Вафои Эшониён дигар дар байнамон нест. Марги беамон яке аз чеҳраҳои маъруфу маҳбубро аз байнамон рабуд.
Ӯ инсоне буд асил, нурбахши маърифат, пуштибони адолат. Оне ба абадият пайваст, ки роҳнамо, маслиҳатгари беминнат, мураббӣ ва ғамхору меҳрубон, инсони шарифу фариштадил буд. Ҳамеша бо нури донишу хирад, ахлоқи воло, тамкину салобати маънавӣ дидаҳоро пурнур ва дилҳоро пурсурур менамуд. Мавсуф зодаи деҳаи овозадори Чоршанбеи ноҳияи Самарқанд, парвардаи мактаби ҳамин деҳа, таҳсилкардаи Донишгоҳи меъморӣ ва сохтмони Тошканд буд.
Вай аз ҷумлаи фаъолон ва узви раёсати Маркази миллию мадании тоҷикон «Самарқанд» ва аз чеҳраҳои барҷастаи фарҳангӣ ба шумор мерафт.
Дар Самарқанд қад рост кардани пайкараи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ (1996) бо шахсияти ин инсони бузургу барнодил вобастагӣ дорад, ӯ ташаббускори ин иқдом буд.
Қарори деринтизор, аммо сурурангези ҳукумат ба даст омад. Озмун барои тарҳи пайкара эълон гардид. Ғолибон муайян гаштанд. Хазинаи «Рӯдакӣ» таъсис ёфт. Бо қарори раёсати Маркази миллию мадании тоҷикон «Самарқанд» раисии он бар ӯҳдаи олими донишманд Садрӣ Саъдиев вогузошта шуд.
Билохира, 22 марти соли 1996 пайкараи Рӯдакӣ дар майдони Регистони Самарқанд қад афрохт.
Бояд гуфт, ки дар саргаҳи ин ҳама на олим, на адиб ва ё на фарҳангие, балки муҳандисе меистод, ки на номи баланд дошту на мавқеи мустаҳкам. Аммо дурбин буду хушбин ва ғурур дошту ғайрат!
Аз ибтидои солҳои 90-ум хидмати Вафои Эшониён дар болоравии обунаи рӯзномаҳо ва бозшавии синфҳои тоҷикӣ назаррас буд.
Дар «Шоҳномахонӣ»-ҳое, ки дар ҳамкорӣ бо сафорати Эрон дар Ӯзбекистон баргузор мегашт, иштирокдори фаъол буду ҷойҳои сазоворро соҳиб мегашт.
Ба муносибати 1150-солагии Одамушшуаро дар «Овози тоҷик» маводе рӯйи чоп омад, ки ба қалами Вафо Эшониёни муҳандис тааллуқ дошт.
Солҳои дароз вазифаи раиси деҳшӯрои Чоршанберо бар ӯҳда дошт ӯ, асосу услуби нави дар ҳамбастагӣ бо мардум кор карданро гузошт. Тайи чанд соле, ки раиси деҳшӯро буд, мо дар ҳамбастагӣ фаъолият кардаем.
Фаъолияташро бештар баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум идома дод. Маъракаҳои тӯю азоро сабукбору каммасраф гардонид.
Вафои Эшониён, ки аз табори зиёиёни асили деҳа буд, бо самимияту меҳрубонӣ, донишу фазилати баланди инсонӣ ба маҳбуби дили ҳамкорону ҳамдиёрон табдил гардид. Ӯ бо ҳама ҳамдаму дилсӯз ва устоду мураббии меҳрубону раҳнамои рӯзгор буд. Бо қудрати дониш, тамкину бурдборӣ, сухани нек, таҳаммулпазирӣ ва салобати маънавии худ дар дили хурду калон ҷой пайдо кард. Баҳри амалӣ гардидани сиёсати давлатӣ аз сидқи дил саъю талош намуд. Ин буд, ки меҳнатҳои шоистааш аз ҷониби идораву ташкилотҳои гуногун ва ҳукумати ҷумҳурӣ борҳо қадр шудааст. Номбурда шахси комилан беозор, нармгуфтор ва инсондӯст буд. Бо чунин хислатҳои фарзонааш машъалафрӯзи донишу нурафшони одамияту ахлоқ, самимият ва ишқ ба касбу пешаи хизмат ба мардум ва номи баланди инсоният сазовор гардид.
Ин инсони обрӯманд соҳиби 5 фарзанд, 15 набера, ки ҳама соҳиби маълумоти олиянду мактабҳои олии кишвар ва мамлакатҳои хориҷиро хатм карда, дар вазифаҳои баланду мухталифи ҷумҳурӣ ва берун аз он фаъолият мебаранд. Сазовор ба таъкид аст, ки ҳамаи онҳо хатмкунандаи мактабҳои тоҷикӣ.
Аз рӯйи адолат мебуд, агар ягон кӯчаи деҳаро ба номи ин марди шариф номгузорӣ мекарданд. Инчунин, дар мактаби деҳа гӯшае ташкил мекарданд, ки дар соатҳои тарбиявӣ дар бораи эшон маълумот дода шавад, то ки барои донишомӯзон ҳам ифтихор бошаду ҳам омӯзанда.
Ман намегӯям, ки ӯ аз
дори дунё рафтааст,
Ҷойи вай дар дида буд,
акнун ба дилҳо рафтааст.
Амина Шарофиддинова.
Самарқанд.