Дар асоси Фармони Президент аз 12 январи соли 2017 минтақаи озоди иқтисодии «Ургут» ташкил шуда буд. Ҳоло ин минтақа ба бозорҳои дохилӣ ва беруна маҳсулоти гуногуни истеҳсолкардаи худро расонда медиҳад.
– Аз ҷониби Садорати боҷхонаи вилояти Самарқанд бо мақсади ба вуҷуд овардани шароити мусоид барои иштирокдорони минтақаи озоди иқтисодии «Ургут», фаъолияти боҷхонаи «Ургут»-и пости фаъолияти боҷхонаи иқтисодии берунаи «Самарқанд» иборат аз 3 нафар ходим ташкил карда шудааст, – гуфт инспектори калони Садорати боҷхонаи вилоят Темур Назаров, – имрӯз лоиҳаҳои истеҳсолии 67 корхона, ки дар МОИ «Ургут» фаъолият мебаранд, аз ҷониби шӯрои маъмурии минтақаҳои озоди иқтисодӣ тасдиқ гардидааст.
Дар доираи лоиҳаҳои тасдиқгардида дар давоми соли 2018 аз ҷониби 31 чунин корхона дар асоси лоиҳа барои маҳсулоти аз давлатҳои хориҷӣ воридшуда имтиёзҳои 107 миллиард сӯминаи боҷхона дода шуд.
Инчунин, дар давоми 10 моҳи соли гузашта аз ҷониби 13 корхона 17 намуди маҳсулот ба маблағи беш аз 17 ҳазор доллари ИМА аз Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон, Озарбойҷон, Хитой ва Туркия экспорт шудааст.
Дар ҳудуди МОИ «Ургут» ба маблағи 59 млн. доллари ИМА 16-то лоиҳа ба кор дароварда, дар натиҷа, 690 ҷойи кории нав ташкил карда шуд.
Соли ҷорӣ дар ҳудуди МОИ «Ургут» ба кор даровардани 44 лоиҳа ба маблағи 148,1 млн. доллари ИМА дар назар аст. Дар натиҷаи ин, бунёд кардани 3006 ҷойи кории нав ба нақша гирифта шудааст.
– Темурҷон, идораи шумо барои дастгирии тадбиркорон чӣ гуна кӯмак расонда истодааст?— пурсидем аз ӯ.
– Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки тадбиркорон аз имтиёзҳои худ пурсамар истифода баранд. Хабардор ҳастед, ки боҷгирон тадбиркоронро дастгирӣ менамоянд ва дар баробари ин ба ҷойҳо баромада, оид ба мазмуну моҳияти ҳуҷҷатҳои меъёрии аз ҷониби ҳукуматамон қабулгардида корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ мебаранд.
Чунончи, ба наздикӣ дар коллеҷи касбу ҳунари иҷтимоӣ-иқтисодии «Гулобод»-и ноҳияи Самарқанд, бо иштироки тадбиркорон, фермерҳо, донишомӯзон дар мавзӯи «Тартиби экспорти маҳсулоти истеҳсолии маҳаллӣ» вохӯрӣ баргузор шуд.
Дар он оиди мазмуну моҳияти қарорҳои Президент аз 29-уми июни соли 2018 «Дар бораи чораву тадбирҳои боз ҳам ба тартиб овардани фаъолияти иқтисоди берунаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин, такмилдиҳии сохтори батартибоварӣ аз ҷиҳати боҷхона-тариф» ва «Дар бораи пешгӯии нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ ва андозаҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соли 2019 ва барои солҳои 2020-2021» таваққуф карда шуд.
Оиди каме паст шудани боҷи воридотии боҷхона ва ставкаҳои андози аксиз ба воситаи қарорҳои мазкур маълумот дода шуд.
Соли равон бо фармону қарорҳои Президент аввало дар сохторҳои таркибии Кумитаи давлатии боҷхонаи ҷумҳурӣ тағйирот дохил карда шуданд. Аз ҷумла, 1-уми июли соли 2018 расмигардонии боҷхонавии айнан як хел маҳсулот дар доираи як шартномаи савдои беруна ба воситаи тақдим намудани декларатсияҳои даврӣ амалӣ гардонида мешаванд, иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии беруна ҳуқуқи ба брокерҳои боҷхона муроҷиат накарда декларатсияҳои боҷхонавии борро ба воситаи шабакаи интернетӣ дар режими вақти реалӣ навишта ва ба идораҳои боҷхона тақдим карданро гирифтанд.
Аз 1-уми декабри соли 2018 «даҳлези зард», барои маҳсулот ва воситаҳои нақлиётие, ки аз рӯйи санҷиши декларатсияи боҷхона, ҳуҷҷат ва маълумотҳо нишондиҳандаи миёнаи дараҷаи хавфи шакли назорати боҷхона доранд ё ки нисбати маҳсулот ва воситаҳои нақлиётии дар интихоби тасодуфӣ муайяншуда амалӣ карда мешаванд, «даҳлези сурх» нисбати маҳсулот ва воситаҳои нақлиётие, ки дараҷаи хавфи шакли назорати боҷхонавии баланд доранд ё ки дар интихоби тасодуфӣ муайян шудаанд, амалӣ карда мешаванд.
Аз 1-уми марти соли 2019 «даҳлези сабз», ҳангоми қабул шудани қарор дар бораи баровардани маҳсулот ва воситаҳои нақлиётии дараҷаи хавфашон паст истифода шуда, нисбати онҳо шаклҳои назорати боҷхонавӣ амалӣ намешаванд, «даҳлези кабуд», ҳангоми баровардани маҳсулот ва воситаҳои нақлиётии дараҷаи хавфашон миёна шаклҳои назорати боҷхонавӣ баъди баровардани онҳо амалӣ карда мешавад.
Тағйиротҳо гуногун, вале мақсад яктост. Онҳо ба мақсади беҳдошти фаъолияти идораҳои давлатии боҷхона ва ба дараҷаҳои замонавӣ расонидани онҳо амалӣ карда мешаванд.
Хуллас, фаъолияти мо ба он равона карда шудааст, ки натанҳо дар минтақаи озоди иқтисодии «Ургут», инчунин ҳамаи тадбиркорон кӯмаки беғараз расонем.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.