ДАСТГИРИИ БОНУВОНИ КАМДАРОМАД

Бинобар мактуби Сенати Олий Маҷлис аз 20 марти соли ҷорӣ ва Фармоиши Девони Вазирон аз 9 апрели соли 2020 бо мақсади аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ намудани бонувони шароити зисташон вазнин ва оилаи онҳо аз ҷониби Шӯрои Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон, аз ҷумла, барои вилояти Бухоро сармоя ҷудо карда шуд.

Мувофиқи хулосаи гурӯҳи корие, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят вазъи камбағалии аҳолиро омӯхт, ба як қатор оилаҳо молҳои маишии рӯзгор: яхдон, телевизор, мошини ҷо-машӯӣ, плитаи газ, печҳои электрикӣ инъом гардид. Дар маросими супоридани ин ҷиҳозҳо, ки дар доираи ҳаракати умумихалқии «Саховат ва кӯмак» дар ноҳияҳои Вобканд, Олот, Пешкӯ ва Рометан сурат гирифт, иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Карим Камолов иштирок кард. Бештар аз 100 оила дар шароити мураккаби пандемия аз саховатмандии навбатӣ баҳраманд гардиданд.

 А. АВЕЗОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: