Дар давраи пандемия дастгирии оилаҳои эҳтиёҷманд, хусусан кӯмак ба занону духтарон, бо хонакорӣ таъмин намудани онҳо вазифаи муҳим ба шумор меравад.
Дар давраи пандемия дастгирии оилаҳои эҳтиёҷманд, хусусан кӯмак ба занону духтарон, бо хонакорӣ таъмин намудани онҳо вазифаи муҳим ба шумор меравад. Мақсади барномаи «Саховат ва кӯмак» низ ба амал баровардани беҳсозии рӯзгор, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, кӯмак ба шахсони танҳо, пирон, ногиро ва бекорон мебошад.
Шумораи аҳолии ноҳияи Гулистони вилояти Сирдарё 74 ҳазору 622 нафар буда, аз он беш аз 38 ҳазор нафар занону духтарон мебошанд. Занону духтарони банд 13380 нафар, бо шуғли мавсимӣ фарогирифта 1440 нафарро ташкил медиҳад.
Президент ҳангоми ташриф ба вилоят ба масъалаи таъмини аҳолӣ бо кор, хусусан бонувоне, ки дар деҳот истиқомат мекунанд, эътибори алоҳида нигаронд. Бо ин мақсад соли ҷорӣ дар маҳаллаи Ибрат сехи дӯзандагии «Барака чеварлари»-и корхонаи масъулияташ маҳдуди «Miss мiledi» созмон ёфт ва дар ду баст 300 нафар занону духтаронро бо кор таъмин намуд. Дар асоси лоиҳаи «Ҳунарманд – таълим» анъанаи устоду шогирд ба роҳ монда шуд. Маркази «Зани ҳунарманд» ташкил карда шуд, ки дар он занону духтарон ҳунарҳои либосдӯзӣ, кӯрпаю болишт, парда, ҷиҳози арӯс, таомпазӣ, омода кардани газаку шириниҳоро меомӯзанд.
– Аз ҷониби фонди давлатии мақсадноки «Дастгирии оила ва занон» ба 39 нафар аробачаи ногироӣ, асбоби шунавоӣ, асо супурда шуд. Гурӯҳи корӣ ба 238 хонадони 25 ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳои ноҳия рафта, тарзи зиндагии оилаҳои муҳтоҷ, бемор, бепарастор, ногиро, танҳо, серфарзандро омӯхтанд. Хонаву ҷойи 22 нафар таъмир гардид ва ба 10 нафаре, ки дар иҷора нишастаанд, хонаву ҷо ҷудо карда шуд.
Бо мақсади кӯмак ба сиҳатии занон, дар асоси хулосаи тиббии шуъбаи тиббии ноҳияи Гулистон ба ҳисобсурати 14 нафар бонувон 1,5 миллион сӯмӣ маблағ гузаронда шуд, – мегӯяд мутахассис доир ба корҳои дастгирии оила ва маҳалла Наргиза Тоҷибоева. – Дар шароити вазнини имрӯза, ки аксарият бекор нишастаанд ва барои обу газ, қувваи барқ наметавонанд пардохт намоянд, ба 110 нафар занони муҳтоҷ кӯмак расонда шуд.
– Ба роҳ мондани шароити зиндагӣ ба худи соҳибхонаи чашмикордон вобаста аст. Ба замини рӯйи ҳавлӣ аввали баҳор шалғам, кабудӣ ва қулуфнай мекорем. Ду маротиба ҳосили картошкаи баҳориву тирамоҳӣ, ҷуворимакка ва юнучқа мегирем. Ба ғайр аз ин, меваи гуногун мегирем. Дар ҳавлӣ гов, гӯсфанд ва мурғ мепарварем. Даромади аз рӯзгор зиёдатиро мефурӯшем. Хуллас, доимо меҳнат мекунем, – мегӯяд соҳибкор аз маҳаллаи Аҳиллик О. Тӯхтасинова.
Маълум аст, ки баъзе ҷавонони кӯтоҳандеш ба норасоӣ ва мушкилии рӯзгор тоб намеоранд ва аз оила ҷудо шудан мехоҳанд. Масалан, дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз маҳаллаи Зарбдор 6, Ибрат 5, Соибобод 3, Оқолтин 3, Яссавий 2, Аҳиллик 2, Боёвут 2 ҳолатҳои ҷудошавии оилаҳо қайд карда шудаанд. Аксарияти онҳо ҷавононанд. Аз рӯйи ин масъалаҳо низ корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда мешавад. Имрӯзҳо дар давраи пандемия аз ҷониби зершуъбаҳои Гвардияи миллӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ риояи аҳолӣ ба тартибу қоидаҳои муайяншуда таҳти назорат гирифта шудааст.
Ҷаҳонмурод РӮЗИЕВ,
сармутахассис оид ба кор бо фаъолияти иҷтимоиву сиёсии
занон ва оилаҳои эҳтиёҷманди ноҳияи
Гулистони вилояти Сирдарё.