ДАРХОСТУ МАСЪАЛАҲОИ ҶАВОНОН ШУНИДА ШУД

Дар ноҳияи Сайҳунобод ҳокими вилояти Сирдарё Ғафурҷон Мирзоев бо ҷавонони бекор, писару духтарони маҳаллаҳои ҳудуди сектори шашум, ки дар ҷараёни кор ва таҳсил ба муаммоҳо рӯ ба рӯ шудаанд, вохӯрӣ гузаронд.

Дар ноҳияи Сайҳунобод ҳокими вилояти Сирдарё Ғафурҷон Мирзоев бо ҷавонони бекор, писару духтарони маҳаллаҳои ҳудуди сектори шашум, ки дар ҷараёни кор ва таҳсил ба муаммоҳо рӯ ба рӯ шудаанд, вохӯрӣ гузаронд. 


Дар чорабинӣ, ки бидуни расмиятбозӣ, дар шакли мулоқоти самимона баргузор гардид, қариб 45 муроҷиат ва пешниҳоди ҷавонон шунида шуд. Иштирокдорон асосан доир ба масъалаҳои  таъминоти кор  ва гирифтани вом муроҷиат карданд.
– Ҳоло бекор ҳастам, аммо дар ҳавлии худ барои парвариши 30 сар чорво шароит дорам, – гуфт сокини маҳаллаи Хонаобод Фазлиддин Расулов. – Барои кредит гирифтан 6 моҳ боз ба филиалҳои бонки ноҳияамон муроҷиат мекунам. Аммо мушкилоти ман ҳал намегардид. Имрӯз ҳоким барои ҳалли ин муаммо ба мутасаддиён супориш дод. Ваъда доданд, ки масъала  дар давоми 10 рӯз ҳал мешавад.
– Барои тадбиркориамро васеъ кардан, чор сол инҷониб аз ҳокимият шаш сотих замин мепурсам,  аммо ҳуҷҷатҳоро баҳона карда, муроҷиатамро қабул намекарданд, – гуфт сокини маҳаллаи Берунӣ Фаррух Тошматов. – Ҳокими вилоят  гуфт, ки  ин масъалаҳо ба таври мусбӣ ҳал карда мешавад.
Ғ. Мирзоев мувофиқи масъалаҳои аз ҷониби ҷавонон пешниҳодгардида фикрҳои худро баён кард ва ба ҷавонон тавсия дод, ки  бо соҳибкорӣ машғул шаванд. Ба хоҳишмандон додани вом,  бо кор таъмин намудани 15 нафар ҷавонон зикр гашт.
– Ғайр аз муроҷиатҳои ҳалнашуда, дигар ҳамаи дархосту масъалаҳои ҷавонон  дар давоми 10 рӯз ҳаллу фасл мешаванд.  Агар ягон масъала ҳал нашавад, шумо метавонед тавассути телеграм ба мо хабар фиристед, – гуфт ҳокими вилоят.

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти СИРДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: