардиданд. Ҳамин тариқ дар маъракаи ҳосилғундорӣ 21 комбайн, аз ҷумла 15-то «Кейс», 6-то «Класс доминатор 130» ҷалб карда шуданд. Дар арафаи дарави ҳосил ҳокими ноҳия Шукрулло Ҳакимов ба кормандони ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Шофиркон Агросервис МТП» ва мутасаддиён супоришҳо дода, онҳоро водор намуд, ки мавсимро зуд ва беталаф гузаронанд. 
– Мо мавсимро дар хоҷагии фермерии «Мақсуда Аҳмадовна» оғоз намудем. Дар 28 гектар ғаллазори хоҷагӣ ҳосили фаровон фароҳам омадааст. Дар муддати кӯтоҳ 84 тонна ҳосили шартномавӣ ба давлат супорида шуд. Бо вуҷуди ин дар ихтиёри деҳқонон бештар аз 20 тонна ҳосил монд, – гувоҳӣ дод роҳбари отряди 16-ум Ҳаёт Султонов. 
Бояд таъкид намуд, ки чун анъана ҳудуди Вардонзе бобати ғалладаравӣ дар ноҳия пешқадам аст. Чи хеле ки роҳбари ҳудуд Барака Усмонов моро огоҳ кард, дар ин ҷо аллакай хоҷагиҳои фермерии «Азим – Шофиркон юлдузи», «Исломобод», «Машҳура Норқул», «Вардонзе Баҳром замини», « Азамат Наимович» ва ғайра нақшаи шартномавии худро барзиёд иҷро кардаанд. Дарави ғалла мувофиқи нақша бо суръат идома дорад.

А. АВЕЗОВ, 
мухбири «Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: