Дастаи мунтахаби дзюдочиёни Ӯзбекистон натиҷаи беҳтарини худро дар дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпӣ нав карданд

Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF) аз анҷоми марҳилаи интихобии Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 хабар дод ва номи варзишгарони ҷаҳонро, ки дар мусобиқоти асосии чаҳорсола ширкат мекунанд, номбар кард.

Дар миёни онҳо мунтахаби Ӯзбекистон низ ҳаст, ки бори аввал дар таърихи худ 12 роҳхат (7 мардон, 4 занон ва 1 омехта) ба даст оварда, натиҷаи беҳтаринашро нав кард.

Тавре интизор мерафт, бачаҳо дар ҳамаи вазнҳо ҷойҳои худро дар раддабандии олимпӣ нигоҳ дошта, дар мусобиқоти Париж бо ҳайати пурра ширкат хоҳанд кард. 4 нафар аз духтарон бори аввал дар рейтинги олимпӣ аз ҷойҳои ҷоизадор ҷой гирифтанд. Ин, дар навбати худ, имкони иштирок дар барномаи дастаҳои омехтаро фароҳам меорад.

Номи дзюдочиёне, ки шарафи Ватани моро дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 ҳимоя мекунанд:

Мардон:

-60 кг: Достон Рӯзиев

-66 кг: Сардор Нуриллаев

-73 кг: Муродҷон Юлдошев

-81 кг: Шарофиддин Болтабоев

-90 кг: Давлат Бобонов

-100 кг: Музаффарбек Турабоев

+100 кг: Алишер Юсупов

Занон:

-48 кг: Ҳалима Қурбонова

-52 кг: Диёра Келдиёрова

-70 кг: Гулноза Матниёзова

-78 кг: Ирисхон Курбонбоева

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: