ДАРСИ КУШОДИ РЕКТОР

Сарвари давлатамон 23 августи соли ҷорӣ дар ҷамъомади видеоселекторӣ баҳри баланд бардоштани обрӯву эътибори омӯзгорон, такмили ихтисоси онҳо, ба роҳ мондани ислоҳот дар соҳаи таълими халқ, ба ин восита тарбия кардани ҷавонони дорои маънавияти баланд, беҳтар намудани сифати таълим вазифаҳои пешистодаро пешниҳод карда, дар ин бора андешаҳои хешро баён намуда буд.

Ба ҳамин муносибат дар мактабҳои таълими ҳамагонӣ ташрифи мутасаддиён ва роҳбарон алҳол ба ҳукми анъана даромадааст ва ин барои пеш рафтани сифати таълим дар мактабҳои таълими ҳамагонӣ мусоидат мекунад.
Мутасаддиён ва роҳбарони масъуле, ки ба мактабҳо ташриф оварда, ба авлоди наврас аз фанҳои гуногун дарс медиҳанд ва бо таҷрибаи ғании ҳаётиашон шинос менамоянд, боиси рӯҳбаландии мактабиён мегарданд.
Чанде пеш гурӯҳи омӯзгорон ва профессорони Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳони Тошканд таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ Ғанишер Раҳимов ба мактабҳои таълими ҳамагонии ноҳияи Чуст ташриф оварда, бо омӯзгорон ва хонандагон мулоқот ороста, бо рафти таълим, комёбӣ ва муаммоҳои пешистодаи он шинос шуданд.
Аз фанҳои гуногун дарсҳои кушод, мусобиқаҳои варзишӣ, азназаргузаронӣ-озмунҳо, бо олимон, шоир ва нависандагон суҳбатҳо ташкил намуданд. Аз имконият истифода бурда, барои баланд бардоштани сифати таълим ба омӯзгорони ноҳия ёрии амалӣ расониданд.
Ғанишер Раҳимов дар мактаби ихтисосонидашудаи давлатии таълими ҳамагонии рақами 52-уми ноҳия аз фанни забони англисӣ дарси кушод ташкил кард. Машғулоте, ки аз технологияи инноватсионӣ истифода бурда, ба роҳ монда шудааст, фикрронии хонандагонро ба забони англисӣ ташаккул хоҳад дод. Ғ.Раҳимов ба мактабиёни фаъоле, ки дар илм ва варзиш ба комёбиҳо ноил гардидаанд, туҳфаҳои хотирмон супурд.

А.МУРОДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: