ДАРСИ ИБРАТ

Пас аз интизории дурудароз ба телефони мобилиам хабар омад, ки ба Донишгоҳи давлатии Самарқанд дохил шудаам.

Пас аз интизории дурудароз ба телефони мобилиам хабар омад, ки ба Донишгоҳи давлатии Самарқанд дохил шудаам. Ҳамон рӯз дар хонаи мо гӯё ид буд.  Баъд аз ду рӯз дар донишгоҳ дарс сар мешуд. Барои ин анҷомҳои заруриро ҷамъ карда, рахти сафар бастам. Пас аз тай кардани роҳи дуру дароз ва гузаштани ағбаи Тахтиқорача мо аз кӯҳи баланд ба ин шаҳри азим дохил шудем. Биноҳои бисёрошёнаву зебо, роҳҳои ободу мошинҳои бисёр – ҳама зебоӣ дар як шаҳр ҷамъ шудааст, мегуфтам дар дил.
Ҳамин вақт сухани ронанда маро ҳушёр кард: “Бародар, ба манзил расидем. Ана донишгоҳ”. Раҳпулиро додаму кӯлборамро аз мошин гирифта, ба донишгоҳ даромадам. Азбаски бори нахуст ба ин даргоҳ меомадам ва ягон ошнову шиносе ҳам надоштам, ки кӯмак пурсам. Аз ину он пурсида, факултети филологияро ёфтам. Дар хобгоҳ алҳол ҷойи холӣ набудааст. Баъд ба аудиторияи 11-ум дохил шудам. Дар дарун 30-35 нафар донишҷӯ менишастанд. Аз байни онҳо танҳо се нафарро шинохтам. Дар озмун дида будам. Яке аз онҳо Мақсуд ном дошт. Ӯ дар кӯчаи Сӯзангарон иҷоранишин будааст ва маро ба ҳуҷрааш ҳамроҳ бурд. Дар хонааш чой нӯшида аз пайи кофтукови сарпаноҳ шудем. Афсус, ё хона ба мо маъқул намешуд, ё нархи он. Ҳамин тавр, боз аз пайи хонаи дигар мешудем. Дар аснои ҷустуҷӯ ба як воқеаи аҷиб гувоҳ шудем, ки ин ҳикмати кӯҳна аст. Аксарият хонаҳои зебову боҳашамат доштанд, дар болои дарвозаашон кафши кӯҳнаву фарсудаеро овехта мондаанд. Баъди ду-се бор дидан аз соҳибхонае сабаби ин ҳолати аҷибро пурсон шудам.
– Ин корро барои нарасидани чашм мекунанд, – ҷавоб дод ӯ.
Дигаре мегуфт: “Барои он ки гузаштаи худро фаромӯш насозем”.
Бо шунидани ин сухан як байти устод Лоиқ беихтиёр ба хотирам омад:
Дар фалак ҷустан ситора санъат 
асту дар замин,
Хештанро гум накардан низ 
санъат будааст.
Бале, касе, ки гузаштаи худро фаромӯш кардаву ба кибру ғурур дода мешавад, ба мақсад намерасад. Зеро кибру ғурур амали шайтон аст. Мо инсонем, инсонии худро набояд фаромӯш кунем.

Зикрулло АБДУЛЛОЕВ, 
донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Самарқанд.  
       

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: