ДАРСИ МАҲОРАТ

Яке аз машҳуртарини хатҳои арабӣ «настаълиқ» аст.

Аз хати насх ва таълиқ арзи вуҷуд кардааст. Навъҳои хат боз дорои сабкҳои гуногуне мебошанд. Масалан, хати шикаста сабки муншиона ва сабки Мовароуннаҳрро дорад. Навъҳои хат вазифаҳои ба худ хос доранд. Масалан, муҳаққиқ  барои навиштани қасидаву шеър, асарҳои илмӣ, райҳонву насх барои қиссаву хабарҳо, тавқеъ барои фармон ва мактубҳо истифода мешуданд. Таълиқ  бошад, услуби муншиот, девони шикаста мансуби девонхона, дафтархона, идора буд. Дар Шарқ якчанд мактабҳову марказҳое ба мисли Ҳирот, Бухоро, Самарқанд, Хоразм, Қӯқанд, Тошканд, Фарғона мавҷуд буданд, ки дар он марказҳо хаттотони машҳури замон эҷод мекарданд. Аз хаттотони машҳуре, ки осори бузургони илму маданияти форсу тоҷикро китобат кардаанд, Халил ибни Аҳмади Фарҳодӣ (асри XII), Ибни Муқла, Ибни Беавоб, Ёқути Мустаасилӣ  (асри Х), Абӯбакри Самарқандӣ  (асри XI), Хоҷа Тоҷиддини Исфаҳонӣ (асри XIII), Абдураҳмони Заҳир, Мавлоно Абдураҳмони Хоразмӣ, Азизуллоҳи Самарқандӣ, Муҳаммади Бухороӣ  (асри XVII)-ро номбар кардан мумкин аст. Оид ба навъҳои хат асарҳои зиёде таълиф  шудаанд, ки барои мисол «Рисолаи қавоиди хутут»-и Маҷнун ибни Камолиддин Рафиқии Ҳаровӣ (асри XV)-ро номбар кардан кифоя аст, ки дар онҳо усул, тарз ва таркиби навишти ҳарфҳо тасвир ёфтаанд. Дар бораи тарзи навишти навъҳои хат ва ҳарфҳои алоҳида шоирон ва хаттотон шеърҳо эҷод кардаанд. 
Хати арабиасоси форсӣ дорои хусусиятҳои аҷибе мебошад. Тарзи навишт ва талаффузи он ҳангоми оғоз намудан хеле душвор аст. Мо тарзи навишти ин хатро бо раҳбарии устод  Ҷамшед Ҷумъақулов омӯхтем. Аз он кас чӣ гуна доштани қалам, бӯр ва пероро омӯхтем. Баробари ин, мо аз  ӯ санъати хаттотиро ҳам омӯхта, аз асрори хаттотӣ то ҷое огоҳ гаштем. Ҳамаи донишҷӯён дар ҷараёни дарсҳои форсӣ бо шавқи баланд иштирок мекунанд. Ман ин хатро бо шавқу ҳавас дар тахтаи синф ва дафтар менависам ва худро ҳангоми навишт гӯё дар олами дигар ҳис мекунам. Ин хат инсонро ба худ ҷалб месозад. Мо донишҷӯён аз ин бениҳоят хурсандем.  

Диловар БОЙМУРОДОВ,
донишҷӯи ДДТ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: