ДАСТАИ «ПАЙРАВОНИ БЕҲБУДӢ» ҒОЛИБ ШУД

Бо мақсади тарғиб намудани мероси адибон ва мутафаккирони маъруфамон дар байни донишҷӯён, боз ҳам баланд бардоштани таваҷҷуҳи онҳо ба адабиёт ва фароҳам овардани имконият барои намоиш додани истеъдод ва ҳавасмандгардонии онҳо озмунҳои мухталиф гузаронида мешавад.

Чанд рӯз пеш  марҳилаи 3-юми минтақавии озмуни ҷумҳуриявии «Майдони маърифат» байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар шаҳри Тошканд гузаронида шуд. Ҷамоаи донишҷӯёни факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов бо номи «Пайравони Беҳбудӣ» низ дар ин озмун иштирок карда, сазовори ҷойи аввал шуданд. Дастаи онҳо аз 12 нафар иборат буд.
– Мо аз рӯйи се шарт қувваозмоӣ кардем, шарти аввал «Зиндагиномаи нависанда» ном дошт, – гуфт донишҷӯйи курси сеюм Машҳура Камолова. – Муҷассамаҳои шоирону нависандагони маъруф, ки дар Хиёбони адибон гузошта шудаанд, ҷомеаи мо  яке аз ин адибон Эркин Воҳидовро интихоб намуд ва барои амиқ омӯхтани рӯзгору осори ӯ дар шакли тақдимот нишон додем.
Дар шарти дувум бошад, ҳайати ҳакамон ба дастаҳо 10 саволро аз рӯзгор ва осори шоирону нависандагони маъруф пешниҳод намуданд. Шарти сеюм «Композитсияи театрӣ аз ҳаёт ва эҷодиёти нависандагон» ном дошта, мо дар ин шарт Ойбекро интихоб кардем.
Дастаи «Пайравони Беҳбудӣ» 3 сол боз дар мусобиқаи ҷумҳуриявии «Майдони маърифат» ширкат мекунад. Дар ин муддат ду маротиба дар ҷумҳурӣ сазовори ҷои 2-юм гардидем. Дар мавсими имсолаи озмун, дастаи мо анъанаро идома дода, соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоӣ гардид. Ба ҳар як аъзои даста планшет ва ташаккурнома дода шуд. Мо аз ин муваффақиятҳоямон шод ҳастем, – мегуяд Машҳура. 

Асалмоҳ САРХАТЗОДА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: