ДАСТ ДАР ДОМОНИ ҲАЁТ

Баҳори соли 1944.

Дар як кулбаи рутубатнок, сари сандалӣ Ойгул бо чор писарчааш менишаст. Кулбаи нӯҳболора девору сақфаш ҳама сип-сиёҳ, боми лойинаш мечакид. Дар ҳар ҷо-ҳар ҷойи хона дар зери чакраҳо табақҳои чӯбин, яке лабшикаставу дигаре сиёҳизада, гузошта шуда буданд. Дар як гӯшаи хона, наздик ба дари даромад, танӯрчае барои хӯрокпазӣ сохта буданд, ки дар болояш деги як гӯшааш шикаста чаппа мехобид. Дар назар чунин менамуд, ки ин дегу дегдон ба ин наздикиҳо на алавро дидаасту на равғану пиёзро.
Чакраҳо пасу пеш ба рӯйи табақҳо чакида як оҳанги ҳузнангезеро дар муҳити ороми ин хона эҷод мекард. Чанд рӯз боз борон меборид. Оби борон аз қабати хоку гили сармозадаи бом гузашта, аз байни пушу шохи кӯҳнашуда шорида, ранги худро сиёҳтоб намуда, ба сари як мушт ятими бечора мечакид. Чаккиши бом гӯё бо ин рангу ҳолат гуфтан мехост, ки зиндагӣ ва ҳаёт ҳама вақт мусаффо нест, балки сиёҳӣ ва ғализиҳоро низ бо худ дорад.
Ойгул ба наздикӣ аз шавҳараш, ки дар фронт буд, хати сиёҳ гирифт. Ин зани бевамонда акнун фикри хӯронда пӯшонидани чор сағири худро мекард. Дар хона аз хӯрданӣ чизе намонда буд. Ӯ ҳоло дар баҳри хаёл ғарқ шуда, чашмонашро ба як гӯшаи хона дӯхта, дар ғами зиндагии пешомад обу адо мешуд. 
– Ҳа,– гуфт оҳи дардноке кашида худ ба худ, – замон замони вазнин шуд. Ҳар кас танҳо ғами худро дар сар дорад. Ҳама дар пайи бору хари худ аст.
Шир-шири борон ба дилам зад, кай ин ҳаво гиреҳи пешонеша мекушода бошад? – гуфт зан ба берун нигариста, – ҳеч набошад қоқу ё пудина чида барои бачаҳоям меовардам. 
Писарчаҳояш аз гуруснагӣ инҷиқӣ мекарданд. Бахусус, аз ҳама хурдӣ, ки акнун якунимсола шуда буд. Вақте ки Муҳсин ба аскарӣ даъват шуд, ин тифл ҳанӯз дар батни Ойгул буд. Бо сад орзую умед Дадабой ном монданд, ки мисли падар ғаюру далер ва пуштибони хонадон бошад. 
– Оча хӯрдан мехоҳам, ягон чиз диҳед хурам, аз гуруснагӣ мемурам, – як-як нолиш мекарданд писарбачаҳо. – Инту нагӯед, ҳоло рӯзатон дар пеш аст, ин рӯзҳоро аз ёд мебароред, – мегуфт модар писаронашро ором кунониданӣ шуда, – агар хоб кунед, гуруснагиро ҳис намекунед. 
Ойгул нағз медонист, ки бо шиками гурусна хоб намебарад, лекин дигар илоҷ набуд. Мегӯянд, ки гуруснагӣ медавонаду лучӣ мешинонад...
Саҳарӣ абрҳо пароканда шуда осмони нилгун намудор шуд. Пас аз фурсате офтоби ҷаҳонтоб ҷамоли нурбори худро намоиш дода, гармиву ҳарорат ба табиат эҳсон намудан гирифт. Ойгул кӯдаки хурдияш дар бағал ва се писари дигар дар пас роҳи деҳаи ҳамсояро пеш гирифт. Дар роҳ қоқуву бехи алафҳоро хӯрда ва бо ҳавои пойи кӯдакон роҳ гашта, наздики нисфирӯзӣ ба деҳаи ҳамсоя расиданд. Дар он ҷо ҳам аҳвол чунин буд. Ятимакон дар ба дар мегаштанду барои шикамашон қути лоямут металабиданд. Ойгул ба чанд хона сар халонид, аз санг садо баромаду аз онҳо не. Танҳо як зани раҳмдил ҳиммат карда косаи ҷурғоте мурооташон намуд. Косаи ҷурғотро бо навбат кам-кам хӯрда, боз роҳи деҳаи худро пеш гирифтанд.
Бори зиндагӣ ба зан вазнинӣ мекард. Ӯ бемадорона қадам монда, кӯдаки худро гоҳ дар бағал ва гоҳ дар пушт мегирифт. Дар ин замона кас сари қоқи худро таъмин карда наметавонад, боз бар болои ин чор сағир бароям бори гарон шуд, – мегуфт хаёлан Ойгул. Рӯз бегоҳ шуда офтоб ҳам уқёнуси нилгуни осмонро сайр карда, акнун барои ғуруб роҳи ғарбро пеш гирифта буд. Торикӣ нафаромада ба деҳа расидан даркор, набошад ба дасти гургҳои гурусна афтиданамон аз эҳтимол дур нест, – ба бачаҳояш муроҷиаткунон гуфт модар. 
Вақте ки онҳо сари ағба расиданд, шамоли сахт мевазид. Ҳарчанд фасли баҳор бошад ҳам, ин шамол як сардӣ ва нофорамӣ бо худ дошт, ки ба ятимакон нафорид ва сару пойи онҳо ба ларзидан сар карданд. Пеш аз ҳама Дадабойи дар пушти модар буда ба нолиш даромад.
– Хап ист! – асабонӣ шуд модар, ки аллакай фишори зиндагӣ торҳои асаби ӯро таранг ва яъсу ноумедӣ дилашро панҷа мезад.
– Хап гуфтам, набошад аз болои ин харсанг ба поён ҳаво медиҳам, ки туро гургҳо мехӯранд, – гуфт модар кӯдакро тарсониданӣ шуда. 
Воқеан ҳам чунин кунам мешавад-ку? Аз як хӯрандаву як дарди сар халос мешавам. 
Модар бо қатъият тифлро гирифта рӯйи харсанг баромад. Дар поён ҷарии чуқур сар шуда то сой кашол меёфт. Ӯ бе ҳеҷ як дудилагӣ кӯдакашро аз пушт гирифта барои ба қаъри ҷарӣ ҳаво додан омода шуд. Кӯдак дар сари панҷаи модар аз гиря боз монда, ба дасту позанӣ даромад. Гӯё ӯ аз нияти модар воқиф шуд, ки барои давом додани ҳаёт, барои зинда мондан ҷавлон мезад. Баъзан ғунг-ғунг садо бароварда бо ҳаракати беғубори бачагӣ ҳоло хаёли мурдан надоштани худро ба модараш фаҳмондан мехост. Кӯдак чанд лаҳза дар сари панҷаи модар пойҳояш овезон монд. Дастони модар хастагиро ҳис мекард, он дастоне, ки барои ин тифл ҳаёт бахшид, ӯро аз як порча гӯшт ба шакли одамӣ мубаддал сохт, шустушӯ намуду хушконид, ба гаҳвора баст. Инак, ин лаҳза дастони мӯъҷизаофар мехост тифли бегуноҳро сӯйи ҷарӣ ҳаво диҳад. Қатраҳои ашки модар аз рухсорааш ба рӯйи кӯдак кӯчид. Ҷигараш, мисле ки дар рӯйи оташ монда бошад, ҷаз-ҷаз месӯхт. 
Аммо лаънат ба ин ҷанги хонумонсӯз, ки ин қаҳтиву гуруснагиро ба сари мардум овард, бо паю қадами шумаш ин занро аз шавҳар ва тифлаконро аз падар маҳрум сохт. Ойгул худро дар ин лаҳзаҳо гунаҳгор намеҳисобид, балки ба ҷангу ҷангҷӯён лаънат мехонд. Дастони модар монда шуда дигар мадори доштани кӯдакро надоштанд. Барои зинда мондани кӯдак лаҳзаҳои башумор монда буд. Чашмакони шаҳлои ба сӯйи модар дӯхташудаи кӯдак дили ӯро сӯрох кард. Ба ин меҳри шарарбор тоқат наоварда Ойгул чашмонашро сахт пӯшида, кӯдакро аз даст раҳо кард. 
Чизе аз гиребонаш гирифта ӯро ҳам ба қаъри ҷарӣ бурдан хост. Дили модар сахт ларзид ва аз тарс чашмонашро боз кард. Дид, ки тифлаш бо ду даст аз бари рӯймоли ӯ маҳкам медорад. Меҳри модарӣ ин дафъа ғолиб омад. Ӯ чобукона бо дастонаш кӯдакро ба қафаси синааш пахш карда, худро аз сари харсанг ба зудӣ қафо гирифт.

Ба сари синааш чанд бор туф-туф гуфта, гӯё тарсу ҳаросро аз худ дур партофт. Онҳо роҳро давом доданд. Ҳамин ки ба деҳа наздик омаданд, офтоб ҳам домани равшани худро ғундошта паси ағбаи баланд менишаст. 
Аз қафои онҳо аспсаворе дартоз меомад. Дар баробари ба онҳо наздик шудан, аспи тездави тафсида баногаҳ “пух” карда садо баровард. Аз ин садо Ойгул тарсида худро аз роҳ канор гирифт. Савора низ бо мақсади шинохтани равандагон суръати гашти аспро каме суст кард.
– Э келин, ин туӣ? – ба Ойгул муроҷиат намуд аспсавор. 
Ин савора раиси ҷамоа Маҳмуди Оқил буд. Ӯ як марди қадбаланди тануманд, ситорагарм ва оқилу хирадманд буд. Риши мошу биринҷшуда ва саллаи кабуди сараш ба худаш мезебид. Ойгул шунида буд, ки дар ин солҳои мудҳиш ин мард ба беваю бечораҳо бисёр ёрмандӣ кардааст.
– Аз куҷо меоед? – аспро нигоҳ дошта аз Ойгул пурсид раис.
– Аз қишлоқи ҳамсоя, барои хӯрданӣ рафта будем, – шармида ҷавоб дод Ойгул.
– Озуқа тамом шуд?
Оҳиста барои тасдиқ Ойгул сар ҷунбонид.
– Ҳеч гап не, пагоҳ анборчиро мегӯям ба шумоён ягон чиз оварда медиҳад. Канӣ ин шербачаҳоятро ба аспи ман савор кун, – гуфта ба Ойгул амр намуд раис.
Вақте ки Ойгул бо писарчаҳояш ба хона омад, аллакай говгум шуда буд. Ӯ дари хонаро кушода чароғи карасиниро аз тоқча гирифта гиронд. Шуълаи оташ дар аввал ду-се бор милт-милт намуда, баъд якбора баландтар шуда хонаро равшан кард.
– Ойгул дар хонаӣ? – аз берун садои ҳамсоязан баромад.
– Ҳа, куҷо ҳам мешудам, ҳамсоя, – гуфт базӯр Ойгул овоз бароварда.
– Каме ҷаву гандум доштем, имрӯз бо дасттоз орд карда гирифтем. Ана, бароятон нони гарм овардам, – гуфт ҳамсоязан ду нони гарми дастсӯзро ба Ойгул дароз карда.
– Раҳмат, ҳамсояҷон, бароямон бисёр некӣ кардед,– гуфт хурсанд шуда Ойгул. Ин некиҳо аз мо нагардад, аз Худо гардад.
– Ҳеч гап не, як пора нона бо ҳам мебинем, бачаҳоят калон шаванд, ҳамааш хуб мешавад, – гуфта ҳамсоязан баромада рафт. 
Ҳамаи инро Ойгул барои худ як фоли нек ва пешомади хуб дониста, аз нобуд накардани тифли бегуноҳаш, дар азоб намондани ҷисму рӯҳаш хотирҷамъ шуд. 
Ғами рӯзӣ махӯр, барҳам 
мазан авроқи дафтарро,
Ки пеш аз тифл холиқ пур 
кунад пистони модарро.
Саҳарӣ анборчии колхоз як ҷувол гандум оварда, рӯйи ҳавлӣ фаровард.
– Инро раис фармуданд, – гуфт ӯ ва илова намуд:
– Хоҳарам, мо фарзандони дар ҳимояи Ватан қурбоншудагонро хор шудан намемонем, – анборчӣ сари бачаҳоро, ки пасту баланд наздаш рост меистоданд, меҳрубонона сила карду аз ҳавлӣ баромад.
Солҳо яке паси дигар меомаданду мегузаштанд. Чӣ қадар барфу борон аз само ба замин рехта, нақши пойҳоро кӯр кард. Аз ин пас ҳар баҳори навомада барои Ойгул тоза-тоза барору фатҳу нусрат меовард. Ӯ дар колхоз кор карда, барои тифлаконаш ризқи ҳалол пайдо мекард. Фарзандонаш ҳам ба камол расиданду дар зиндагӣ дасти ӯро гирифтанд. Акнун ӯ дигар дар саҳро кор намекард, чунки писаронаш соҳиби кор ва пулу мол шуда буданд. Дадабой ҳам мактаби миёнаро хатм карда дар мактаби олӣ таҳсил гирифт. Бо мурури вақт Ойгул яке паси дигар ба хона келин овард. Соҳиби чанд набера шуд. Писаронаш як-як хонаву ҳавливу ҷой карда, баромаданд. Писари хурдӣ – Дадабойи меҳрубони ӯ ҳам соҳиби оила шуд. Ӯ ба модараш он қадар меҳрубон, ки тасвираш оҷиз аст...
Ба туфайли осудагиву равнақи замон Дадабой низ дар андак вақт соҳиби ҳавливу макони обод шуд. Хонаву дари ободи ӯро дида, момои Ойгул хурсанд буд. Аз «бибиҷон» гуфта атрофаш чархзании наберагонаш дилаш чаман-чаман мешукуфт. Вале то вопасин лаҳзаҳои умр манзараи сари он харсангу ҷарии баланд ва он тифли гиребонгири сари дасташ хотири ин занро тарк намекард.

Илҳом ХИДИРОВ,
ноҳияи Сариосиё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: