ДАРМОНБАХШИ БЕМОРОН

Ҳамон бегоҳ мошини “Ёрии таъҷилӣ” аз роҳи калон ба тарафи рост тоб хӯрд ва башаст омада, дар назди шуъбаи баҳушоварии шифохонаи марказии ноҳия таваққуф намуд.

Аз он духтури навбатдор Шуҳрат Холбобоев  ҳадаҳа берун шуд ва амр кард, ки беморро ба яке аз утоқҳои ин шуъба хобонанд. Ба пизишки навбатдор Бобооташ Оташев, ки корашро ба фарҷом расонида, мехост ба хона баргардад, фаҳмонд, ки ин бемор алъон ба кӯмаки фаврии тиббӣ ниёз дорад: 
– Беморро то ба ин ҳол афтодан дар хона нигоҳ доштаанд. Боз ба таври худ табобат низ кардаанд, ки дар натиҷа фишори хунаш тамоман поён рафтаву беҳуш шудааст. Мо ба вай кӯмаки аввалияи тиббӣ расонидем ва бемор каме ба худ омад. Ҳатто аз расмӣ кардани варақаи беморӣ сарфи назар кардам, – гуфт  Шуҳрат Холбобоев ва аз пайи расмӣ кардани ҳуҷҷатҳои бемор ба шуъбаи “Ёрии таъҷилӣ” шитофт.
Бобооташ назди бемор даромад ва таппиши дили ӯро санҷид. Сонӣ фишори хунашро чен кард ва эътимод ҳосил намуд, ки фишори хуни бемор аз меъёр поён рафтааст. 
– Гулшода, шумо дарҳол ин доруҳоро омода кунед. Беҳтараш, ҳамон доруҳоро ба маҳлули аскарбинка ва глюкоза илова кунед, то ки фишори хунаш каме ба эътидол ояд. Баъд ба муолиҷаи асосӣ шурӯъ мекунем, – гуфт Бобооташ Оташев ба ҳамшираи шафқати паҳлӯяш.
– Хуб шудааст. Ҳозир доруҳои фармудаатонро омода месозам ва аз пайи рехтани он мешавам, – гуфт ҳамшираи шафқат ва шитобон барои овардани дору рафт.
Бобооташ назди бемор истода, якзайл таппиши дили беморро месанҷид, фишори хунашро чен мекард. Мехост донад, ки сабаби паст рафтани фишори хуни бемор аз чӣ маншаъ гирифтааст. Баъд ба ёдаш зад, ки ин бемор барои машварат ба наздаш омада буд.
Баъди андак фурсат тавассути рагҳои хун ба бемор доруҳои зарурӣ гузаронданд ва ӯ каме ба худ омад, Вале ҳанӯз наметавонист, ки чашмонашро кушояд ва дарк намояд, ки ба вай чӣ шудааст. Фишори хунаш оҳиста ба эътидол омад. 
– Фармудаҳои маро иҷро накардааст. Гуфтам, ки омада як давраи муолиҷаро аз сар гузаронад. Нисбати ба по хезонидани бемор  муолиҷаи пешакӣ самараи хуб медиҳад. Ба ин бемор сигоркашӣ, нӯшидани машруботро комилан манъ карда будам. Аммо “Тарки одат – амри муҳол” гуфта, кори худро кардааст. Акнун вайро лозим меояд, ки муддати дароз дар бемористон бистарӣ бошаду худро дурустакак муолиҷа намояд, – гуфт дубора ба Гулшода Аминҷоноваи ҳамшира рӯй оварда духтур.
– Дар ҳар сурат шумо ҷонашро аз хатар раҳондед. Шояд акнун ба қадри саломатӣ бештар мерасаду худро эҳтиёт мекунад, – ӯро қаноат додан хоста гуфт Дилшода Аминҷонова.
Нимаи рӯзи дигар бемор оҳиста чашмонашро боз кард. Аввал ба шифт нигарист. Шояд бӯйи дору ба димоғаш заду дар куҷо буданашро фаҳмид. Бо вуҷуди ин, рамузгирона ба атроф нигарист. Чашмонаш ба чашмони пизишк бархӯрданд, ки болои каташ рост истода ҳаракатҳои ӯро назора мекард. 
Шояд фаҳмид, ки худсарӣ чӣ оқибатҳои бадеро дар пай доштааст.
– Бубахшед, духтур, ки аз иҷрои фармудаи шумо сарпечӣ кардам. Намедонистам, ки беэътиноӣ ба чӣ оварда мерасонад, – нимғурма гуфт бемор ва акнун дар нигоҳаш аз нигаронӣ дида ҳисси умедворӣ бештар буд.
– Акнун зери назорати духтурон қарор мегиред. Осуда бошед, ҳамааш хуб аст. Фақат сабр мекунед, то ки ба пойи худ хеста ба хона равед, – ба бемор бо нармӣ гуфт Бобооташ Оташев. 
 Ҳамон шабу рӯз Бобооташ Оташев хеле кӯфта гардид. Ба вай тӯли ин муддат ҳамшираи шафқати бемористон Гулшода Аминҷонова дастёру ёвар буд.  Пайвандон аз ба худ омадани беморашон шод шуданд ва дар ҳақи Бобооташ Оташев, пизишкони дигари бемористон ва хоҳарони шафқат ҳарфҳои пур аз меҳру муҳаббат ва самимона арз намуданд.
– Борҳо шудааст, ки шабро дар бемористон рӯз кардаам. Касбу кори мо тақозо менамуд, ки баъзан рӯзҳову ҳафтаҳо аз беморхона берун наравем. Вақте ки як бемор шифо ёфтаву ба хона бармегардад, чӣ қадар одамони зиёд хурсанд мешаванд. Бо вуҷуди он ки мо вазифаамонро иҷро мекунем, онҳо дар ҳаққамон дуоҳои нек мефиристанд. Ҳамшираҳои шафқати шуъбаи баҳушоварӣ Гулшода Аминҷонова, Саида Мамаҷонова ва Маъмура Шарифова низ бо садоқат ба мардум хидмат мекунанд, – мегӯяд  Бобооташ Оташев.
Вай 5 ноябри соли 1959 дар деҳаи Сафедкони ноҳияи Сӯх ба дунё омадааст. Аз хурдӣ ба пешаи духтур меҳр монда буд, барои ҳамин баъди хатми мактаби миёнаи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии тиббии бачагонаи  Тошканд супурд. Баъди хатми он ба зодгоҳаш баргашт ва ба шуъбаи баҳушоварии шифохонаи марказии ноҳия ба кор пазируфта шуд. 
– Бо ташаббуси Бобооташ Қароевич дар бемористони марказии ноҳия шуъбаи махсуси “Ёрии таъҷилӣ” ифтитоҳ ёфт. То нафақабароӣ Оташев ин шуъбаро сарварӣ намуд. Соли 2016 ба муносибати 25-умин солгарди истиқлолияти кишварамон вай ба нишони сарисинагӣ сазовор гардид, – мегӯяд узви Комиссияи назорати пизишкии бемористони марказии ноҳияи Сӯх Амонҷон Фармонов.
Ӯ соҳиби панҷ фарзанд мебошад. Се писари ӯ – Дилшод, Шаҳзод ва Шерзод дар донишгоҳҳо таҳсил кардаанд. Аммо аз байни онҳо  писари миёнааш – Шерзод касби ӯро интихоб кард. Вай Академияи тиббии Тошкандро хатм намуд ва ҳоло дар барқарории саломатии мардум заҳмат мекашад.
– Медонистам, ки духтурӣ кори саҳлу осон нест. Баъзан чанд шабу чанд рӯз мо дидори падарро намедидем. Шабҳо гоҳ-гоҳ вақте меомаданд, ки аллакай мо хуфта будем, боз субҳ ба сари кор ҳозир мешуданд. Хушбахтона, падарам ба хонаводаҳои зиёд шодмониву хурсандӣ ато кардаанд. Зарурат пеш ояд, имрӯзҳо низ бо машварати он кас беморон шифо ёфта мераванд. Ана ҳамин чиз боис гардид, ки ман пайрави касби падар шавам. Ба наздикӣ ба нафақа баромаданд ва корашонро ман идома хоҳам дод, – мегӯяд Шерзод Оташев.
Бобооташ марди вазнин, ботамкин ва хоксор аст. Вақте ки дар  тавсифаш касе лаб кушояд, хиҷолат мешавад ва мегӯяд, ки вай мисли духтурони дигар кори худро ба ҷо меовард. 
Зимни мулоқот аз Бобооташ  пурсидам, ки чӣ дигаргуниҳоеро тайи солҳои охир эҳсос намудааст ва ин дигаргуниҳоро чӣ гуна арзёбӣ мекунад.
– Президенти мамлакат дар ҳақи кормандони муассисаҳои тандурустӣ ғамхориҳои судманд мекунад. Тайи се соли охир  фармону қарорҳо содир гардиданд, ки маҳз ба боло рафтани эътибори ходимони соҳаи тандурустӣ  ва пешрафтҳои кори ин соҳа ихтисос дода шудаанд. Шароити кор хеле беҳтар шудааст ва аз ин ҳол ҳаваси кас бедор мешавад, – мегӯяд Бобооташ Оташев. – Ҳама муассисаҳои тандурустӣ муҷаҳҳаз шуда, биноҳои зебо эъмор мегарданд. Мехостам гӯям, ки ҳар як пизишк бояд аз ин ғамхориҳои беназири сарвари давлат рӯҳбаланд шавад ва беш аз пеш дар роҳи барқарории саломатии одамон камари ҳимматро мустаҳкам баста, ба халқу Ватан бо садоқат хидмат кунад

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: