ДАРИ ИМКОНИЯТҲО БОЗ ШУД

Имрӯзҳо дар кишварамон сулҳу осоиштагӣ ҳукмфармост.

Ба осмони мусаффо бо  ифтихор нигоҳ мекунаму андеша меронам. Дар чунин мамлакати осоишта зиндагӣ кардан бахт аст.
Ҳа, аз тарафи сарвари давлатамон ба мо ҷавонон  шароиту имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудааст, ки ба натиҷаҳои ноилгардидаи  ҳозираи ҷавонони кишварамон ҷавонони мамлакатҳои дигари дунё бо чашми ҳавас нигоҳ мекунанд.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар бораи Барномаи давлатии «Yoshlar kelajagimiz» аз 27 июни соли ҷорӣ қабул карда шуд. Аз қабул шудани барномаи номбурда, мо ҷавонони ҷумҳурӣ сарбаланд ҳастем. Дар ин ҷода барои мо ҷавонон дари имкониятҳо боз шуд.
Як сол аввал бо ташаббуси Президенти кишвар Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон ташкил шуда буд. Дар тӯли як сол аз тарафи ҷавонони мамлакатамон корҳои васеъмиқёс амалӣ гардиданд.
Бо мақсади рағбатноксозии ҷавонони фаъол ва серғайрат, ки барои ҳама бо меҳнаташон намуна мебошанд, Мукофоти давлатии «Мард ӯғлон» («Фарзанди диловари Ватан») ва медали «Келажак бунёдкори» («Бунёдгари оянда») таъсис дода шудаанд. Ин гуна эътибор ҳар як ҷавонро даъват менамояд, ки болои худ кор кунад, дар ҳама соҳаҳо ташаббускору фаъол бошад. Оё ҳар як ҷавон соҳиби ин мукофот буданро орзу мекунад ва барои ба даст овардани он омодагӣ мегирад?
Дар соҳаи журналистика низ дигаргуниҳои васеъмиқёс рӯй медиҳанд. Бо мақсади ташкил додани низоми тайёркунии кадрҳои замонавии расонаҳои ахбори оммавӣ Донишгоҳи журналистика ва коммуникатсияи оммавии Ӯзбекистон аз соли хониши нави 2018-2019 ба фаъолият шурӯъ мекунад. 
Мо ҷавонон — бунёдкорони оянда, аз чунин шароит ва имкониятҳо самаранок истифода бурда, баробари соҳиби дониши баланд будан, дар кадом касбу соҳа адои вазифа накунем, аз самими қалб меҳнат карда, барои равнақи Ватан саҳми сазовори худро мегузорем.

Нилуфар ҲОМИДОВА,
донишҷӯи факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: