ДАРДИ МИЛЛАТ ДАРДИ ӮСТ

Он масъалаҳои муҳим ва рӯзмаррае, ки имрӯз моро сахт ба ташвиш овардааст, дар офаридаҳои иддае аз нависандагон дар перояи бадеӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд, ки яке аз ин қабил адибони ҳассос ва шинохтаи тоҷик Адаш Истад мебошад.

Адаш Истад ҳамчун нависанда нисбати одаму олам, дигаргуниҳои иҷтимоиву фарҳангии замонаш назари хос дорад ва нисбати онҳо бетафовут намебошад. Дард дорад Адаш Истад. Дарди вай дарди миллат аст. Бинобар ин, хоҳ перомуни таърихи дуру наздики тоҷикон, хоҳ дар бораи нокомию беадолатӣ ва бесарусомониҳои имрӯз, хоҳ дар бораи бадахлоқию бемаънавиятӣ ва аз асолати тоҷикӣ дур шудани имрӯзиён асар эҷод намояд, навиштаҳояш бадард буда, мавқеаш низ равшан аст. Адаш Истад оид ба воқеаҳои муҳимми таърихӣ, шахсиятҳои барҷаста, қисмати халқи тоҷик ва адабиёту фарҳанги он, забон ва дигар аносири муқаддасоти миллӣ  очерку мақолаҳои зиёде ба табъ расонидааст. Агар осори бадеии ӯро бо диққат мутолиа намоем, ҳис хоҳем кард, ки ҳамин масъалаҳо имрӯз дар ҷомеа тезутунд баҳс мешаванду дар мақолаҳои Адаш Истад низ мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд ва дар ҳикояҳои ӯ низ ба ин ё он тарз инъикоси бадеии худро ёфтаанд.
Ҳамин чиз ба сабки нависанда низ таъсир гузоштааст. Махсусан дар забони ҳикояҳои Адаш Истад оҳанги публитсистии ҷанговарона эҳсос мешавад. Он хусусиятҳое, ки иҷмолан арз кардем, дар маҷмӯаи афсонаҳои «Чароғи сеҳрнок» ва «Ҳикояҳо аз рӯзгори Борбад» низ равшан мушоҳида мешавад.
Гирем маҷмӯаи ҳикояҳои «Чароғи сеҳрнок»-ро. Муаллиф дар асоси образу мундариҷаи афсонаву ривоятҳои қадимаи халқӣ қиссаву ҳикояҳои аҷибу хонданӣ офаридааст. Адаш Истад афсонаҳоро танҳо аз диди имрӯз нақл намекунад, балки онро аз нигоҳи дунёфаҳмии худ ҳазм карда, хулосаҳои тамоман нав мебарорад, ки хонанда умедвораш набуд. Дар натиҷа воқеиятҳои ҳикояҳо зоҳиран ба хонанда шинос бошанд ҳам, вале моҳиятан дигаранд, хулосаи нависанда барояш нав ва ғайричашмдошт мебошад. Бинобар ин, ҳикояҳо шавқовар баромада, хонандаи ҷавонро бетафовут намемонанд. Чунончи, кӣ ривоятҳои ҷолибу шурангезро, ки дар онҳо Ҷамшед ҳамчун шоҳи одилу раиятпарвар тасвир ёфтааст, намедонад. Ҷамшед тамоми ҳастии худ, донишу истеъдоди худро ба манфиати халқ ва бақои Эрони бузург нисор кард, ба мардум сохтани олоти ҷангии оҳанин, риштану бофтан, дӯхтани либос, киштиронӣ, пизишкӣ ва ғайраро омӯхт. Вай душмани бадмастӣ, дурӯғгӯӣ, дӯстии қалбакӣ, кинаву адоват ва худпарастӣ буд.
Ҷамшед дар ҳикояи Адаш Истад ояндаи Эронро дар эҷодкорӣ ва заҳмати пурсамари мардум мебинад. Ба андешаи ӯ ҳар фарди эҷодкор офаридгор аст. Ҳамин хоҳишу иқдоми Ҷамшед ба ҳасудони ӯ, бадхоҳони мардуми форсу давлати Эрон нафорид.
Нируҳои аҳриманӣ Заҳҳоки моронро ба сари қудрат оварданд. Муборизаи некиву бадӣ, нуру зиё, донишу ҷаҳолат аз ибтидои ҷомеаи инсонӣ то имрӯз давом дорад. Хунхортарин ва золимтарин қувваҳои аҳриманӣ ҳам амалу рафтор, ботини сиёҳи худро бо суханҳои авомфиребона рӯпӯш карданӣ мешаванд. Заҳҳок низ ба халқ муроҷиат карда арз мекунад, ки ман ба шумо озодӣ овардам. Ҷамшеди додварро ҷаллод, хунхор, нопок, худобехабар меномад. Оммаи гумроҳ ва фиребхӯрда, ҳатто, дар лаҳзаи қатли фоҷиавии Ҷамшед хомӯш, бетараф мемонад. Нисбати сарнавишти Ҷамшеди адолатпеша, ки ба раияташ ҳама чизи барои зиндагӣ лозимро омӯзонду муҳайё сохт, онҳоро ҳамчун инсон ба худашон шиносонд, ҳатто мехост ба дараҷаи офаридгор бардорад, хомӯш мондан муродифи хиёнат ба худу миллат ва давлати Эрон аст. Зеро онҳо бо бетарафии худ на танҳо Эронро ҳазор сол ақиб партофтанд, балки ба сари худ фоҷеа, ҷабру зулми гӯшношунидро оварданд. Дар ҳикояи «Ҷоми Ҷамшед» лавҳае ҳаст, ки Ҷамшед Заҳҳокро аз панҷаи марг наҷот дод. Яъне, ба душмани ҷонии худ некиро раво дид.
Инчунин тамоми умр донишу истеъдоди Ҷамшед ба манфиати кишвару мардум равона шудааст. Яъне, ба ҷуз некӣ ба мардум дигар андешае дар сар надошт. Пас, ҳам душмании Заҳҳок ва ҳам бетарафии мардум – хиёнат дар ин ҷо дар як паллаи мизон аст. Вақте мо ҳикояи «Ҷоми Ҷамшед»-ро мутолиа мекунем, фоҷиаи халқи тоҷик дар тӯли ҳафтод соли ҳокимияти шуравӣ пеши назар меояд, яъне моро табартақсим карда, аз гаҳвораҳои тамаддунамон, аз асолату фарҳангу адабиёт, хати ниёгон маҳрум сохтанд, аммо дар ҳама ҳолат мо хомӯш будем. Ҳоло ки ҳуқуқи сухани худро гуфтан, мавқеи худро муайян карданро дорем, ё аз он ҳуқуқҳо истифода намебарем ва ё ҳанӯз ҳам сиёҳро аз сафед, дӯстро аз душман фарқ карда наметавонем, ба шиорҳои авомфиребонаи ашхоси мансабхоҳи номенклатура ва ваъдаҳои хушку холию бебунёди онҳо фирефта мешавем.
Ривоят ва афсонаҳои халқиро, ки хонанда аз онҳо хуб огоҳ аст, бо диду назари тоза бори дигар мавриди тасвири бадеӣ қарор додан машғулияти басо душвор ва пурмашаққат буда, аз эҷодкор истеъдоду заковати махсус тақозо дорад. Чунонки аз таҳлили як ҳикояи Адаш Истад дидем, образҳои афсонавии ҳаводиси асотирӣ, дунёи ҳайвонот барои баёни матлаб, изҳори фикри асосии адиб, ӯро дар зиндагӣ ором намегузоранд, ҳамчун воситаи қулай хидмат кардааст. Яъне хонанда  тавассути ҳикояҳои Адаш Истад ба афсонаву ривоятҳо бо чашми дигар менигарад, паҳлуи ноаёни онро барои худ кашф мекунад, ба хулосае меояд, ки ҳеҷ умедвораш набуд. Вақте ки Рустам бо камони ҳафтранг пойтахти бохтариён Зараспро аз Аждаҳои одамхӯр озод мекунад, ба офтоб муроҷиаткунон мегӯяд: «Ин силоҳ нерӯи Офтобро дорад ва мабодо ба дасти бадкеше афтад». Офтоб дар ҷавоб: «Ман танҳо ба ту додам, зеро ба ақлу хиради ту бовар доштам». Аз ин муколамаи Рустаму Офтоб имрӯз чиро дар назар доштани муаллиф ва ба хотири чӣ эҷод шудани ҳикояи «Камони Рустам» равшан мешавад. Ё гирем ҳикояи «Зарафшон чӣ хел Зарафшон шуд?»-ро Париҳои обӣ аз баҳри Хазар то саргаҳи дарёи Зарафшон меоянд. Вале вақте ки мардум қад-қади дарё гармобаҳо сохтанду оби ифлосро ба он равона карданд, бар замми ин поруву хасрӯбаҳо мепартофтагӣ шуданд, париҳои обӣ ба якборагӣ ғайб заданд. Ҳангоми мутолиаи ин қабил ҳикояҳо беихтиёр обу ҳавою хоки заҳролуди кишварро тасаввур мекунем, ки ба гуноҳи мансабдорони ғуломи нақша муҳити зист ба дараҷае вайрон шудааст, ки барои зиндагии муътадили мардумонаш душвор гаштааст. Ҳамин тарз ҳикояҳои «Забони мурғони хушхон», «Мурғи бахти Сирдарё», «Самарқанд дар куҷост?», «Овозаи Рустам», «Помир ва фарзандони ӯ», «Тали Барзуя» ва монанди ин хонандаро водор месозад, ки ҳам моҳият ва ҳам аҳамияти ахлоқиву маънавӣ ва иҷтимоии афсонаву ривоятҳоро амиқ дарк намояд ва ҳам ба муҳиту рӯзгори имрӯз бо чашми ибратбин нигарад, дар атрофи масъалаҳои ҳаётӣ андеша намояд.
Ба ин маънӣ, як хусусияти муҳимми эҷодиёти Адаш Истад маърифатандӯзӣ мебошад. Зеро асоси ҳикояҳои нависандаро ривоят ё воқеаҳои афсонавӣ ташкил диҳанд ҳам, ҷамъбастҳои бадеии он аз воқеияти душвору печидаи имрӯз бармеояд.
Бояд гуфт, ки на ҳамаи ҳикояҳо ба эътибори инъикоси ҳақиқати зиндагӣ ва ҷамъбасти бадеӣ дар як пояанд. Дар баъзе ҳикояҳо орзуву хоҳиши нависанда ҳамчун ҳақиқати зиндагӣ (чунончи, дар ҳикояи «Вохӯрии бачаи инсон ва деви ҷаҳонпаҳлавон») тасвир ёфтаанд. Албатта, ба чунин тарзи тасвир нависанда соҳибихтиёр аст. Дар акси ҳол байни ҳақиқати воқеӣ ва ҳақиқати бадеӣ зиддият рух медиҳад. Тасвири вай маҳз тасвири мушаххаси бадеӣ бошад, на воқеӣ, ки дар ҳикоя тамоман хилофи он аст. Дар силсилаи ҳикояҳое, ки олами ҳайвоноту паррандагон инъикос ёфтаанд, («Товуси доно ва хурӯси беақл», «Мӯрчаяки дилсӯз», «Бузаки ҷингилапо», «Шоҳи ҳайвонот») ҳамон ғояи ибратгирӣ ва маърифатандӯзиро идомат додаанд. Одатан дар афсонаҳо ба монанди масалҳо ҳайвонҳо мисли одам рафтору андеша мекунанд, ҳарф мезананд, ҷояш ояд хурсандӣ мекунанд, азоб мекашанд ва ин муҳимтарин хусусияти афсона аст.
Бар замми ин дар афсонаҳои Адаш Истад шакли зоҳир, хулқу атвор, тарзи зиндагии ҳайвонот, ки аз олами онҳо бармеоянд, чунон саҳеҳ ва мӯътамад тасвир шудаанд, ки хонандаи ҷавон на танҳо бисёр чизҳои барояш торикро дониста мегирад, балки якеро аз дигаре фарқ мекунонад. Яъне онҳоро хонанда чунон мебинад, ки дар асл вуҷуд доранд. Дар олами ҳайвонот ҳам бадбинӣ, зиддият ва мубориза барои ҳуқуқи зиндагӣ меравад. Дар ҳикояи «Шоҳи ҳайвонот» мурчаҳо ба иттифоқ шери жаёнро на танҳо аз тахти шоҳӣ сарнагун, балки ӯро маҳв мекунанд. Ва ба ин восита ба шоҳигарии Шеру ақрабои хушомадгӯву тамаллуқкори ӯ хотима дода, худро аз юғи азобу шиканҷа ва мазлумиву беҳуқуқӣ озод менамоянд. Ҳамин тариқа, дар ин қабил ҳикояҳо ҳар дафъа як фикре, ғояе пеш ронда мешавад, ки барои хонандаи хурдсол фавқулода нав аст ва ӯро ҳатман ба андеша водор месозад, ҳисси кунҷковиашро бедор мекунад ё инкишоф медиҳад.
Вақте ки аҳли таҳқиқ аз ҷашни 1400-солагии зодрӯзи хунёгари бузурги форсу тоҷик Борбади Марвазӣ сухан кушоданд, мушкилоти ҳаллаш басе сангин ба миён омад. Чун баъди инқилоб ҳамаро аз асли хеш канда буданд, мисли даҳҳо мутафаккирон, адибону хунёгарон аксар насли имрӯз ва сарони дастгоҳи қудрат аз Борбаду ҳунараш огаҳӣ надоштанд ва ҳатто номашро нашунида буданд. Бинобар ин, вазифаи аввалӣ кӣ будани Борбадро ба худамон шиносондан буд. Ин ба ду роҳ ҷараён дошт. Муҳаққиқон аз рӯзгору ҳунари хунёгарии Борбад мақолаҳо чоп мекарданду шоирону нависандагон образи ӯро дар шеъру ҳикояву песаҳо меофариданд. Ин саъю кӯшиш дар андак вақт самарае дод, ки ҷашн на танҳо бошукӯҳ гузашт, балки ба иди умумихалқии мардуми тоҷик табдил ёфт. Дар ин кори шиносонидани Борбад Адаш Истад низ бо силсилаи ҳикояҳояш саҳм гирифт. Дар вақташ ҳар як ҳикояи Адаш Истад дар матбуот ба таври ҷудогона ба табъ расида буд ва онҳоро ҳамчун ҳикояи ҷудогона қабул карда мехонданд. Вақте ки дар рӯзҳои ҷашн ин ҳикояҳо зери як муқова ба табъ расиданд, ин андешаи мо ботил шуд. Зеро нависанда аз ибтидо силсилаи ҳикояҳоро дар бораи Борбад бо реҷаи муайян, пайванди ботиниву ғоявӣ ба нақша гирифта будааст. Пайванди ботинии ҳикояҳоро мо на танҳо дар умумияти образ, силсилаи воқеаҳо мебинем, балки дар ҳар ҳикоя як хислату афкори Борбад дар пирояи бадеӣ инъикос ёфтааст. Ва хонанда пас аз хондани ҳамаи ҳикояҳо оид ба Борбад тасаввуроти комил ҳосил мекунад. Хонанда равшан дарк мекунад, ки чӣ тавр Борбад тавассути омӯзиш ва мушоҳидаҳои пайваста то ба дараҷаи ҳимоятгару тарғиботгари таълимоти зардуштия, сарвари хунёгарон ва ба «Кишвари нур» расид. Зоҳиран ин ҳикояҳо ба талаботи силсила пурра ҷавоб намедиҳанд. Гӯё танҳо «Ҷасорати Борбад», як ҳадаф, нишон доранд. Агар дар ҳикояҳои «Бозёфт», «Гесӯи Навогар» айёми кӯдакӣ, ҷавонӣ, айёми омӯзишу ҷустуҷӯй, таъйин намудани роҳи худ дар хунёгарӣ, айёми ишқи Борбад бошад, дар «Ҷасорати Борбад» муборизаи ӯ бо қувваҳои аҳриманӣ, рашку ҳасади бадхоҳона инъикос ёфтааст, дар «Умрбод» поёни ҳаёти санъаткор, ҷамъбасти роҳи тайкардаи вай ба тасвир омадааст. Бесабаб нест, ки ин офаридаҳои Адаш Истад дар тарғибу ба худи мо шиносондани Борбад, бедор кардани рӯҳи хештаншиносии тоҷикон аҳамияти хоса касб намуд ва дар миёни хонандагон шуҳрат пайдо кард. Шахсият ва рӯзгори Борбад ғайриодӣ ва фоҷеавист. Дар сарчашмаҳо маълумот дар бораи ин хунёгар бағоят ночиз аст. Дар айни замон азбаски Борбад дар шоҳкориҳои Фирдавсӣ, Низомӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ зикр ёфтааст, дар тасаввуроти имрӯзиён чун шахсияти нимафсонавӣ ба назар мерасад.
Дар ҳикояҳо Адаш Истад на танҳо ба ташаккули шахсият, камол ёфтани истеъдоду маҳорати санъатварии Борбад аҳамияти махсус медиҳад, балки дар лавҳаҳои мушаххаси бадеӣ нишон медиҳад, ки чӣ тавр ӯ обрӯву эътибори ромишгариро баланд бардошт, маҳз ӯ вазифаи иҷтимоии мусиқиро дар ҳаёти мардум муайян кард. Борбад тамоми умр кӯшидааст, ки санъат ба халқ хидмат кунад. Барои ӯ шоҳ ва атрофиёни сарватмандаш «кулӯхҳои зарандуд» буданд, ки ба дарки маъниҳои амиқи оҳангҳои наваш қодир набуданд. Барои ӯ ақаллан як нафар шунавандаи «Зарҳои хоколуд» лозим буд.
Адаш Истад дар ҳикояаш Борбадро чӣ тавр тасаввур ва ба қалам додааст? Дар ҳикояи аввал «Бозёфт» Борбад ҳамчун шахсияти фавқулода намоён мешавад. Дар хурдсолӣ аз падару модар ятим монда, аз худ истеъдоди бемисл зоҳир мекунад, ки мӯбади мӯбадон ба ӯ қоил мешавад ва сарпарастӣ ва тарбияташро ба ӯҳда мегирад. «Ин бача гавҳари ноёб аст», мегӯяд Фаррухрӯз. Минбаъд Борбад тамоми суруду таронаҳои мардумии ноҳияҳои гуногунро аз худ мекунад ва он яке аз сарчашмаҳои ҳунари волои ӯ қарор мегирад.
Аслан Борбад то охири умр аз омӯзиш, сайқал додани ҳунараш даст накашидааст ва тақлидро марги санъаткор медонист (ҳикояҳои «Нолаҳои Мардӯй», «Анӯша, бизӣ», «Булбули навомад»). Дар чанд ҳикоя тасвир мешавад, ки Борбад ҳунари барбатнавозӣ ва овозхониро чунон сайқал дода ба дараҷаи эъҷоз расонд, ки дигарон аз асрори он огоҳ набуданд, шунавандаро дар ҳайрат мегузошт ва мулки дилашро зуд тасхир мекард. Тасхир кардани дилу ҳисси шунаванда мақсаду мароми Борбад буд. Барои Борбад хуб навохтану хондан ҳанӯз тасхири дили шунаванда нест. Вай пайваста ба эҷоди кул ва фавқулода мекӯшад. Вақте ки Борбад мувофиқи нозу карашма, шӯхиҳову ҳаракатҳои хоси Мушкдона оҳанг пайдо карданӣ шуду онро ёфт, муаллиф ҳолати хунёгарро чунин ба тасвир мегирад: «Ӯ зери сояи хавозаи кишмиш нишаста бо шавқу шодӣ тор мезад, абрӯ парронда, китф ҷунбонда ҳаракатҳои рақсӣ менамуд. Гарчанде Мушкдона бо Якдона тамоман наздик омаданд, Борбад ҳанӯз ҳам бо Мушкдонаи хаёлӣ сару кор дошт, чашм пӯшида савори оҳанги худ ким-чӣ хел ҷилваҳо мекард».
Ба мисли ин лавҳа дар дигар лаҳзаҳо низ Борбад ҳангоми эҷоди оҳанги тоза ё ҳангоми хунёгарию ромишгарӣ ба таври табиӣ дар мусиқӣ ҳазм мегашт. Вай нозуктарин ларзиши қалби инсон, эҳсоси қалби ӯро баён мекард. На танҳо худ ба ваҷд меомад, балки дигаронро низ ба чунин эҳсоси олӣ водор месохт. Ҳамин маҳорати эҷодкорӣ Саркаш барин ҳасудонашро сахт тарсонид, ҳаросонд. Аз ин лиҳоз Саркаш тамоми воситаҳоро ба кор бурд, то Саркаш ба дарбори Хусрави Парвиз роҳ наёбад: «Борбад ном ҷавонмарди хунёгарро ба дарбор роҳ надиҳед, одами хуб нест, маккору ҷодугар аст», – мегуфт ӯ. Минбаъд низ Саркаш фурсат  меҷуст, то ки обрӯву нуфузи Борбадро паст занад. Ҳатто боре бо нияти баду ғараз торҳои барбаташро суст кард. Вале азбаски дар тинати Борбади покзод аз бухлу ҳасад нишоне набуд, ҳар дафъа олиҳимматона Саркашро мебахшад ва ҳатто боре аз ғазаби шоҳ ҳимоя кард. Хусрави Парвиз аз рафтори ҷавонмардона ва покдилии Борбад хеле мамнун гашт: «Бори аввал мебинам ҳунарвареро, ки ба рақибаш кине надорад. Ин шояд аз дарёдилӣ ва бузургии хиради ӯст».
Дар ҳикояҳои Адаш Истад як навъ оҳанги фоҷиавии ҳаёту рӯзгори Борбад эҳсос мешавад. Бо вуҷуди истеъдоди модарзодӣ, офаридаҳои оламгираш Борбад озод нест, ба шахси дилхоҳаш ҳуқуқи суруд хонданро надорад. Вале фоҷиаи асосии ӯ танҳоист. Накисои Чангӣ мегӯяд: «Ту ғайри ҳунарат пушту паноҳи дигар надорӣ. Ба ин сабаб пеш аз амале аввал сад бор андеша бикун. Ба ҳар ҷойи ноозмуд қадам нагузор». Вале ба рағми бадхоҳону ҳасудон вай аз оҳангу таронаҳои халқӣ илҳом гирифта, сурудҳои худро ба дараҷаи эъҷоз мерасонд, ки ифодагари рӯҳи халқ, орзуву омоли он буд. Зиёда аз он дар мусиқию таронаҳои ӯ рӯҳи ватанхоҳӣ, қаҳрамонию оштинопазирӣ нисбат ба ситамгорон, аҷнабиён ифода ёфтаанд. Дурӯғ душмани Борбад буд. Бинобар ин Борбад ба Ширӯяи падаркуш хидмат карданро ба худ таҳқир ҳисобид ва ангуштони эъҷозофаринашро бурид ва баъди забти арабҳо ба оини зардуштия хиёнат накард. Зеро ӯ аниқ карда буд, ки суруду мусиқӣ воситаест, ки халқро аз мурдан эмин мегузорад. Барои Борбад ростӣ офтоб аст ва ӯ ба сӯйи олами нур ва покӣ рафту камол ёфт ва ба сафҳаи таърихи тамаддуни халқаш нақши амиқ гузошт.
Ҷӯрахон БАҚОЗОДА

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: