ДАСТАИ МУНТАХАБИ ӮЗБЕКИСТОН — ҒОЛИБ

Дар Намангон турнири байналхалқии Лигаи чемпионҳо оид ба ҷанги тан ба тан ба амал омад.

Дар он варзишгарони Ӯзбекистон, Русия, Қазоқистон, Белорус ва Тоҷикистон иштирок карданд.
Турнир, ки мувофиқи тақвими мусобиқаҳои Федератсияи байналхалқии ҷанги тан ба тан ташкил шудааст, дар стадиони «Навбаҳор» бо маросими тантанавӣ ва консерти калон бо иштироки ҳунарпешагони машҳур оғоз ёфт.
Имрӯз дар вилоят аз рӯйи намуди мазкури варзиш беш аз 40 сексия фаъолият нишон медиҳад. Варзишгарони ҷавон мисли З. Алимҷонова, А. Ҷӯрахонов, Ш. Назаралиев, М. Абдуллоев, Б. Шаропов дар турнирҳои бонуфузи байналхалқӣ, ки соли ҷорӣ дар Уфа ва Минск баргузор гардиданд, ҷойҳои ҷоизадорро соҳиб шуданд.
Дар мусобиқаи мазкур аввалин шуда ба қолин варзишгарони тоифаи вазнашон то 60 килограмм баромаданд. Дар он намояндаи мамлакатамон Ш. Турсунов Ф. Ахмедҷонови тоҷикистониро пеш аз муҳлат мағлуб намуда, ғолиби турнир гардид. О. Нормуродови қашқадарёӣ дар вазни то 65 килограмм бар намояндаи Қазоқистон Д. Қаишбеков ғалабаи соф ба даст овард.
Боз як баҳс, ки бемуросо гузашт, аҳамияти ҳалкунанда дошт. Чи хеле ки пешбинӣ шуда буд, дар вазни то 70 килограмм варзишгари тошкандӣ М. Мамаҷонов варзишгари русиягӣ, чемпиони дукаратаи ҷаҳон ва Аврупо Р. Гамидуллаевро мағлуб кард. Дар тоифаи вазни то 55 килограмм чемпиони Осиё А. Ҷӯрахонови намангонӣ ба Т. Иноятов (Тоҷикистон) ягон хел имконият нагузошт.
Баъд аз ин ҷанги якка ба якка барои ҷоиза ба амал омад. Дар раунди 5-ум намояндаи Бухоро Ҷ. Ҷумъаев дар тоифаи вазни то 75 килограмм устоди варзиши белорусӣ, финалисти чемпионати ҷаҳон оид ба ҷанги тан ба тан ва самбо Э. Муравителскиро мағлуб кард.
Дар турнири байналхалқӣ, ки дар Намангон бори аввал баргузор гардид, дар ҳисоби командавӣ дастаи мунтахаби Ӯзбекистон ғалабаи мутлақ ба даст овард.
Дар маросими кушоиши мусобиқа ҳокими вилояти Намангон Х. Бозоров нутқ эрод кард.

А. САТТОРОВ, 
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: