ДАСТГОҲҲОИ ЗАМОНАВӢ ТАҚДИМ ШУДАНД

Дар Вазорати хоҷагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар доираи лоиҳаи «Мустаҳкам кардани салоҳияти техникӣ»-и Барномаи рушди СММ-и барномаи «Идоракунии барқарори захираҳои об дар ҳудудҳои деҳоти Ӯзбекистон»-и Иттифоқи Аврупо маросими супурдани 28 дона дастгоҳи нивелири электронӣ баргузор шуд.

Дастгоҳҳои мазкур ба садоратҳои ҳавзаи сохторҳои ирригатсияи Аму – Қашқадарё, Аму – Сурхондарё, Амударё Чапқирғоқ, Зарафшон, Сирдарё – Сӯх, ки ҳудудҳои пилоти лоиҳа ба шумор мераванд, ҳамчунин, ба Институти илмиву тадқиқотии ирригатсия ва мушкилоти об ва Институти ирригатсия ва муҳандисони механизатсиякунонии хоҷагии қишлоқи Тошканд тақдим карда шуд.
Дар чорабинӣ муовини Вазири хоҷагии об Равшан Мамутов, раҳбари ҳайати Иттифоқи Аврупо дар Ӯзбекистон Эдуардс Стипрайс, вакили доимии Барномаи рушди СММ Матилда Димовска ва дигарон суханронӣ карда, таъкид намуданд, ки мустаҳкам кардани салоҳияти техникии соҳаи хоҷагии об яке аз вазифаҳои муҳим мебошад ва қисми ҷудонопазири баланд бардоштани самаранокии низоми идоракунии об ба ҳисоб меравад. Лоиҳае, ки дар ҳамкорӣ амалӣ мешавад, барои ҷорӣ кардани технология ва ускунаҳои замонавӣ аҳамияти калон дорад.
Нивелирҳои рақамии замонавии таҳти тамғаи «Leica Sprinter 250M» тақдимшуда дар ҷойҳо дар ҷараёни сохтан ва таъмир кардани иншоотҳои гидротехникаи хоҷагии об барои чен кардани масофаву баландӣ, муайян кардани фарқҳои пуркунӣ ва кандан, ҳамчунин, баҳри нигоҳдорӣ ва интиқоли маълумотҳо имконият фароҳам меоранд.

Х.ҲАМИДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: