ДАРОЗУМРИИ САНЪАТИ ҲАҚИҚӢ

Дар даври мактабхониамон филм-консерти «Саро, Санобар» аз тариқи телевизион намоиш меёфт ва эътибори бинандагони синну соли гуногунро, ки дӯстдори савту наво ва мусиқии аҷдодианд, ба худ мекашид. Ҳанӯз овони наврасӣ ҳис мекардем мардуми мо ба Фахриддин Умаров, Комилҷон Отаниёзов, Олмахон Ҳаитова, Таваккал Қодиров ва Ҷӯрабек Муродов барин овозхонҳои хушадо чӣ тавр муҳаббат доранд.

Дар даври мактабхониамон филм-консерти «Саро, Санобар» аз тариқи телевизион намоиш меёфт ва эътибори бинандагони синну соли гуногунро, ки дӯстдори савту наво ва мусиқии аҷдодианд, ба худ мекашид. Ҳанӯз овони наврасӣ ҳис мекардем мардуми мо ба Фахриддин Умаров, Комилҷон Отаниёзов, Олмахон Ҳаитова, Таваккал Қодиров ва Ҷӯрабек Муродов барин овозхонҳои хушадо чӣ тавр муҳаббат доранд.
Нимаи дуввуми солҳои ҳафтодум бошад, Санобар Раҳмоноваи андиҷонӣ дар олами санъати сарояндагӣ бо садои хос пайдо шуд ва вирди забонҳо гашт. «Устодон», «Андиҷонам», «Ҳаёти пур аз нур»,  «Сабо аз деҳаам хабар овард», «Модарҷонҳо, ассалом!» барин таронаҳое, ки ин овозхони он асно ҳанӯз мактабхон суруд, қалби пиру барноро забт намуд. Вақте аз радио ё оинаи нилгун суруди ӯ садо дод, гӯшу ҳуш шуда, ҳама аз лаҳну овози марғуб, навои дилро ба ваҷдоварандаи довудӣ, ки нозуктарин торҳои эҳсосро ба ларзиш меовард, ҳаловат мебурданд.
Мухбири махсуси «Ҳа-қиқати Ӯзбекистон» дар водии Фарғона, шодравон Султоналӣ Исмоилов бо Санобар Раҳмонова ҳамсуҳбат ва дар борааш бо унвони «Саро, Санобар!» материали калоне нашр кунонд.
Рӯзнома даст-ба даст шуд. Ёд дорам, духтарони синфи мо, ҳарчанд ба ӯзбекӣ хуб сарфаҳм намерафтанд, ҳама ба Санобар тақлид ва дар ҳавои таронаҳои ӯ арғушт мерафтанд. Ҳатто писарҳо бо шавқе таронаҳояш замзама менамуданд.
Дабистони таълими умумиро ба итмом расонда, асное ҳам, ки дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд мехондам, меҳри баланди умумро ба овозхони ҷавони андиҷонӣ ҳис мекардам. Аз намоиш ёфтани «Саро, Санобар» хабардор шуда, ҳама дар муқобили телевизион, ки дар толори хобгоҳи донишҷӯён гузошта шуда буд, қарор мегирифтем. Бо тамошои филм-консерт ва шунидани таронаҳои шинос ва ба  қалб наздик, ки аз бисёр шунидан кайҳо азёд кардаем, ҳаловати дигар мебурдем.
Аз байн солҳои зиёд гузаштанд. Чӣ қадар суруд ва сурудхонҳои нав пайдо шуданд. Вале тавре ба назари мо мерасад, аз ҳама дилангез ва дилошӯбтар боз ҳамон таронаҳои давраи духтарии Санобар буд. Филми ҳуҷҷатии «Саро, Санобар» имрӯз ҳам аз тариқи телевизион намоиш ёфта, моро ба олами эҳсоси гуворо, давраи беғубор ва афсонамонанди наврасӣ, бидуни ихтиёр, раҳнамун месозад.
Рӯ-рӯи болҳои таронаҳое, ки садо медиҳанд, хаёлан ба дунёи пур аз орзуву омоли бачагӣ сафар мекунем. Суруд ба охир расида ва ба дунёи асл баргардем ҳам, то дер таассуроти хуши он қалб ва ҳастии моро тарк намекунад. Ҳамон дар пеши назарамон бачагии хушбахтона, дунёи маънавӣ, фикру хаёл ва орзуву омоли поки давраи беғубори умр. 
Ана, ба чӣ қодир аст санъати асил.
Чӣ сеҳре доранд сурудҳое, ки аз қалб баромада, мадду ҷазри дарёи дили шунавандагони сершуморро фаро мегиранд ва умри дароз доранд.
Аз офарида шудани филми ҳуҷҷатии «Саро, Санобар» ҳам, ки дар фонди тиллоии бойгонии Ширкати садо ва симои ҷумҳурӣ ҷойгоҳи махсус дорад, беш аз чиҳил сол гузаштааст.
Духтари сурудхоне, ки дар осмони санъат якбора дурахшид ва ошӯбе дар олами ҳунари сарояндагӣ ба вуҷуд овард, ҳоло бонуи як хонадони арҷманд: модари мушфиқи чаҳор фарзанд, бибии меҳрубони ҳафт набера.
Тақдир ӯро ба Илҳом Ҷӯраев, ки низ сурудхон аст, рӯбарӯ сохт. Ситорае, ки  давраи духтарӣ рахшид, баъди хонадор ва соҳиби фарзанд шудан оиларо ба ҷои аввал гузошт.
Барои дар олами санъат ҷойгоҳи худ ёфтани шавҳар ба ҳар қурбонӣ омода ва баҳри тавфиқ ва камоли ӯ чун рафиқаи бовафои умр кори аз дасташ омадаро кард.
Дар навор – «Саро, Санобар»-и ба дил ва дидаамон қарин. Манзараҳои Андиҷон ва Тошканд дар солҳои ҳафтодуми қарни сипаришуда. Чарогоҳи беканор ва духтари чобуксавор, ки меҳри суруд, меҳри санъат дили ӯ ба парвоз оварда ва вай месарояд орзуву омоли бачагиро. Ба халқаш, ба диёри азиз – Андиҷони ҷонаҷонаш, ба устодони меҳрубонаш муҳаббати пуроташ, садоқати бемисли худро изҳор медорад бо забони савту суруд. Чӣ қадар таронаҳои дилангез, ки бо бол кушодани онҳо эҳсоси наҷиб дар ҳастӣ рӯ зада ва рӯҳ ба парвоз меояд.
Чанд сухан дар бораи коргардони филм-консерти машҳури «Саро, Санобар» Ҳоҷимурод Иброҳимов, ки алъон давлати пирӣ ронда, аз он ки ба Санобар ҳаққи устодӣ дорад, ба худ ифтихор менамояд.
Ҳ. Иброҳимов муаллифи як қатор портрет-очеркҳои телевизионии ҷолиб, ки ба чеҳраҳои намоёни адабиёт ва санъати кишвар бахшида шудаанд. Тӯйчӣ Ҳофиз Тошмуҳамедов, Ҳалима Носирова, Соро Эшонтӯраева, Ойбек, Ғафур Ғулом, Туроб Тӯла, Миртемир барин намояндагони номвари адаб ва ҳунар тавассути кӯшишҳои ӯ ба тасмаҳои тасвир кӯчиданд ва мисле ҳаёти дигар диданд. «Адиб», «Шукур Бурҳонов», «Қориёқубов» барин филмҳои ҳуҷҷатии ӯ бо илҳом ва муҳаббати том офарида шудаанд. 
Қисми зиёди устодоне, ки ба Санобар дарс додаанд, аз олам гузаштанд. Муаллифи матн ва мусиқии таронаҳое, ки ба офариниши «Саро, Санобар» ва ба дилҳо ҷойгири он сабаб шудаанд, имрӯз дар қайди ҳаёт нестанд. Падари овозхон низ, ки дар филм-консерт симои нурониашро мебинем, чанд сол пеш ба зиндагӣ падруд гуфт. Алъон шукри модари худ дорад, ки вай, бо вуҷуди хастаҷонӣ, мисле чун кӯҳ такягоҳаш. Пиразан, воқеан, ҳанӯз дилҷавон ва «Модарҷонҳо, ассалом»-и духтари сурудхони худро ҳамон бо ваҷд замзама менамояд. Хонадон – сариштаву саранҷом.
Санобар Раҳмоноваи машҳур ором нишаста натавониста, ҳаракат мекунад қабл аз арӯсҳо, ки ба бахташ арзанда баромаданд, ҷорӯб ба даст гирад, ба киштзор, долу дарахт ва молу ҳол нигарад.
Чӣ қадар зани ҳалим ва оддиву самимӣ.
– Бо Санобар оила барпо карданамонро ҳам чиҳил сол пур мешавад, – мегӯяд Илҳом. – Модарони зиёдро дучор кардам, вале надидаам нафаре чун Санобар, ки ин қадар фарзанддӯст ва оилапарвар бошад. 
Фарзанди кенҷа Ихлосбек чун падару модар сурудхон ва дар давраҳо аз вай хоҳиш мекунанд сурудҳои як вақтҳо модараш ба иҷро расондаро бихонад, хусусан «Андиҷонам»-ро.
Санобар вақте ба Тошканд омад, ҳатман устоди азизаш Ҳоҷимуродро зиёрат мекунад.
Чун падару духтар вомехӯранд. Каманд устоду шогирдоне, ки чун падару фарзанд муносибат доранд?
Коргардону овозхони номвар ва ба тавсифҳо муносиб – яке аз онҳо. Аз устоду шогирд меарзад ибрат гирифт ва осори санъате бояд офарид, ки ба як давру замон не, ба давру замонҳои зиёд хидмат кунад – умри дароз бинад.

М. ШОДИЕВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: