Дар даврони пандемия дастгирии оилаҳое, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ эҳтиёҷманд мебошанд, вазифаи рӯзмарра ба шумор меравад.
Дар даврони пандемия дастгирии оилаҳое, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ эҳтиёҷманд мебошанд, вазифаи рӯзмарра ба шумор меравад.
Мувофиқи фармон ва қарорҳои Президент бинобар вусъат додани дастгирии иҷтимоии аҳолӣ, таъмин сохтани фаъолияти муттасили соҳаҳои иқтисодиёт мунтазам тадбирҳо амалӣ мегарданд.
Вобаста ба ин аз ҷониби депутатҳои Шӯрои намояндагони халқии шаҳри Хива бо сарварии сенатор Гавҳар Дурдиева мониторинги тарзи ҳаёт ва фаъолияти истеҳсолии ҷавононе, ки дар 21 маҳаллаи шаҳр зисту зиндагӣ доранд, дар даврони карантин баргузор гардид.
Депутатҳо шоҳиди он шуданд, ки бо вуҷуди карантин ҷавонон ба фаъолияти самарабахш машғул мебошанд.
Дар маҳаллаи «Шихлар» занон 2235, ноболиғон 1511 нафар, оилаҳои эҳтиёҷманд 21 ададро ташкил медиҳанд. Дар доираи ҷанбиши умумихалқии «Меҳру мурувват ва дастгирӣ» бобати ба оилаҳои ниёзманд расонда додани маҳсулоти хӯрокворӣ, ҳамчунин таъмин намудани шуғли аҳолӣ корҳои васеъмиқёс татбиқ мегарданд.
Чунончи шаҳрванд Ф. Саидова, ки дар маҳаллаи «Шихлар» зиндагӣ мекунад, модари 4 нафар кӯдаки ноболиғ аст. Алҳол оилаи мазкур муваққатан ба рӯйхати оилаҳои ниёзманд дохил карда шудааст. Шавҳари ӯ бо кор таъмин гардид. Ғайр аз ин ба оила барои тайёр кардани шириниҳои миллӣ бухорӣ ҷудо карда шуд.
Барои шаҳрвандон аз масолеҳи сабук гармхонаҳо сохта шуданд, ки низ барои таъмин сохтани шуғли аҳолӣ хидмат мекунанд. Бо ташаббуси депутат Г. Маткаримова занони бекори маҳаллаи «Шихлар» дар корхонаи бофандагии «Хива Аслзода – Дилдора» бо кор таъмин гардиданд.
Ғайр аз ин ба масъалаҳои рағбатноксозии моддии ҷавонони маъюб низ эътибор дода мешавад.
Хидмати матбуоти Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.