Дар ҷараёни дарс ба хонандагони мактаб оиди мавзӯъҳои дарс, аз ҷумла, мавзӯи глобус аз нуқтаи таълими назарӣ маълумоти муфассал медиҳем.
Дар ҷараёни дарс ба хонандагони мактаб оиди мавзӯъҳои дарс, аз ҷумла, мавзӯи глобус аз нуқтаи таълими назарӣ маълумоти муфассал медиҳем. Пас аз гузаштани машғулоти назарӣ дар мавзӯи “Глобусҳои географӣ” ба хонандагони синфи 6-уми мактаб ва вуҷуд доштани “Глобуси релефдор” дар Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон ба номи Мирзо Улуғбеки пойтахт шавқи аз наздик дидани он дар онҳо пайдо шуд. Ба наздикӣ бо хоҳиши хонандагон ҳамроҳи омӯзгорони мактаб Саидҳамдам Аҳмадов, Саидвосит Аҳмадов ва Далер Ибодуллоев ба донишгоҳи номбурда рафтем. Глобус дар бахши геология ҷойгир буд. Дар бораи глобус маълумоти муфассал дода шуд. Глобус – модели хурдкардашудаи курраи Замин буда, қиёфаи зоҳирии Замин ва нисбати қисмҳои калони онро (материк, ӯқёнус, қитъаҳо) дақиқ ва аёнӣ тасвир менамояд. “Глобуси релефдор”, ки онро соли 1984 Георгий Ошев таҳти роҳбарии Ҳамидулло Ҳасанов сохтааст, аз рӯи масштаби 1:7000000 тартиб дода шудааст. Диаметри вай 2,5 м, вазнаш 490 килограмм мебошад. Дар рафти суҳбат маълум шуд, ки географшинос Ҳамидулло Ҳасанов глобусро соли 1984 аз шаҳри Перми Русия оварда, ҳамроҳи ҳамкасби худ Г.Ошев онро мукаммал намудааст. Алҳол глобуси мазкур дар ҷаҳон аз рӯи бузургӣ дар ҷойи сеюм қарор мегирад.
Мувофиқи маълумоти мавҷуда, аввалин глобуси нимкураи шимолиро Абурайҳон Берунӣ (973-1048) дар асри XI офаридааст. Нахустин глобуси географии мукаммалро, ки тамоми курраи Заминро тасвир кардааст, соли 1492 олими немис Мартин Бихайм офаридааст. Лекин дар он Амрикою Австралия ва Антарктида тасвир наёфтааст. Глобусе, ки Юсуф Ҳайатӣ соли 1886 сохтааст, дар осорхонаи таърихи маданият ва санъати шаҳри Самарқанд нигоҳ дошта мешавад. Ҳоло глобуси калонтарин дар ИМА аст. Аз вай хурдтар дар Русия дар шаҳри Санкт-Петербург ҷой дорад. “Глобуси релефдор”-и Ҳасанов дар ин раванд ҷойи сеюмро ишғол менамояд. Дар замони ҳозира якчанд навъи глобус мавҷуд аст. Инҳо глобусҳои мактабӣ, релефдор, ҷирмҳои осмонӣ мебошанд.
Ҳомидҷон ҲОҶИЕВ,
омӯзгори фанни географияи мактаби рақами 43-юми ноҳияи Бӯка.