Дастаи паралимпии Ӯзбекистон ба Париж омад

Бегоҳии дирӯз аввалин гурӯҳи варзишгарони паралимпии Ӯзбекистон ба Париж омаданд.

Дар Фурудгоҳи байнулмилалии Шарл де Голл аъзои ҳайати варзишии кишварамонро намояндагони Кумитаи тадорукоти Бозиҳои тобистонаи паралимпӣ ва кормандони намояндагии дипломатии Ӯзбекистон дар Фаронса самимона пешвоз гирифтанд.

Варзишгарони мо дар ҷамъомадҳои таълимиву тамринӣ оид ба пара-атлетика ва шиноварӣ, ки мутаносибан дар шаҳрҳои Оксре (170 километр дуртар аз Париж) ва Ажен (720 километр дуртар аз Париж) барпо мегарданд, иштирок мекунанд.

Варзишгарони мо пас аз расидан ба майдонҳои тамрин аз мусоидшавӣ ба иқлим, чораҳои зарурии саломатӣ мегузаранд ва марҳилаи ниҳоии омодагиро ба мусобиқаҳои муҳими паралимпӣ анҷом медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои XVII паралимпӣ дар Париж аз 28 август то 8 сентябр баргузор мешаванд. Дар бозиҳои Париж Ӯзбекистонро 65 варзишгар намояндагӣ мекунанд, ки барои ширкат дар мусобиқоти варзиши сабук, шиноварӣ, дзюдо, пауэрлифтинг, қайиқронӣ дар каноэ, қаиқронӣ академикӣ, таэквондо, тирандозӣ ва велосипедронӣ 113 иҷозатнома ба Бозиҳои тобистонаи паралимпӣ гирифтанд. Ин натиҷаҳо ба шарофати таваҷҷуҳи роҳбарияти ҷумҳурият ба инкишофи ҳаракати паралимпӣ, ташкили раванди машқ бо назардошти ҳолати ҷисмонии ҳар як варзишгар ба даст оварда шуданд.

13 август дар Музейи шӯҳрати олимпии Тошканд маросими ботантанаи гусел кардани ҳайати вакилони спортии мамлакати мо ба Бозихои XVII паралимпӣ дар Париж барпо гардид. Дар он Сарвазири Ӯзбекистон  Абдулла Арипов иштирок кард.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: