ДАРСИ ШОҲМОТ

дар мактабҳо ҷорӣ шуд

Чемпионати Осиёи Ғарбӣ бинобар шоҳмот, ки чанде қабл дар байни писарону духтарони аз 6 то 20 сола оид ба намудҳои стандарт, рапид ва блитс дар пойтахти кишварамон баргузор шуд, бешубҳа, барои шоҳмотбозони навраси мо ва Федератсияи шоҳмоти Ӯзбекистон ҳодисаи таърихӣ буд. Дар ин мусобиқаи бонуфуз шоҳмотбозони навраси мо ҳамагӣ 91 медалро ба даст оварданд ва Федератсияи шоҳмоти Ӯзбекистон беҳтарин дониста шуд. Дар рафти мусобиқа мо суҳбати кӯтоҳе доштем бо ноиб-президенти якуми Федератсияи шоҳмоти Ӯзбекистон Ҳусан Турдиалиев, ки онро пешкаши шумо мегардонем. 
– Дар аввал мегуфтед, ки алҳол оиди иҷрои Қарори Президенти кишвар Шавкат Мирзиёев «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба рушди шоҳмот дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» аз 9 августи соли 2018,  чӣ гуна корҳо роҳандозӣ шуданд?
– Мувофиқи қарори мазкур дар 150 мактаби таҳсилоти ҳамагонии ҷумҳурӣ ба сифати намуна дарси шатранҷ дохил шуд. Албатта, умед аст, ки минбаъд теъдоди ин мактабҳо зиёд мешавад ва қарори номбурда дар рушди шоҳмоти кишвар саҳми худро мегузорад. 
– Маълум аст, ба мактабҳои мазкур кадрҳои соҳибмалака заруранд. Дар ин бобат чӣ корҳо бурда мешаванд?
– Чанде қабл аз ҷониби Федератсияи шоҳмоти Ӯзбекистон курсҳои омӯзишӣ ташкил гардид. Барои дарс додани омӯзгорон ва мураббиёни соҳа аз шаҳри Маскав чанд нафар мутахассисони соҳибихтисоси шоҳмотро даъват кардем, ки онҳо дар давоми як ҳафта ба шунавандагон дарс гуфтанд. Ва дар натиҷа мо 150 нафар устоди шоҳмотро барои мактабҳо омода кардем. 
– Бобати бо асбобу анҷоми лозимӣ таъмин кардани мактабҳои мазкур чӣ гуна корҳо бурда шуд ё мешавад?
– Дуруст гуфтед, ки бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин кардани мактабҳои мазкур хеле муҳим аст. Дар ин ҷода корҳои зиёд бурда мешаванд. Аз ҷумла, аз ҳисоби федератсия аз Чин тахтаҳои шоҳмот, соати электронӣ ва тахтаҳои намоиширо харид кардем ва рӯзҳои наздик онҳоро ба мактабҳо тақсим мекунем. 
– Бо барномаҳои таълимӣ таъмин кардани онҳо чӣ тавр сурат мегирад?
– Воқеан, барои бо лавозимоти таълимӣ таъмин кардани мактабҳое, ки дарси шоҳмот ба роҳ монда шуд, мушкилот ҳаст. Чаро, ки пештар мо ин барномаҳоро надоштем. Дар донишгоҳҳои кишвар алҳол мутахассисони шоҳмот таълим дода намешаванд. Аз ин рӯ, мутахассисони мо ин барномаҳоро навишта наметавонанд, фақат метавон таҳия кард. Алҳол чанд нафар донишҷӯи мо, ки бо ташаббуси федератсия ба факултаи шоҳмоти Донишгоҳи давлатии Маскав фиристода шуданд, таҳсил доранд. Ду нафари онҳо имсол хатм карда омаданд. Албатта ин миқдор кам аст, ва мо кӯшиш мекунем, ки ин ҷо мутахассисони соҳаро тайёр кунем. 
– Оиди варзиши ақл ва тафаккур, яъне шоҳмот чӣ гуфтанӣ доред? Он барои бачаҳо чӣ дода метавонад?
– Шоҳмот барои наврасон хеле фоидаовар аст. Касе, ки бо шоҳмот шуғл меварзад, хотирааш мустаҳкам мешавад. Шоҳмот ба таҳлили ягон масъала ва фикрронии он кӯмак мерасонад. Бачаҳоро масруф месозад, ки бо дигар корҳои ношоиста машғул нашаванд, зеро шоҳмот иродаи инсонро бақувват мекунад ва метавон гуфт, ки баробари хелҳои дигари варзиш он низ фоидаовар аст. 
– Пирӯзии шоҳмотбозони кишвар ва ба ҷойи якум сазовор дониста шудани Федератсияи шоҳмоти Ӯзбекистон муборак бошад! Мегуфтед, ки имсол барои шоҳмотбозони мамлакат, аз ҷумла, федератсия чӣ гуна сол буд?
– Албатта, соли хеле хуб буд. Аз тарафи ҳукумати кишвар чун ҳамеша ба шоҳмот эътибори алоҳида дода мешавад. Шатранҷбозон баробари солҳои гузашта дар мусобиқаҳои байналхалқӣ, Осиё ва ҷаҳон бомуваффақият иштирок мекунанд. То имрӯз дар ин мусобиқаҳо аз ҷониби шоҳмотбозони мо беш аз 130 медал ҷамъоварӣ шуд, ки ин натиҷа нисбати солҳои пешин хеле хуб аст. Ва тавре ки маълум аст, шоҳмотбозони мо дар чемпионати Осиёи Ғарбӣ, ки бо ташаббуси Вазорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши кишвар, Кумитаи миллии олимпӣ ва Федератсияи шоҳмоти Ӯзбекистон баргузор шуд, 26 медали тиллоӣ ба даст оварданд. Ғайр аз ин, Федератсияи шоҳмоти Ӯзбекистон аз рӯи ҳисоби умумиҷамоавӣ беҳтарин дониста шуд. Ва фикр мекунам, то охири сол ин миқдор меафзояд, чаро ки мусобиқаҳои зиёд дар пешанд. 

Меҳровари ҚОДИР,
хабарнигори «Овози тоҷик». 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: