Маълум аст, ки соли ҷорӣ ба депутатии Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, шӯроҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ интихобот баргузор мегардад.
Айни замон барои ходимоне, ки бо интихобот сару кор доранд, дар ҳудудҳо семинар-тренингҳо барпо карда мешаванд.
Дар ин бора Комиссияи марказии интихобот ба Академияи сохтмони ҷамъият ва давлати назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон меморандум ба имзо расонидааст.
Имсол дар 912 қитъаву ҳавзаҳои интихоботии вилояти Ҷиззах ба депутатии Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, шӯроҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ шахсони аз ҳар нигоҳ муносибро мардум пешниҳод менамоянд.
Дар ин семинар-тренинг тағйироту дигаргуние, ки дар интихоботи имсола хоҳад сар зад, аз ҷониби тренерҳои ҷумҳурӣ маълумот дода шуд. Маълум гардид, ки тафовут аз солҳои пешин дар он аст, ки интихобот саҳарӣ соати 6:00 оғоз мегардад ва 20:00 ба анҷом мерасад. Тренерҳо аз маркази вилоят ва ҷумҳурӣ дар ноҳияҳо низ корҳои фаҳмондадиҳиро идома медиҳанд.
Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ҶИЗЗАХ.