Ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Равот» аз деҳоти дурдаст ва наздисарҳадии ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд маҳсуб меёбад.
Аҳолии ин ҳудуд асосан бо кишоварзӣ ва чорводорӣ машғул буда, дар хоҷагиҳои фермерӣ кор мекунанд. Муаммои бекорӣ, хидматрасонии босифати тиббӣ, таъмирталабии роҳҳои хурду бузург, норасоии оби ошомиданӣ ва ғайра барои аҳолии ҳудуд ва ҷамоатҳои ҳамшафати он аз ҷумлаи мушкилоти рӯзмарра мебошанд.
Солҳои охир дар мамлакат бо ташаббуси Президент ва ҳукумати кишвар ғояи «Шаҳрвандон ба мақомоти давлатӣ не, балки мақомоти давлатӣ бояд ба шаҳрвандон хидмат намоянд» амалан татбиқ мегардад. Қабули сайёри роҳбари штаби сектори якум бино ба рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Тошканд, ҳокими вилоят Ғуломҷон Ибрагимов дар коллеҷи касбу ҳунари аграрии ҷамоати номбурда далели ин гуфтаҳост. Субҳи он рӯз дар назди коллеҷ «Поликлиникаи мобилӣ», мошини таҷҳизоти диагностикӣ, ёрии таъҷилии тиббӣ, роҳбарон ва ходимони бонк, марказҳои башуғлфарогирӣ, хидматҳои давлатӣ, қабулхонаи халқӣ дар хидмати аҳолӣ буданд. Ғайр аз сокинони ҳудуд, шаҳрвандони шаҳру ноҳияҳои дигари вилоят низ ба ин ҷо омаданд, то ки ба роҳбарон ва ходимони маъмурият, секторҳо, суд, садоратҳои корҳои дохилӣ, нигаҳдории тандурустӣ, адлия, молия, таълими халқ, андоз ва ғайраи вилоят бо саволҳои худ муроҷиат кунанд, мушкилоташонро бо кӯмаки мутахассисони соҳа ҳаллу фасл намоянд.
– Имрӯз мо маъмурияти вилоят якҷо бо намояндагони хидматҳои гуногун ба хулосае омадем, ки ҳар ҳафта ба деҳаҳои дурдасти вилоят баромада, чунин қабулҳои сайёрро ташкил кунем. Мақсад аз он, муроҷиат ва мушкилоти аҳолиро шунидан, нисбати ҳаллу фасли онҳо ба роҳбарони ташкилоти дахлдор супориш додан нест, балки шаҳрвандони деҳотро тавассути таҷҳизоти замонавии тиббӣ аз назорати амиқи тиббӣ гузарондан, ҳамчунин вазифаи худро дар маҳалҳо иҷро кардани ҳар як роҳбарест, ки ин ҷо ҳузур дорад, – таъкид кард ҳокими вилоят Ғуломҷон Ибрагимов. – Барои сокинони чунин минтақаҳо ба ҳокимияти вилоят рафтан осон нест. Ё баъзан имкон намешавад. Хулоса, бо сабабҳои гуногун онҳо ба чунин вохӯрии деринтизор муваффақ шуда наметавонанд. Воқеан, ин ҳолат дар бисёр ҳокимиятҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят мушоҳида мегардад. Бо назардошти ин мо ҳудудҳои аз ҳама душворро интихоб мекунем. Бешубҳа, ҳама чизро дар як рӯз тағйир додан имконнопазир аст. Муҳим он аст, ки ин ҷараён ба роҳ монда мешавад.
Бояд гуфт, ки дар соли 2018 538 миллиард сӯмина маблағ ба ихтиёри буҷаҳои маҳаллӣ вогузошта шуд, ки барои ҳаллу фасли мушкилоти ғунгардида воситаи муҳим аст. Чунончӣ, шаш мактаб сохта ба истифода супурда шуд.
Соли гузашта танҳо дар 43 фоизи маҳаллаҳо (аз 1010 маҳалла) ҷинояте ба қайд гирифта нашудааст. Бинобар ҳамин ҳам дар байни вазифаҳое, ки ҳаллу фасли худро тақозо доранд, аз ҷумла дар байни ҷавонон ва бонувон, ҳамчунин мушкилоти ҳамешагӣ, чунончи таъмири роҳ, таъминот бо оби ошомиданӣ, гази табиӣ, барқ боқӣ мемонанд. Бояд таъкид намуд, ки ҳамаи ин масъалаҳо танҳо пас аз ба барномаҳои дахлдор ворид кардани онҳо ва муайян кардани манбаъҳои бо маблағтаъминкунӣ, ҳаллу фасл хоҳанд шуд.
– Дар ин қабули сайёр аз ҷониби аҳолӣ оид ба масъалаҳои гуногуни тиббӣ фикру андешаҳо иброз шуданд, – мегӯяд доктори илмҳои тиб, роҳбари Садорати нигаҳдории тандурустии вилоят Тӯрақул Арзиқулов. – Якҷо бо шифокорони соҳибмалака як қисми онҳоро дар маҳал ҳаллу фасл кардем. Бо дастгоҳи сайёри рентген ташхисҳои биографиро анҷом додем. Ба муроҷиаткунандагон, аз ҷониби мутахассисони соҳа барои табобат дар беморхонаҳои бонуфузи ҷумҳурӣ амри хаттӣ ва роҳхатҳо супурда шуданд.
Истиқоматкунандаи маҳаллаи Қовунчии ноҳияи Янгийӯл Талъат Ҷунашев гуфт, ки вай қабули сайёри ҳокими вилоятро шунида, омадааст, то мушкилоти мавҷудаи маҳалларо ба ҳоким бигӯяд. Назар ба гуфти ӯ, пуле, ки деҳаи Қовунчӣ ва маҳаллаи Дархони ин ноҳияро мепайвандад, ҳолати хароб дорад. Зарур аст, ки пули оҳаниеро, ки дар яке аз каналҳои ноҳия тӯли солҳои зиёд занг зада хобидааст, ба ин ҷо насб кунанд. Ҳамарӯза аз ин пул шаҳрвандони зиёд, аз ҷумла толибилмони мактаб мегузаранд. Албатта, вай аз ин хусус борҳо ба ташкилотҳои дахлдори ноҳия муроҷиат кардааст. Онҳо баҳона пеш меоваранд, ки дар ин кор ризоияти ҳокими вилоят лозим аст. Баъди арзи ӯ ҳоким супориш дод, ки ба номи вай ариза нависам ва ин муаммо рӯзҳои наздик ҳал мешавад.
– Бо ташаббуси Қабулхонаи халқии Президент ва ҳокимияти вилоят баргузор шудани қабули сайёри ҳокимро шунида омада будам. Бо сабаби шароити душвори зиндагӣ аз ҳоким хоҳиш кардам, ки барои соҳиби кор шудан кӯмак расонад, – мегӯяд сокини ноҳия Дилафрӯз Кенҷабоева. – Шукр, ки муроҷиати ман ҳал гардид, аз ҷониби маркази башуғлфарогирӣ ба беморхонаи марказии ноҳияи Бӯка барои кор роҳхат гирифтам.
– Ба мо аз ҷониби Президенти мамлакат манзили истиқоматӣ дода шуд, ки барои ин миннатдории худро иброз медорам. Ҳамчунин, ҳамсарамро, ки ногирои гурӯҳи дуюм мебошад, бо мошини дӯзандагӣ таъмин карданд. Алҳол вай ҳамчун хонакор ба қайд гирифта шуд, – мегӯяд ногирои гурӯҳи 1-ум Музаффар Ҳайдаров. – Мехостам коре ёфта, даромади иловагӣ ба даст орам, то ки барои зиндагӣ ва пардохти маблағи хона истифода барам. Дар қабули сайёр ба саволи худ ҷавоб гирифтам.
Яке аз ғояҳои мавриди зикр, ки дар чорабинӣ таъкид шуд, ин саъю кӯшишест, ки бояд аз ҳарду ҷониб бошад. Яъне дар ҳамҷиҳатӣ метавон ҳама гуна муамморо бартараф намуд. Албатта, давлат мушкилотро ҳаллу фасл мекунад, вале аз сокинон тақозо мегардад, ки тартиботи манзили худро назорат намоянд, зоҳири хонаи хешро мустақилона сафед кунанд, дар ҳавлӣ, ақаллан чаҳор бех ниҳол шинонанд. Он вақт роҳҳо низ симои зебо мегиранд. Пайдост, ки дар ҳудуди тару тоза, ободу осоишта ҷаҳонбинӣ низ тағйир меёбад, кӯшиши беҳтару хубтар зистан ба миён меояд, ки ин омили муҳим мебошад. Ҳоким дар анҷоми қабул изҳор дошт, ки дар арафаи ҷашни Наврӯз, барои санҷидани ҷараёни иҷрои ваъдаҳои додашуда аз ин ҷо боздид ба амал хоҳад овард.
М. МИРМАҲМАДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ТОШКАНД.