ДАРС ВА ТАРКИШИ ИТТИЛООТӢ

Имрӯзҳо дар ҳаёти ҷомеа қариб ҷанбае намондааст, ки аз таъсири воситаҳои иттилоотӣ барканор бошад.

Аз ҷумла, дар соҳаи таълим низ таъсири он ба назар мерасад. Китобҳои дарсии электронӣ, дарсҳои мултимедӣ ва воситаҳои дигари иттилоотӣ дар соҳа васеъ истифода мешаванд, ки барҳақ, талаби замон аст.
Аз ин ҷост, ки имрӯз барои омӯзгорон зарурати азхуд кардани васоити техникии навтарини таълимӣ ба монанди технологияҳои шабакавӣ (телеконференсия, почтаи электронӣ), китобхонаҳои электронӣ, низоми мултимедиа пеш омадааст. Дар баробари ин, шакл ва воситаҳои мухталифи  ба роҳ мондани фаъолияти таълимӣ аз ҳисоби тағйир додани таносуби дарсҳои дохилисинфӣ ва беруназсинфӣ, зиёд шудани миқдори корҳои мустақилона, фардӣ ва умумии донишомӯзон, инчунин ҳаҷми дарсҳои амалӣ ва лабораторӣ дигар мешаванд. Дар ин ҳолат омӯзгорон фақат расонандаи маводи таълим набуда, ташкилкунандагони ҷараёни таълим низ мегарданд, ки дар ин ҷараён донишомӯзон набояд фақат қабулкунандагони маълумоти тайёр (мафҳум ё санад) бошанд, балки дар иҷрои вазифаҳо ва ҳалли масоил бояд мустақилияти бештар зоҳир намоянд.
Саросар ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар соҳа бояд  боиси тағйироти назаррас гардад. Агар тарзи анъанавии таълим асосан бо назардошти кори омӯзгор, ки маълумот ва маводи таълимро бо такя бо китоб нақл мекард, ба роҳ монда шавад, пайдоиши воситаҳои нави иттилоотӣ сабаби аз нав тақсим шудани вазифаҳои мазкур гардидааст. Пеш аз ҳама, бояд зикр намуд, ки афзоиши босуръати ҳаҷми маълумот падидаи ба ҳама маълуми «таркиши иттилоотӣ»-ро ба вуҷуд овардааст. Натиҷаи падидаи мазкур яке аз масоили муҳими ҳаёти имрӯза ба ҳисоб меравад. Ҳалли ин муаммо дар сатҳи иттилоотигардонии маориф қарор дорад, ки дар навбати худ такмил ва таҷдиди низоми маорифро тақозо мекунад. Айни  ҳол дар  мактабҳои кишвар тарафи омӯзгорони ботаҷриба ҷаҳди беандоза барои бо иттилоот таъмини ҷараёни тадрис ба амал бароварда мешавад. Албатта, камбудиҳои аз ҷиҳати техникӣ таҷҳизонидани мактабҳо ба дараҷаи муайян рафти ташаккули низоми нави дарсро мушкил мекунанд. Аммо бо вуҷуди ин, чуноне аз муоинаи сомонаҳои таълимӣ низ дидан мумкин аст, ин ҳаракат нишонаҳои аввалро дода истодааст. Масалан, дар маркази мултимедиавии вазорат дарсҳои аввалини мултимедиавиро бо забони тоҷикӣ дастрас кардан мумкин аст, дар манбаъҳои электронии гуногуни таълимӣ маводи муаллимони тоҷикзабон рӯз то рӯз зиёдтар мегарданд, дар шабакаҳои иҷтимоии мухталиф чун Телеграм, Фейсбук, Инстаграм гурӯҳҳои марбут ба таълим дар забони тоҷикӣ кушода шудааст ва торафт миқдори аъзоёни онҳо зиёд мешавад. Дар ҳар сурат мо пешрафтро дар ин ҷанба мебинем ва ин боиси хурсандист. Мо айнан имрӯз бояд амиқ дарк намоем, ки барои омӯзгорон низ давраи нав – давраи иттилоот оғоз ёфтааст. Густариш ёфтани воситаҳои технологии таъмини иттилоот ва коммуникатсия ба мазмуну муҳтавои таълим таъсири назаррас расонида, барои равнақи маориф мусоидат менамоянд.

Рухшона АБДУҚОДИРОВА,
муаллимаи забон ва адабиёти тоҷики мактаби рақами17,
шаҳри Ангрен.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: