ДАРОМАДҲОИ БУҶА ВА СОДИРОТ – МАНБАИ МУҲИМИ РУШДИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ

4 апрел таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бахшида ба натиҷабахшии иҷрои пешгӯйии даромадҳо ба Буҷаи давлатӣ ва содирот, ҳамчунин таъмин намудани иҷрои бечунучарои нишондиҳандаҳои пешбинишуда барои нимсолаи аввали соли 2019 машварати видеоселекторӣ баргузор шуд

Дар семоҳаи аввал пешбинии даромадҳо ба буҷаи ҷумҳурӣ дар ҳаҷми пурра, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ду баробар зиёд иҷро шуд. Бинобар натиҷаи семоҳа даромади буҷаҳои маҳаллӣ аз пешбинишуда 1 триллиону 253 миллиард сӯм зиёд гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 1,5 баробар бештар маблағҳо дар ихтиёри минтақаҳо монданд. 
Роҳбари давлат зикр намуд, ки ҳар қадар даромади буҷаҳои маҳаллӣ зиёд гардад, масъалаҳои рӯзмарраи иҷтимоӣ ҳамон андоза бештар ҳаллу фасл мешаванд. Маблағҳои иловагӣ бошанд, метавонанд барои дар маҳалҳо татбиқ кардани панҷ ташаббус, барномаҳои давлатии «Обод қишлоқ», «Обод маҳалла», «Оби ошомиданӣ», «Ҳар кадом оила – соҳибкор» ва ғайра, зиёд гардидани даромадҳо, баланд шудани сатҳ ва сифати ҳаёти аҳолӣ равона карда шаванд.
Президент Шавкат Мирзиёев он санадро қатъиян танқид кард, ки на ҳамаи роҳбарон муҳимияти масъалаи мазкурро дарк кардаанд. Аз ҷумла, пешбинӣ оид ба даромадҳо ба буҷа дар нуҳ ноҳия ва шаҳрҳо иҷро нашудааст. Аз даҳ дар ҳафт ноҳияҳои шаҳри Тошканд даромадҳои пешбинишуда иҷро нагардидаанд. Роҳбарони инспексияи андози ноҳияҳои мазкур аз вазифаҳои худ сабукдӯш карда шуданд. Сустамалии роҳбарони ҳокимият ва идораҳои андози пойтахт бобати таъмин сохтани даромад ба буҷаҳо сахт танқид карда шуд.
Чунин аҳвол дар вилоятҳо низ ба чашм мерасад. Вобаста ба ин ба Кумитаи давлатии андоз супурда шуд, ки масъалаи коршоямии роҳбарони идораҳои андози баъзе ноҳия ва шаҳрҳоро ба вазифаҳояшон баррасӣ кунад.
Тавре ки маълум аст яке аз ҳадафҳои асосии Консепсияи такмил додани сиёсати андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз тақсими баробари бори андоз иборат мебошад. 
Роҳбари давлат таъкид сохт, ки дар назди ҳукумат вазифаҳои зиёд қарор доранд, ки бояд барои самарабахш татбиқ шудани ислоҳоти андоз иҷро карда шаванд. 
Аз ҷумла, аз ибтидои сол миқдори андозсупорандагон бо арзиши иловагӣ панҷ баробар афзуд. Дар натиҷаи набудани механизмҳои самарабахш ва оддии ҳисобу китоби андоз барои арзиши иловагӣ аз 26 ҳазор корхонаҳои ба низоми нав гузашта 9 ҳазорашон ҳисоботи андозро пешниҳод карда натавонистанд.

Ба Девони Вазирон ва Кумитаи давлатии андоз супурда шуд, ки дар зарфи як моҳ якҷо бо коршиносони байналхалқӣ лоиҳаи қарорро дар бораи аз байн бардоштани мушкилоте, ки ҳангоми татбиқсозии ислоҳоти андоз ба миён меоянд, кор карда бароянд.
Дар таъмин сохтани даромадҳо ба буҷа фаъолияти то ҳол боқимондаи ғайрирасмӣ дар иқтисодиёт  аз монеаҳои асосӣ ба шумор меравад.
Президент Шавкат Мирзиёев куллан ғайриқаноатбахш будани аҳволи корро дар соҳаи мазкур таъкид намуд. Вобаста ба ин супориш дода шуд, ки иҷрои чорабиниҳои дар ин самт қабулшуда фаъолтар карда шавад.
Чунончи, ба Палатаи савдову саноат, Омбудсмани тиҷоратӣ супорида шуд, ки якҷо бо ҳокимиятҳо ҷадвали вохӯриҳоро бо соҳибкороне, ки фаъолияти худро боздоштаанд, тасдиқ кунанд ва барои аз нав ба роҳ мондани кори онҳо чораҳо андешанд. 
Тавре ки ҳисобу китобҳои пешакӣ нишон медиҳанд, дар мавриди саривақт аз байн бардоштани мушкилоти мавҷуда то охири сол ба буҷа барилова на камтар аз шаш триллион сӯм ворид хоҳад шуд. 
Аз ҷумла, барои дар семоҳаи дуюми соли равон 200 миллиард сӯмина даромадҳои иловагӣ ба буҷа ворид кардан дар ҳар кадом вилоятҳои Бухоро, Навоӣ, Тошканд ва шаҳри Тошканд, 170 миллиард сӯмина дар вилояти Қашқадарё, 140 миллиард дар вилояти Андиҷон, 130 миллиард дар Қароқалпоқистон, 100 миллиард дар вилояти Фарғона, 80 миллиард сӯмина дар ҳар кадом вилояти Самарқанд ва Намангон, 60 миллиард сӯмина дар ҳар кадом вилояти Ҷиззах, Сурхондарё, Сирдарё ва Хоразм, умуман – ду триллион сӯм маблағ имконпазир аст. 
Дар машварат ҳамчунин чорабиниҳое, ки барои баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат андешида мешаванд, баррасӣ гардиданд.
Таъкид шуд, ки дар семоҳаи дуюм дар назди мо вазифаи нисбат ба семоҳаи аввал дар ҳаҷми беш аз 1,1 миллиард доллар татбиқ намудани содирот истодааст. Аз ҷумла, дар моҳҳои апрел – июн ҳокимиятҳо бояд нисбат ба семоҳаи аввал се баробар бештар маҳсулоти меваву сабзавотро ба содирот бароваранд. 
Роҳбари давлат шахсони масъули баъзе соҳа ва самтҳо, ҳамчунин роҳбарони минтақаҳоро барои он ки аз имкониятҳои мавҷуда пурра истифода набурдаанд, сахт танқид кард.
Супориш дода шуд, ки дар рӯзҳои наздиктарин бо нишон додани он ки кишвари мо барои истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ чӣ гуна бартариҳои рақобатбардор дорад, истеҳсоли чӣ гуна навъҳои маҳсулот  дар кадом минтақа мувофиқи мақсад аст ва ин маҳсулотро ба кадом кишварҳо бояд ба содирот баровард, таклифи амалӣ пешниҳод кунанд.
Бобати содда кардани қайди гумруки молҳои содиротӣ, ба даст овардани рухсатнома аз идораҳои назоратӣ бояд як қатор вазифаҳо ҳаллу фасл карда шаванд. Чунончӣ, агар расмикунонии ҳуҷҷатҳои содиротӣ дар кишвари мо 96 соатро тақозо намояд, ин нишондиҳанда дар хориҷа ба ҳисоби миёна 12 соату 20 дақиқаро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи пурра ҷорӣ карда нашудани низоми «Равзанаи ягона» дар соҳаи барои содирот додани рухсатномаҳо соҳибкорон маҷбуранд ҳадди ақалл ба 10 идора муроҷиат кунанд.
Вобаста ба ин ба Девони Вазирон супурда шуд, ки бо ҷалби масъулон барои амалиётҳои содиротиву воридотии идораи низоми «Равзанаи ягона», ки хизматрасониҳои давлатии вобаста ба фаъолияти иқтисодиёти хориҷиро пешниҳод мекунад, ҷорӣ намояд. 
Ба Кумитаи давлатии гумрук барои зарурияти қабул кардани чораҳои дахлдор бобати баланд бардоштани иқтидори гузаргоҳии ситодҳои гумрукӣ дар мавсими пухтани меваву сабзавот, ҳамчунин бинобар роҳ надодан ба тирбандшавии роҳҳо супоришот дода шуданд.
Президент зарурияти таъмин намудани иҷрои пурраи ҳаҷми пешбинишудаи коштан ва рӯёндани маҳсулоти кишоварзиро махсус таъкид кард.
Барои мустаҳкам намудани мавқеи кишвари мо дар бозорҳои содиротӣ бояд фаъолияти самарабахши иттиҳодияҳои кишоварзие, ки дар ноҳияҳои Ғаллаарал, Зомин, Булунғур, Ургут, Қибрай, Паркент, Олтиариқ ва шаҳри Қувасой, ки ба маҳсулоти меваву сабзавот тахассус доранд, ташкил шудаанд, ба роҳ монда шаванд. 
Ғайр аз ин ба Инспексияи давлатӣ оид ба карантин супурда шуд, ки бо идораҳои ҳаммонанди давлатҳои хориҷӣ барои пешниҳоди беҳтари олу, олуча, олуболу ва дигар маҳсулоти харидоргир, ки дар кишвари мо парвариш шудаанд, ба бозорҳои хориҷӣ гуфтушунидҳо баргузор кунад, ҳамчунин бобати фароҳам овардани шароити мусоид барои содиротгарони ватанӣ чораҳо андешад.
Таъкид гардид, ки дараҷаи баланди хароҷоти нақлиёту логистика ба афзудани иқтидори содиротии мамлакати мо таъсири манфӣ мерасонад. Барои ҳаллу фасли мушкилоти мазкур вагонҳое, ки ба кишвари мо ворид мегарданд, ҳамчун иқдоми аввалин аз моҳи феврали соли равон аз боҷҳои гумрукӣ озод карда шуданд.
Ба Вазорати нақлиёт супурда шуд, ки аз имкониятҳои нақлиёти роҳи оҳан ҳангоми содироти маҳсулоти меваву сабзавот васеъ истифода бубарад, механизми соддаро бинобар раванди «Равзанаи ягона» ҷорӣ намояд.
Ғайр аз ин, ба мақсади васеъ кардани хиёбони нақлиёти боркашон вазифа гузошта шуд, ки бинобар ҷорӣ намудани низоми ҷудокунии вомҳо барои хариди воситаҳои нақлиёти автомобилӣ бо санаи истеҳсолаш на беш аз чаҳор сол таклифи асоснок ворид карда шавад.
Дар машварат ба роҳбарони ҳар кадом соҳа ва минтақа таъкид карда шуд, ки онҳо барои таъмин намудани эътидол ва саривақтии даромадҳо аз содирот шахсан ҷавобгар мебошанд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: