ДАРСИ МАҲОРАТ ДАР МАКТАБ

Бо ташаббуси роҳбарияти мактаби таълими ҳамагонии рақами 54-уми ноҳияи Китоб вохӯрӣ ба амал омад.

 Барои синфҳои болоӣ ва хатмкунандагон номзади илмҳои педагогика, дотсенти Донишгоҳи давлатии педагогии Чирчиқ, муаллими ботаҷриба Дилмурод Муҳаммадиев вохӯрӣ ва дарси маҳорат гузаронд.
Дар аввал муаллим иштирокдоронро бо ҷараёни инкишофи таълиму тарбия шинос намуд. Хусусан аз чораҳои амалӣ доир ба соҳаи тайёркунии муаллимони тоҷикзабон, шартҳои қабул, нақшаҳои хониш, рӯйхати фанҳои  махсус дар мактабҳои олӣ хабардор кард.
Вохӯрӣ бо саволу ҷавобҳои дутарафа хеле завқовар ва фоиданок буд. Муаллим дар мавзӯъи “Методҳои замонавӣ ва инноватсионии таълим, хусусиятҳои педагогикаи креатив” дарси маҳорат гузашт. Ин дарс нафақат барои хонандагон, балки барои муаллимони ҷавони мактаби дурдаст завқу шавқи зиёд ба вуҷуд овард.
Бо воситаи саволҳои махсус хонандагони зеҳнашон тез ва фикрашон  мукаммал ҷудо карда шуд.  Ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд. Инчунин, падару модари хонандагони фаъол бо ташаккурномаҳои роҳбари мактаб тақдир шуданд.

Маҳмадалӣ МАҚСУДОВ,
омӯзгори санъати тасвирии мактаби 54-уми ноҳияи Китоби вилояти Қашқадарё
.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: