ДАРӢ – СИФАТИ ЗАБОНИ ФОРСӢ (ТОҶИКӢ)

Таърихи пайдоиши одаму олам, забон, қавм (миллат) ва давлатҳои кӯчаку бузург ва фарҳанг ва илму адаб аз мавзӯъҳоеанд, ки каминаро бештар мутаваҷҷеҳ месозанд.

Таърихи пайдоиши одаму олам, забон, қавм (миллат) ва давлатҳои кӯчаку бузург ва фарҳанг ва илму адаб аз мавзӯъҳоеанд, ки каминаро бештар мутаваҷҷеҳ месозанд. Мехоҳам дар ин хусус  доираи донишҳоям вусъате дошта бошад. Фикр мекунам, нафароне ба мавзӯоти мазкур  ҳусни таваҷҷӯҳи бештар доранд.
Садҳо пушти инҷониб дар қаламрави Бухорою Самарқанд, ки аз гаҳвораҳои забони форсӣ-дарӣ-тоҷикӣ будаанд, умр ба сар бурдаанд.
Овони хурдсолӣ мафҳуми забону миллат бароям бегона буд.  Бо мурури замон вақте дарк кардам, ки дар гузари ҳамсоя гурӯҳе аз одамон ба дигар забон ҳарф мезананд, аз модарам суол кардам, ки чаро мисли мо ҳарф намезананд? Модарам посух дод:                                                                       
– Инсонҳо аз як падару модар – Одаму Ҳавво зиёд шудаанд. Дертар Худо одамҳоро ба қавмҳо ҷудо кард ва ба ҳар қавм забонеро инъом намуд. Ҳамсояҳои мо турканд ва забонашон туркист.                                                                     
– Пас, мо кием? – кунҷковӣ кардам.                                                                                          
– Мо тоҷикем ва забонамон тоҷикист. 
Ин посух дарси аввали инҷониб аз фанни худшиносӣ буд.                                                                   
Вақте, дар омади гап, ба дӯсти бачагиям – Ҳикмат  аз тоҷик буданамон сухан ба миён овардам, ӯ мисли ҳамеша худро аз ман як зина баланд гирифта, гуфт:                                                                                               
– Ту  чӣ, намедонистӣ, ман хеле пештар огоҳӣ доштам, ки мо тоҷикем? Вай метавонист бигӯяд: “Падарам ё модарам ба ман дар ин хусус гуфта буд”. Вале “Ту чӣ, намедонистӣ?”-аш зиёдатӣ буд.  
Аз кӯҳистон (деҳаи аҷдодиамон – Синтаби ноҳияи Нурато) ба манзили мо – заминҳои навкорам (ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё) меҳмонони зиёде равуо доштанд. Ёдам ҳаст. Дар кӯча бо ҳамсолу ҳамгузарон машғули бозӣ будам. Ин ҳангом гурӯҳе аз меҳмонон пайдо шуданд. Аз байни онҳо кампире дасти навозиш ба сарам гузошту ба тоҷикӣ (форсӣ) суол кард:
– Бачам, туркӣ ё тоҷикӣ?
Ба ҷойи ман зани мизбон, ки онҳоро ҳамроҳӣ мекард, ҷавоб дод:   
– Тоҷики худамон, писари амаки Амонулло...
 Он рӯз суоли кампир ва ҷавоби хеши ӯ қавман тоҷик будани маро таҳким бахшида буд. 
Гуфтугӯйи тоҷикии томактабии мо шевагӣ буд. Дар мактаб моро забони адабӣ (дарӣ, форсии тоҷикӣ) истиқбол гирифт. Веле омӯзгорон, вақте сабақ медоданд, барои ҳаллу фасли мавзӯи мавриди назар шеваро низ ба кор мебурданд. Бад-ин тариқ, явош-явош ба олами забони мураттаб – забони адабӣ ворид мешудем. Яке аз китобҳои дарсии мо ”Забони тоҷикӣ” ном дошт. Дар ёдам мондааст. Муаллими забон ва адабиёт дарси забонро бо услуби ба худ хос оғоз кард. Ӯ китобро болои тахтаи синф устувор намуду ангушт рӯйи номи он гузошта, амр кард, ки хонем. Ҳама бо як овоз садо баланд кардем: “За-бо-ни  то-ҷи-кӣ “. Ӯ гуфт, ки ин забони аҷдоди мову шумост ва ба сифати он пардохт. Бароям мактаб мактаби дуюми қавмшиносӣ гардида буд.
Дар тӯли чанд соли таҳсил омӯзгорони фанни адабиёт, ки тағйир ёфта меистоданд, ибораҳои “адабиёти форс-тоҷик” ва “забони дарӣ”, “лафзи дарӣ”-ро низ аҳёнан ба забон мегирифтанд. Баъзеашон то ҷое, дар доираи бинишу фаҳмиши худ, ин ибораҳоро тавзеҳ медоданд. Вале дақиқ муайян карда наметавонистем, ки чаро як забон се ном дорад. 
Овони мактабхонию донишҷӯйӣ яке аз шуғлҳои дӯстдоштаам шеърхонӣ ва шеъразбаркунӣ буд. Аз шеърҳои Фирдавсӣ, Умари Хайём, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Иқболи Лоҳурӣ... хушам меомад. Вақте ман онҳоро шоири тоҷик меҳисобидаму баъзеҳо мегуфтанд, ки на, онҳо шоири форсанд, ғашам меомад. Пофишорӣ мекардам, ки онҳо шоирони тоҷиканд. Гоҳо дар дарси таърихи адабиёти тоҷик баҳси забони форсию дарию тоҷикӣ  ба авҷи аълояш мерасид. Дар ҳаллу фасли масъала устодон низ ширкат меҷустанд. Вақте ба кӯчаи сарбаста медаромадем, шеъри устод Мӯъмин Қаноат “Ба ҳаводорони забони тоҷикӣ” ба кӯмакамон мерасид:
Қанд ҷӯйӣ, панд ҷӯйӣ, эй ҷаноб,
Ҳар чӣ меҷӯйӣ, биҷӯ.
Бекарон баҳрест, гавҳар беҳисоб,
Ҳар чӣ меҷӯйӣ, биҷӯ.
Форсӣ гӯйӣ, дарӣ гӯйӣ варо,
Ҳарчӣ мегӯйӣ, бигӯ.
Лафзи шеъру дилбарӣ гӯйӣ варо,
Ҳар чӣ мегӯйӣ, бигӯ.
Баҳри ман танҳо забони модарист,
Ҳамчу шири модар аст.
Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест, нест,
Чунки меҳри модар аст.
З-ин сабаб чун шӯхиҳои дилбарам,
Дӯст медорам варо.
Чун навозишҳои гарми модарам,
Дӯст медорам варо.
Инҷониб, ҳарчанд шеъри устод Мӯъмин Қаноатро аз ёд карда будам, ба се забон будани як забон боварам намеомад. Намедонистам, ки об аз таҳи ях ҷорист ва сиёсати ҷудоиандози шӯравӣ дар он аҳд як забонро ба се қисмат карда буд...
Вақте ба сарчашмаҳои таърихиву адабӣ муроҷиат мекунем, мебинем, ки аз замонҳои хеле қадим дар Осиёи Марказӣ қавме бо номи тоҷик  буду бош доштааст. Вале то солҳои 20-уми қарни сипаригардида забону адабиёташро забон ва адабиёти форсӣ (порсӣ) ё дарӣ номидаанд, на тоҷикӣ...
Як мисол аз достони “Қутадғу билик”-и шоири туркигӯй  Юсуф Хос Ҳоҷиб доир ба қадимияти номи тоҷик ба сифати миллат: “Тоҷикон инро дар китоб навиштаанд, агар навишта намешуд, онро кӣ мехонд?”.  Ба ҷуз ин, аз шоирони қадими тоҷик Ҷалолуддини Балхии Румӣ, Саъдии Шерозӣ ва дигарон метавон ба тариқи мисол байтҳои зиёдеро овард, ки дар онҳо вожаи “тоҷик”  ба сифати қавм истифода шудааст.
Туркӣ куну чустӣ кун, на тоҷикиву сустӣ.
Ҷалолуддини Балхӣ.
***
Нигори турки тоҷикам кунад сад хона 
вайрона,
Бад-он миҷгони тоҷиконаю чашмони 
туркона.
Фонӣ (Алишер Навоӣ).
Мисолҳо зиёданд, вале сухан ба дарозо мекашад.
Фикр мекунам, дар солҳои 20-уми қарни сипаригардида барои устод Садриддин Айнӣ ибораи “забони тоҷикӣ” нав буд. Аз таълифоти ӯ доир ба қавми тоҷик ва забони ӯ бармеояд, ки ба ибораи “забони тоҷикӣ” дер унс гирифтааст. Зеро дар мақолаҳояшон оиди забон корбурди ибораи “забони форсӣ” назар ба “забони тоҷикӣ” бештар аст.
Меоем ба сари дарӣ – сифати забони форсӣ (тоҷикӣ). Даставвал рӯ меоварем ба маънии вожаи “дар”. Вожаи “дар” дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” ба ду маънӣ омадааст: 1. Табақаи тахтагин ё оҳанин барои пӯшондани даромадгоҳи хона. 2. Даргоҳ (дарбор), хонадон. Мисол:
Худу Геву Гударзу чандин савор,
Бирафтанд шод аз дари шаҳриёр.
(Фирдавсӣ).
Забони дарӣ, яъне забони дарбор. Дар гузаштаҳои дур забони дарбории порсӣ ё форсӣ аз забони аҳолӣ (авом) фарқ мекард, дарбориён – умарову уламо, шуаро ва аристократияи тоҷик бо забоне мураттаб ҳарф мезаданд, фармони шоҳону амирон низ бо ин забон доир мегардид. Бояд бигӯем, ки доир гардидани амру фармонҳои зимомдорони Осиёи Марказӣ базабони дарӣ то ибтидои садаи ХХ идома ёфтааст. Ва ҳамин забони мураттаб бо мурури вақт номи забони дарӣ (дарборӣ)-ро гирифт. Дертар ин забон аз доираи дарбор берун рафт ва дар байни халқ интишор ёфт. Ва ҳар касе, ки бо забони мураттаби порсӣ ё форсӣ ҳарф мезад ё таълифоте анҷом медод, мегуфтанд: фалонӣ бо шеваи дарӣ (дарборӣ) ҳарф мезанад ё менависад. Пас, дарӣ сифати забони форсӣ (порсӣ-тоҷикӣ) аст. Дар забони форсии имрӯз ибораи “форсии дарӣ” ба кор бурда мешавад, ки ишора ба ҳамон забони Рӯдакиву Фирдавсиву Ҷалолуддин Балхии Румӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва дигар шуарост...
Фарҳангнигорон вожаи “дарӣ”-ро бино ба сайри таърихии он шарҳ додаанд. Дар қисми якуми “Фарҳанги забони тоҷикӣ” омадааст: “Номи забони форсию тоҷикии адабӣ, ки баъд аз забони паҳлавӣ аз асрҳои XIII-IX сар карда, дар вилоятҳои Бухоро, Самарқанд, Хуросон ва Балх нашъунамо ёфт ва дар давраҳои баъд ба дигар сарзамин паҳн шуда, асос ва намунаи забони адабии форсӣ гардид. Беҳтарин намунаҳои ин забон асарҳои адибони асрҳои X-XI ҳамчун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Балъамӣ, Сино ва дигарон ҳисоб шуда, дар давраҳои баъдина устодони каломи бадеӣ монанди Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ ва дигарон низ забони худро забони дарӣ номидаанд”.
Шарҳи ин вожа дар “Фарҳанги форсии Амид”: “Дарӣ – мансуб ба дар ё дарбор, дарборӣ; забони форсие, ки баъд аз забони паҳлавӣ мутадовил (дорои корбарии фаровон) гардида ва бо андак тағйире ба сурати форсии кунунӣ даромадааст”.
Вожаи “дарӣ” ё “лафзи дарӣ”-ро шуарои қадими форс-тоҷик дар шеъри худ ба маънии забони дарӣ (дарборӣ) фаровон истифода бурдаанд:
Дариву тозиву туркӣ бигӯяд,
Ба алфозе, ки занг аз дил бишӯяд.
(Фаридуддини Гургонӣ).
***
Дид маро гирифта лаб оташи порсӣ 
зи таб,
Нутқи ман оби тозиён бурда ба нуктаи 
дарӣ.
(Ҳоқонӣ).
***
Чу бо одамӣ ҷуфт гардад парӣ,
Нагӯяд парӣ ҷуз ба лафзи дарӣ.
(Унсурӣ).
***
Зи шеъри дилкаши Ҳофиз касе бувад 
огоҳ,
Ки лутфи табъу сухан гуфтани дарӣ 
донад.
(Ҳофизи Шерозӣ).
***
Ба лафзи дарӣ ҳар чӣ бар ақл тофт,
Ба юнонӣ алфоз аз ӯ нақл ёфт.
(Абдураҳмони Ҷомӣ).
***
Гарчӣ ҳиндӣ дар узубат шаккар аст,
Лек гуфтори дарӣ ширинтар аст
(Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ).
Ин навишта ба он хотир буд, ки дар кишвари мо сатҳи худшиносии миллӣ, хоссатан сатҳи худшиносии миллии тоҷикон, хеле поин рафтааст. Дар маҷмаъ, то он ҷо поин рафтааст, ки забони матбуоти худро намефаҳманд, ба гуфтаҳои бепояву бемояи онҳое, ки мегӯянд: форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ се забон аст, бовар доранд. Ҳамчун ба он хотир буд, мардум донанд, ки ҳарчанд аксарияти тоҷикон ва эрониён дар мазҳаб ҷудоянд, аммо дар забону фарҳанг ҷудо нестанд. Онҳоро дар ҳамаи асру замонҳо забони муқтадир, пуробуранг ва зебое бо номи форсӣ ё дарӣ муттаҳид сохтааст. 

А. СУБҲОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: