«ДАРВОЗАИ ҲАВОӢ»-И САМАРҚАНД БОЗ ШУД

Президент Шавкат Мирзиёев ҳангоми ташриф ба шаҳри Самарқанд, ки чанде пеш сурат гирифт, аз шароитҳои дар Аэропорти байналмилалӣ фароҳамгардида дидан карда, пешниҳодҳои худро гуфта буд.

Дар арафаи ҷашни Наврӯз маросими ифтитоҳи Аэропорт баргузор шуд. 

Дар ин маросим беш аз 250 нафар намояндаи давлатӣ ва фаъолони ҷомеа, аз ҷумла ҷонишини якуми сарвазир Очилбой Раматов, ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов, раиси ширкати «Uzbekistan Airports» Раъно Ҷӯраева ва муовини сармудири ширкати «AIR MARA-KANDA» Ҳилмӣ Йилмаз иштирок карданд.
Ҳокими вилоят дар оғози тадбир аз ҷумла чунин гуфт:
– Албатта, имрӯз як рӯзи таърихии шаҳр, яъне, маросими ифтитоҳи бинои нави фурудгоҳи байналмилалии Самарқанд аст. Ҳамаи навсозиҳое, ки дар шаҳри Самарқанд бо мақсади гиромидошти қадри инсон амалӣ мешавад, бевосита бо ташаббус ва назорати Сарвари давлат сурат мегирад. Фурудгоҳ шакли саҳифаҳои кушодаи китоби бобои бузургамон Мирзо Улуғбек – «Зиҷи ҷадиди кӯрагонӣ»-ро дорад, ки ин бесабаб нест ва рамзи хоса дорад. Ҳар як меҳмоне, ки аз роҳи ҳавоӣ ба Самарқанд меояд, албатта нахуст дар аэропорт мефарояд ва таассуроти аввалини худро дар бораи шаҳр аз ҳамин ҷо мегирад… Ман бо истифода аз ин фурсат ба Президент, ки ба сохтмони ин фурудгоҳ шахсан сару бар шуданд, аз номи худам ва фаъолони самарқандӣ ташаккур мегӯям.
Ба гуфтаи ҷонишини вазири нақлиёт Ҷасур Чориев, навсозии аэропорт натиҷаи нахустин лоиҳаи ҳамкории бахши хусусӣ ва давлат дар соҳа мебошад. Сармоягузорон барои иҷрои лоиҳа 83 миллион доллар ҷудо кардаанд. Майдони фурудгоҳ 43 ҳазор метри мураббаъ мебошад ва он ҳам барои парвозҳои байналмилалӣ ва ҳам маҳаллӣ пешбинӣ шудааст. Пеш дар як ҳафта фурудгоҳ 20 парвозро анҷом медод, ҳоло имкони 120 парвоз фароҳам гардид. Ҳамзамон дар як соат имкони хидматрасонӣ ба беш аз 1 000 нафар мусофир пайдо шуд.
Дар идомаи тадбир зикр гашт, ки дар натиҷаи навсозии Аэропорти байналмилалии Самарқанд, ки соли 1967 сохта шудааст, терминали нав, хатҳои нави парвоз ва дигар иншооти зарур сохта шуданд. Имрӯз ҷорӣ намудани режими «осмони кушод», ҷалби 8 ширкати ҳавопаймоии хориҷӣ ва роҳандозии 17 хатсайри нави байналмилалӣ низ амалӣ гардиданд.
Дар ин раванди навсозии фурудгоҳ беш аз 800 нафар бинокорон дар се навбат кор карданд. Мутахассисони Русия, Туркия ва Англия барои хушсифат ба поён расонидани сохтмон роҳнамоӣ намуданд. Минбаъд дар фурудгоҳ беш аз ҳазор нафар ҷавон бо кор таъмин хоҳанд шуд.

З. ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».
Вилояти САМАРҚАНД.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: