ДАРСИ ИЛОВАГӢ

Ҳасанбойро фикре ҳаловат мебохт.

 «Чаро баҳри некӣ мекӯшаду кӯшиданҳояш самар намебахшад?!» Гоҳо ҷавоб меёфт. Вале қонеъ намегашт. Аз гиреҳкушоиҳои зиндагӣ ба танг омада, гоҳо ба ҳамааш даст афшондан мехосту боз намешуд. Пӯсташ  тунук, эҳсосоташ ҳассос. Дигар хел мебуд, қатори дигар омӯзгорон ба Саттор баҳое гузошта, асабашро то ин дараҷа намекоҳонид.
– Дубора нависонед, – ҳамчун раиси имтиҳон талаб намуд директори мактаб, – ин имтиҳони оддӣ не, давлатист! Ба бача ҷабр нашавад!
–Ҷабр намешавад, бе баҳои ман ҳам номаи камол мегирад. Бе дониш низ ба донишгоҳи дилхоҳаш дохил шуда, соҳиби ҷоҳу ҷалол хоҳад гашт.
– Ҳаминро донед, боз чаро густохӣ мекунед, «замон ба ту нанигарад, ту ба замон нигар»  гуфтаанд!
– Қолаб шикаста гӯед? Оё аз қолаби каҷ хишти рост мебарояд? Килебиҳои девори зиндагӣ маҳз аз ҳамин замонасозӣ нест магар?
– Мефаҳмам, – шасти директор паст шуд, – вале сари баланд дар байни сархамон зуд метобад. Оқибаташро тасаввур мекунед?
– Мекунам. Аммо тир аз камон ҷаст.
– Ихтиёратон, фармон бошад, фармон! То имтиҳони дубора машғулиятҳои иловагӣ гузаронед. Коре кунед, ки баҳо гирад!
– Ба шарте хоҳад!
– Хоҳад-нахоҳад, маҷбуред. 
Таълими маълумоти умумӣ ҳатмист. Саттор ба машғулияти иловагӣ наомад. Ҳасанбой маҷбур шуд, ки ба хонаи ӯ равад. Дарвозаро падараш кушод.
– Ҷӯраи мо нарафтанд, – гуфт Ҳасанбой баъд аз пурсукови зӯракӣ, – коре карда, барои саводи он касро баровардан супориш дода шудааст. 
– Саводи дар 11 сол набаромада, дар як ҳафта меҷӯшид-чӣ? – хандид раис. – Имлояшро тӯғрӣ кунеду шумоям аз кору боратон монда, беҳуда овора шуда нагардед, муаллимҷон!
– Гапатон дурусту, раисбобо, лекин имлояш дуруст нашуда истодааст. Мисли асои каҷ ба пешона задагеш зада.
– Муаллимон мардуми арзонхар-дия! Чор сӯм зиёдтар диҳед, най баринашро медиҳад. На ба пешона мерасаду на ба даҳону бинӣ.
–Шумо, раис-бобо, аз ҳисоби маош зиндагӣ намекунед-дия. Мекардед, деворатон аз мармар намешуд... Ҷӯраи моро ҷеғ занед, рафта чорто чақ-чақ кунем.
Ҳасанбой Сатторро бурд.
–Хӯш, ҷӯра, Сатторбой, корро аз чӣ сар мекунем?
–Ихтиёратон. 
–Ҷавоби оқилона! Хонда натавонед, навишта натавонед, ба гӯши хар аз думбура навохтан чӣ суд? Беҳтараш сӯҳбат мекунем. Маъқул?
...
–Суҳбат ҳамин ки одами сару тани туро дида, гумон мебарад, ки ту хонанда нею коргари ягон ҷойи сердаромадӣ. Ҳамту не?
–Хайр?
–Хайр нагуфта, ба ман мувофиқи саволам ҷавоб деҳ. Ҳа, ё не?
–Ҳа.
–Бале. Мақсад дорӣ? Хонданро дар назар дорам.
–Ҳа.
–Чӣ шуданиӣ?
–Сардори банк.
–Барои сардори банк шудан мағзи сар лозим. Он дар ту нест. Ин тарафаш чӣ хел мешавад?
–Сардор кор намекунад.
–Чӣ мекунад?
–Фақат имзо мегузорад.
–Ӯ балоча-е! Медонӣ, бӯйи наҷосатро чӣ тез мефаҳмад? Саг! Ту аз саги бӯйгир ҳам гузаронидӣ-ку? Рафту лозим шавад, чӣ мекунӣ?
–Ёд мегирам.
–Шояд, аммо дар авлоди шумоён ягон мағздор нест. Ғайр аз тағоят. Наханд, ҷӯра. Хандаи ту аломати беақлист. Боақл мебудӣ, дар хоб мансаб намедидӣ, фаҳмо?
–Ҳа
–Чӣ ҳа, фаҳмо ё не?
–Фаҳмо.
–Фаҳмида бошӣ, аз хоб бедор шудагистӣ?
–Чӣ хел?
–Мақсадат тағйир ёфт, ё ҳамон сардори банк шуданиӣ?
–Ҳа
–Аблаҳ будаӣ, ҷӯра! Аблаҳи оддӣ не, аблаҳи аз ҳама лаинаш. Агар писарам мебудӣ, урёни модарзод намуда, аз хона пеш мекардам. Чаро?
–Намедонам.
–Чӣ бидиррос мезанӣ?
–Чӣ гӯям?
–Ба ҳолати ман эътибор дода ист. Асабам вайрон шавад, хомӯш исто, осуда бошам, гап зан. Ин барои ту душвор нест. Чунки бо кӣ чӣ гуна муносибат кардан дар хуни ту ҳаст. Ё не? Гап зан, аблаҳ!
–Гап занам, назан мегӯед, назанам, зан мегӯед.
–Тағоятро монда истем, вай ба ёд овардан намеарзад. Чаро ҳайрон мешавӣ? Вай вазири одил мебуд, ту аз худ намерафтӣ. Дар парта нишаста, худро дар маҳинкати мансаб тасаввур намекардӣ. Монанди ҳамсинфонат майна об карда мехондӣ ва ман имрӯз ба ту диламро холӣ намекардам. Аз ҳамин сабаб номи тағоятро фаҳмидан намехоҳам. Аз афташ, фикри маро нафаҳмида истодаӣ. Мефаҳмидӣ, сухани ман асар мекард, тарзат дигар мешуд. Не, ту одам нестӣ, ҳайкалбачаӣ! На аз таровати баҳор завқ бурда метавонӣ ва на аз сармои зимистон меҳаросӣ. Ғайр аз шуҳрат, ғайр аз мансаби тағоят истифода бурдан фикри дигар надорӣ... Эҳ, ҷӯра, ҷӯра, писарам мебудӣ, тамоми бачаҳои деҳаро ҷамъ оварда, барои ҷазо ҳукм мебароварондам! Фарз кун, ҳамин хел шуд, онҳо ба ту чӣ гуна ҳукм мебароварданд?
–Намедонам.
–Худатро ба гӯлӣ назан. Ҳамаашро медонӣ! Медонию тан гирифтанат душвор. Вагарна пай бурда наметавонистӣ, ки бачаҳои хубхон чаро аламию ноумеданду корди ту барин эркачаҳои тағодору бомуттако дар равған. Оё ин аз ҳисоби яъсу изтиробҳои бечорагон нест? Фақат ҳаминро надонистанат мумкин аст, ки чаро онҳо эътироз надоранд. Барои он эътироз надоранд, ки арзашонро касе гӯш намекунад, тирашон беҳадаф меравад, дасткӯтоҳу нодораманд... Сигор дорӣ? Наханд, бача! Аз рустӣ кашиданҳоят хабар дорам. Вале ба даст афтонда натавонистам. Канӣ, қуттии сигорро барор. Ана ҳамин хел. Гӯгирдро ҳам. Ин сигор чанд пул меистад?
–Панҷсад сӯм.
–Ҳайфи пул!
Ҳасанбой сигор кашид. Сипас сурфид. Чашмонаш об гирифтаву қафаси синаашро дошта:
–Дар ҳаётам бори дуюм аст, ки сигор мекашам,– гуфт Ҳасанбой аз сурфидан боз истода, – хайр, ин аҳамият надорад. Муҳимаш, чаро кашидам? Боз дар синф. Дар назди хонандаи худ. Не, ту ҳоло хатм накардаӣ. Шояд накунӣ ҳам. Барои он кашидам, ки ман туро писанд накардам. Ҳатто туро хонанда тасаввур накардам. Ҳа, ҳа, ту барин сардори банкро. Ту барин ҷияни вазирро. Агар донӣ, ин ҳақорат аст. Намефаҳмам, ки ба ин пастзаданҳои ман чӣ хел тоқат карда истодаӣ?   Пас дар ту ғурур нест. Монанди саге, ки дар гардан занҷир дораду аз қафои занҷиркаш рафтан мегирад. Ба куҷо ва чӣ гуна рафтанашро кордор нашуда. Ҳамин хел, ҷӯра, ту ва хешовандат ҳамин хелед. Намехоҳед, ки аз занҷири тағоятон сар бароред. Зеро занҷири тағоят ту баринҳоро боло, сӯи маснад мекашад. Бемуттакоёнро пеши по зада, афтондаву дар пушташон пой ниҳода.
–Чӣ кор кун мегӯед?
–Аз имтиҳони дубора сар каш. Беҳуда навишта наметавонӣ. Бале, виҷдонат осеб намебинад. Азоби рӯҳӣ намекашӣ. Ба шарте ки чӣ будани ин азоби тоқатфарсоро донӣ... Дуди сигор ин қадар талх набошад. Ма, худат каш. Шӯхӣ надон. Маҳмуд Худоӣ ном шайхе гузаштааст. Дар вақти шогирдӣ устодаш мурғеро дода, фармудааст, ки онро бурда, дар хилватгӯшае, ки касе несту намебинад, кушта орад. Маҳмуд Худоӣ рӯзи дароз гашта, оқибат мурғро зинда бармегардонад. Устод сабаб мепурсад. Маҳмуд Худоӣ ҷавоб медиҳад, ки ягон ҷоеро пайдо накардааст, ки касе набошаду аз назари Худо пинҳон монда бошад... Ту пинҳон кашида, худатро хуб фиреб додӣ. Монанди хешовандат. Онҳо низ гумон мекунанд, ки ба ҷоҳу ҷалол гӯё худашон расида бошанд. Ҳол он ки чӣ гуна ба мансабу мартаба расиданашон ба мардум маълум аст. Рӯирост нафрат намуда, ҳатто саломашонро дареғ медоранд. Аз ин гуна мансабдори беобрӯ будан чӣ суд? Чаро намепурсӣ, ки оё мо ба соҳиби мансаб шудан ҳақ дорем? Бин, ҳамин чизи оддӣ низ ба майнаат намезанад. Чунки шумо бо кӣ ва чӣ фикр кардани мардум кордор нестед. Фикру зикратон ба зинаҳои мартабаро зудтар тай намуда, ҳарчӣ болотар баромадан банд аст... Напурсӣ ҳам ҷавоб медиҳам. Шумо ҳам одамед. Шумо низ ба соҳибмансаб шудану будан ҳуқуқ доред. Фақат ба иззати нафси дигарон расида не. Дигаронро паст задаву пушти онҳоро зина карда не. Боз ба як чизи дигар фаҳмат нарасида истодааст. Чаро дигарон аз мансабдор будани ҳамдиёрашон меболанду мефахранд, вале ҳамдеҳагони шумо нафрат доранд? Барои он ки дигарон намак хӯрда, дар намакдон туф намекунанд. Баҳри беҳбудии диёрашон мекӯшанд, дар ҳолатҳои дармондагӣ ба ҳамдиёронашон дармон мешаванд. Гапи мардумро шунидӣ? Дар ҳаққи тағоят. Лӯлаҳои барои гузаронидани гази хоҷагиамон ҷудо карда шударо ба ҷои дигар фурӯхта фиристодааст. Мардум саргин бӯй карда, дар дуд хӯрок мепазанд. Ин воқеаи якуму дуюм нест. Тағоят ба ривоҷу пешрафти диёрамон побанди ҳамешагист. Пушту паноҳи дузду қаллобон. Хоҳӣ, исбот мекунам.
–Лозим нест.
–Дуюм, чаро аз мо фақат хешовандони тағоят болонишину пои дигарон рикоб намебинад? Ё қонуне ҳаст, ки мағзи сар доштагонро мансаб дода нашавад? Аҷибаш, хонда, ҳуҷҷат дар дастон сарсону саргардон, туи ҳоло номаи камол надошта сардори банк. Не, ҷӯра, худпарастӣ обрӯ мерезад. Вагарна дар ҳар омадани тағоят бегонагон рикобдор намешуданд. Мардуми деҳа ҳурмат мекард, ба саломаш мерафт, эъзоз намудаву суҳбатҳо ороста, ба иззату икромаш мегуселонид. Тағои ту дар зодгоҳи хеш ҳамчун хориҷиён омада меравад. Гуфтан гирам, гап бисёр, ҷӯра. Ман ин гапҳоро баъдтар, ҳӯ-ӯ, вақте тағоят аз кор мераваду ҳамаатон ятими дар кӯча монда шуда, на аз боло рӯи хуш мебинеду на аз ҳамдиёронатон дили гарм меёбед, гуфтанӣ будам. Боз фикр кардам, ки он гоҳ дер мешавад ва суханонам гарчӣ ҳаққанд, таънавор садо хоҳанд дод. Аз ҳамин сабаб имрӯз гуфтам. Ба ту. Шояд фаҳмӣ гуфта. Зеро хешовандонат намефаҳманд. Аниқтараш, фаҳмидан намехоҳанд. Чашми онҳоро шӯҳрат кӯр кардааст, дилашонро меҳри мансаб бегона сохтааст. Ва агар ту аз шунидаҳоят хулосаи дуруст барорӣ, ман аз вайрон шудани асабам пушаймон намегардам. Ҳатто мефахрам, ки як роҳгумзадаро ба роҳи дуруст ҳидоят намудам ва як хишт рост баромаду як осеби девори ҷамъият кам шуд...
Дарвоқеъ пеш аз баромадани ту ҳамроҳи падарат сӯҳбати кӯтоҳе кардам. Дар хусуси асои каҷ. Рости гап, ранҷидам. Аз муаллимии маро таъна заданаш не, аз бефаҳмиаш. Ман киноя кунам, вай маро ба арзонхар баровард, говкалла! Ба як ҳисоб ту ҳақӣ. Калонҳо ба ғайр аз фармудану имзо гузоштан чизи дигарро намедонистаанд. Медонистанд, падари ту бо сурати холӣ ба як хоҷагии калон роҳбарӣ карда наметавонист. Такягоҳаш фӯлодин мебуд ҳам...
Директор даромада, суханони Ҳасанбой нотамом монд. 
–Дарси иловагӣ? – пурсид ӯ ва ба Саттор рӯ овард: – Ягон чиз фаҳмида истодаӣ? Падарат аз ту зиёд набуд. Даҳ сол дар як парта нишаста, хонда бошем ҳам, ягон маротиба ҷавоб надодааст. Толеаш баланд будааст, инак, раиси номдор. Тағоят сим заданд? Кай меомадаанд?
Саттор ҷавоб надод. 
–Муаллим, Сатторбойро азоб надиҳед. Аспи хуб дер медавад, – гӯён директор рафт. 
–Ҳа, – оҳи сард кашид Ҳасанбой, – аспи хуб дер медавад. Аммо ту дида наметавонӣ, ҷӯра... Хайр, ин гапҳоро монем. Ба чӣ хулоса омадӣ? Мехонӣ, ё тайёрӣ дида, соли оянда месупорӣ?
– Соли оянда маро ба хизмати ҳарбӣ мебаранд.
– Бар падарат... Астағфирулло! Ҳоло ту аз хизмати Ватан сар кашиданӣ? Ифлос! Ба Ватан хизмат накарда, мағзи устухони онро афшонда хӯрданиӣ? Кирми дусара! Феълам вайрон шуд. Аз назарам дафъ шав, палид! Чаро истодаӣ? Ё мехоҳӣ, ки бардошта барандат? Ба ту мегӯям, ҳайкалча!!!
Саттор рафт. Дигар ба мактаб барнагашт. Ҳасанбой...
... баъд фаҳмид, ки Саттор ба донишгоҳ дохил шудааст.
... баъд пушаймон гашт, ки ҳамон рӯз чаро худашро дошт? Намедошт, ақаллан, дилаш хунук мешуд...

Чоршанбеи ДЕҲНАВӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: