Аз қадимулайём ҳар як порча замин барои ҳар як хонадон арзишманд буд.
Аз қадимулайём ҳар як порча замин барои ҳар як хонадон арзишманд буд. Зеро он на танҳо ба даромади оила даромад зам мекунад, балки омили муҳими таъмини некӯаҳволии мамлакат мебошад. Аз ин ҷиҳат, аз солҳои аввали истиқлолият ба аҳолӣ ҷудо карда шудани замини наздиҳавлӣ як қарори таърихӣ буд.
Дар тӯли солҳои гузашта қабули қонун, фармон ва қарорҳои муҳим, барномаҳои давлатӣ ва татбиқи иҷрои пайвастаи онҳо ба сифати субъектҳои асосии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ташаккул ва ривоҷ ёфтани хоҷагиҳои фермерӣ, деҳқонӣ ва соҳибони замини наздиҳавлиро таъмин намуд.
Натиҷаи ҳамин аст, ки мамлакат на танҳо зиёда аз 35 миллион аҳолиро бо озуқавории хушсифат таъмин мекунад, балки ба яке аз кишварҳои содиркунандаи озуқаворӣ табдил ёфт.
Суръати афзоиши истеҳсоли озуқаворӣ дар Ӯзбекистон ба ҳисоби миёна 9-10 фоизро ташкил медиҳад. Инчунин ҳаҷми содироти маҳсулот сол аз сол меафзояд.
Дар зарфи 5 соли охир дар кишвар бо суръати тез ривоҷ додан ва диверсификатсияи саноати хӯрокворӣ имкони васеъ намудани базаи ашёи хом ва афзоиши ҳаҷми маҳсулотро фароҳам овард. Аз ҷумла, истеҳсоли меваю сабзавот ва ангур – 1,6, маҳсулоти гӯшт – 1,4, маҳсулоти шир 1,4 баробар афзуд.
Фармон ва қарорҳои муҳиме, ки бо ташаббуси бевоситаи Президент Шавкат Мирзиёев дар марҳилаи нави рушд қабул гардидаанд, ба ислоҳоти минбаъдаи соҳа нигаронида шудаанд.
Аз ҷумла, суръат бахшидан ба ислоҳоти соҳаи хоҷагии қишлоқ дар Стратегияи ҳаракатҳо оид ба панҷ самти рушди устувори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021, аз ҷумла навсозӣ ва рушди босуръати хоҷагии қишлоқ, боз ҳам мустаҳкам намудани амнияти озуқавории кишвар, афзоиши назарраси иқтидори содироти бахши кишоварзӣ яке аз самтҳои асосии ислоҳот дар ин соҳа муайян шудааст.
Ҳамзамон, маҳдуд будани захираҳои замину об, тағирёбии иқлим, офатҳои табиӣ ва афзоиши аҳолӣ масъалаи бехатарии озуқавориро дар тамоми дунё ба муаммои аввалдараҷа табдил дод.
Ҳар як соҳиби замини наздиҳавлӣ, хоҷагиҳои фермерӣ ва деҳқонӣ барои таъмини аҳолии кишвар бо маҳсулоти хушсифату кофӣ, ба баланд бардоштани иқтидори содироти кишвар мувофиқи талаботи замон ривоҷ додани тамоми соҳаҳо ва самтҳои хоҷагии қишлоқ фидокорона рафтор карда, фаъолияти имрӯзаи худро бояд ба куллӣ тағйир диҳанд.
Инчунин, тибқи қарори Президент аз 15 октябри соли 2020 таҳти муассисии ҷамъиятҳои ҳудудии ҶММ «Сирпарварон ва содиркунандагон»-и ноҳияи Булоқбошии вилояти Андиҷон, ҶММ «Fruits Season Group»-и вилояти Тошканд, ҶММ «Хизмати замини наздиҳавлии деҳаи обод»-и ноҳияи Асакаи вилояти Андиҷон, «Маркази илмӣ-амалии рушди қитъаи наздиҳавлӣ»-и ноҳияи Қуваи вилояти Фарғона, ҶММ «Иттиҳодияи содиркунандагон ва рӯёндани сабзавот бо усули сирпиёз ва «тӯқсонбостӣ» ташкил карда шуд.
Ҷамъияти «Сирпарварон ва содиркунандагон»-и ноҳияи Булоқбошии вилояти Андиҷон дар майдони 400 гектар бо усули кластер, ба хонадонҳо аҳолӣ вобаста кардан парвариши сирпиёзро ба роҳ монд.
Инчунин, дар таъсиси «Иттиҳодияи сирпарварон ва содиркунандагон» дар ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё, ноҳияи Ангори вилояти Сурхондарё, ноҳияи Тӯрақӯрғони вилояти Намангон корҳои мунтазам идома дорад.
Дар натиҷаи чорабиниҳои андешидашуда, дар шаҳрҳои Маскав, Владимир, Калуга, Рязан, Ярославли Русия, Алмаатои Қазоқистон ва Белгия фаъолияти хонаи савдои «Иттиҳодияи сирпарварон ва содиркунандагон» ба роҳ монда шуд.
Дар тамоми хоҷагиҳо аз ҳосили соли 2021-уми кишти пиёзи августӣ ва зироати «тӯқсонбостӣ» ба даст овардани 4 миллиону 15 ҳазор тонна (аз ҷумла 1 млн. 775 тонна пиёз, 366 ҳазор тонна сир, 528 ҳазор тонна сабзӣ,187 ҳазор тонна лаблабуи ош, 756 ҳазор тонна кабудӣ, 403 ҳазор тонна карам) пешбинӣ шудааст.
Мувофиқи ҳисоби пешакӣ то имрӯз 4 млн. 55 ҳазор тонна (аз ҷумла 1 млн. 809 ҳазор тонна пиёз, 404,7 ҳазор тонна сир, 504,2 тонна сабзӣ, 178,2 тонна лаблабуи ош, 753,9 тонна кабудӣ, 404,7 ҳазор тонна карам) ҳосил ғундошта шудааст.
Инчунин соли 2021 хоҷагиҳои фермерии боиқтидорро ба сифати санҷиш интихоб карда, дар саросари кишвар корҳои амалӣ оид ба шинондани сирпиёзи содиротӣ барои кишти соли 2022 дар майдони умумии 750 гектар анҷом дода шуд.
Аз ҷумла, тавассути иттиҳодияи истеҳсолкунандагони сабзавот ва сирпиёз бо усули «тӯқсонбостӣ» 1,1 ҳазор тонна захираи тухмии содиршаванда ташаккул дода шуд.
Дар натиҷа то 20 сентябри соли 2021-ум 360 ҳазор тонна меваю сабзавоти парваришкарда содир шуд.
Дар натиҷаи кори анҷомдода то 1 октябри соли 2021 ба 61 ҳазору 957 гектари хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибони замини наздиҳавлии аҳолӣ пиёз ва сирпиёз кошта шуд.
Ғайр аз ин, Шӯрои хоҷагиҳои фермерӣ, деҳқонӣ ва соҳибони замини наздиҳавлӣ бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва маҳорати кишоварзон оид ба «Парвариши сабзавоту зироати «тӯқсонбостӣ» семинарҳо ва дарсҳои маҳорат баргузор менамояд.
Э. МАМАРАҲИМОВ,
сармутахассиси Шӯрои хоҷагиҳои фермерӣ, деҳқонӣ ва соҳибони замини наздиҳавлигии Ӯзбекистон.