ДАСТИ БОЗИ МАРДИ САХОВАТМАНД

Дар яке аз ҷамъомадҳои муштараки фаъолони се ҷамоати деҳа гап дар хусуси он рафт, ки бинои ҷанозахонаи қабристони деҳа хеле фартут шудааст ва таъмири ҷиддӣ мехоҳад.

 Аммо барои анҷоми ин кор маблағи қобили мулоҳиза даркор аст. Гуфта шуд, ки шояд дар мавриди ҷамъоварии маблағ ба соҳибкорон муроҷиат кунанд.
– Ман як пешниҳод дорам. Агар онро ҷамъи фаъолони се ҷамоат қабул кунанд, ҳафтаи оянда корҳои сохтмонро шурӯъ хоҳем кард,– гуфт омӯзгори собиқадори деҳа Қодирбек Амирбеков. 
– Чӣ пешниҳод будааст, устод? – пурсид раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Ҳушёр» Мирзоамин Ифтихонов.
– Ман кайҳо боз дар фикри он ҳастам, ки ҳамин бинои ҷанозахонаро вайрон карда, дар ҷояш бинои васеътаре бунёд кунам. Ҳамаи сарфу хароҷоти онро бо писаронам ба дӯш мегирем. Аз мӯйсафедону одамони хирадманди деҳ танҳо фотиҳаи нек мехоҳам,– ҳамаро дар ҳайрат гузошт Қодирбек Амирбеков.
– Анҷоми ин кор ҳадди ақалл саду панҷоҳ-дусад миллион сӯмро тақозо менамояд! – дар ҳоли ҳайронӣ ба Қодирбек Амирбеков рӯй овард яке аз калонсолони деҳа Ҳоҷӣ Субҳонбердӣ Худойбердиев.
– Боке надорад, ҳоҷиака. Аз касе пул ё чизе напурсида, ин корро анҷом хоҳем дод, – гуфт Қодирбек Амирбеков бо қатъияти том.
Аз чунин ранг гирифтани кор ҳама хушҳол гашта, ба чаҳор тараф пароканда шуданд. Баъзеҳо гумон карданд, ки Қодирбек Амирбеков беҳуда чунин вазифаи сахту сангинро бар дӯш гирифт. Бо вуҷуди ин, аксарият эътимод доштанд, ки вай марди ҳарфи худ аст ва ҳар кореро бар дӯш гирад, бекаму кост анҷом медиҳад.
Баъди се рӯз як гурӯҳ ҷавонони деҳ, ки мехостанд барои кор ба Русия раванд, бо даъвати Қодирбек Амирбеков дар деҳа монданд. Онҳо фавран роҳпулиҳои аз хешовандону дӯстон ҷамъоварӣ кардаашонро дубора ба соҳибонашон баргардонданд ва хурсанд шуда, ба вайрон кардани бинои куҳнаи ҷанозахонаи қабристон шурӯъ намуданд. Якчанд мошин беист аз лаби дарё ба кашондани сангу шағал ва рег сар кард.
– Дар аввали кор андак эҳсоси дудилагӣ ҷисмамро фаро гирифт ва ин сабабҳои худро низ дошт. Аммо писарони шермардам гуфтанд, ки ман ҳамеша сари кор бошам ва онҳо маҳсулоти сохтмонии заруриро ба ҷои кор расонда медиҳанд. Ҳамин тавр ҳам шуд. Дар муддати дуним моҳи тобистони соли гузашта бинои нави ҷанозахона сохта шуд. Онро бо дизайни нав сохтем, ки дар тобистон салқин ва дар фасли сармо гарм бошад. Устоҳои чирадаст таҳти роҳбарии Баҳодур Исоев корҳои сохтмонро ба таври аъло иҷро намуданд,– мегӯяд Қодирбек Амирбеков.
Вай боз тазаккур дод, ки ба неву нестонаш нигоҳ накарда, баъзан аз хонаводаҳо ба сохтмончиён хӯроки чошт пухта меоварданд. Баъзеҳо омада аз ӯ мепурсиданд, ки оё ба ягон ёрии молӣ эҳтиёҷ дорад ё не. 
 – Ба ҳамаашон изҳори сипос мекардам ва мегуфтам, ки ин кори савобро бо аъзои хонаводаам  ба фарҷом хоҳам расонд. Вале ба ин ҳарфҳоям нигоҳ накарда, як идда дӯстону бародарон баъди ошноӣ бо ҷараёни кор хоҳиш мекарданд, ки ба ин кори савоб бипайванданд. Баъд барои таъмини аъзои гурӯҳи сохтмон ҳамроҳ  бо маводи хӯрокворӣ андак маблағ аз худ мегузоштанд,– изҳор медорад ин марди саховатпеша.
Шояд муштариёни «Овози тоҷик» гумон кунанд, ки Қодирбек Амирбеков шахси дорову босарват аст ва соҳиби мошинҳои қиматбаҳо мебошад. Ин тавр нест. Вай як мошини «Нексия» дорад, ки дар охири солҳои навадуми қарни гузашта корхонаи мошинбарории Асака истеҳсол кардааст. 
–  Ман ба сохтани ҳавлии бошукӯҳ ва баргузор кардани тӯйҳои пурдабдаба ҳаргиз майл надорам. Ин кори одамони боақлу солим нест гуфта гумон мекунам. Дар атроф одамони ночор кам нестанд. Бояд ба онҳо дасти мадад дароз карду дуояшонро гирифт. Ба фарзандонам ҳамеша ҳамин нуктаро таъкид мекунам. Одамонеро медонам, ки онҳо, аз хеле давлату сарват бархурдоранд, вале аз ҷайбашон як пул барои корҳои хайр намебароранд. Худо кунад, ки онҳо низ ба корҳои савоб даст зананд, – мегӯяд ҳамсуҳбати мо. 
Писарбузургаш Фирдавс дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд таҳсил кардааст ва беш аз понздаҳ сол мешавад, ки дар бемористони марказии ноҳия чун духтури кӯдакон фаъолият мекунад. 
– Соли 1977 факултаи риёзиёти Донишкадаи омӯзгории Душанберо хатм намудам. Солҳои зиёд ба сифати омӯзгори фанни риёзиёт, директори мактаб, раиси ҷамоати шаҳрвандон иҷрои вазифа намудам. Баъд ба нафақа баромадам,– мегӯяд Қодирбек Амирбеков.
Завҷаи ӯ – Ғунчахон Амирбекова духтари қаҳрамонписари шуҷоъи тоҷик, снайпери машҳур, «Баҳодури тоҷик» – Тешабой Одилови ҳушёрӣ мебошад. Ғунчахон дар Донишгоҳи давлатии Фарғона таҳсил кардааст. Ӯ аз оғози фаъолият то синни нафақа дар мактаби рақами 13-уми ноҳияи Сӯх аз фанни химия ва биология ба шогирдон сабақ додааст.
Зану шавҳар се писару ду духтар ва шонздаҳ набера доранд. Ду писари онҳо – Сино ва Комрон ба соҳибкорӣ машғуланд. Гулрухсор ва Зарнигор соҳиби хонаву дари худ мебошанд. 
– Тибқи барномаи «Деҳаи обод» дар деҳаи мо корҳои зиёди ободонӣ сурат мегиранд. Қисме аз роҳҳои дохили деҳ мумфарш гардид, ба роҳҳои боқимонда шағал рехта, ҳамвор карданд. Хонаи маданияти ҷамоатамон комилан аз нав бунёд мегардад. Ҳамаи ин аз шарофати сиёсати хирадмандонаи Президент маншаъ гирифтаст. Ҳоло замонаҳо  куллан тағйир ёфтаву дили мардум ба зиндагӣ гарм мешавад. Шуълаи озодиву демократия ба деҳаҳои дурдасттарини мамлакати соҳибистиқлоламон рафта мерасад ва орзуву ормонҳои одамони зиёд рӯи об мебароянд, – гуфт Қодирбек Амирбеков.
Вай илова кард, ки ҳавлиаш дар шафати қабристони деҳа воқеъ гаштааст. Ҳар пагоҳ барвақт мехезад ва баъди анҷоми намози бомдод дар ҳақи аҳли қабристон дуову фотиҳа мехонад. Зимнан, як байт ҳамеша дар лавҳи хотираш ҷилва мезанад, ки  муаллифашро ёд надорад:
– Ба гӯристон назар кун, то бубинӣ,
Ки дунё бо азизонаш чӣ кардаст.
Гумон мекунам, ки ҳар як фарди соҳибақл маънои онро хуб дарк мекунад ва медонад, ки ҳеҷ кас молу давлаташро бо худ ба гӯр набурдааст, – мегӯяд ин марди ҳимматбаланд.
Ногуфта намонад, ки масоҳати ҷанозахонаи қабристон 270 метри мураббаъро ташкил мекунад. Он барои 1 ҳазору 800 нафар эъмор гардидааст. Ғайр аз ин, бо саъйу эҳтимоми Қодирбек Амирбеков 120 метр роҳи дохили ин қабристон мумфарш шудааст, то ки вақти боронгарӣ равуо аз тариқи ин роҳ мушкил эҷод нанамояд. Барои анҷоми ҳамаи ин корҳо 200 миллион сӯм харҷ гардидааст. 
– Ҳар сол ду-се бознишастаро ба рӯзномаи «Овози тоҷик» обуна мекунам. Ин рӯзномаест, ки бояд ҳар як тоҷик ба он обуна шаваду хонад, – иброз дошт Қодирбек Амирбеков.
Вай барои фаъолияти чандинсолааш бо нишони «Аълочии таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон» сазовор гардидааст. Ровии хушбаён буда, дар қироати шеър ва лутфу гуфтори   шоирона ҳунари комил дорад. Ҳоло ӯ дотсенти Академияи илмҳои Турон мебошад. Моҳи гузашта вайро мардуми деҳа аз Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат» ба депутатии Шӯрои ноҳияи Сӯх номзад пешбарӣ намуданд. Вай бо ба даст овардани овозҳои аксарият аз байни панҷ номзади пешбаришуда депутати Шӯрои ноҳия интихоб гардид.
 – Дар ҷамоати мо сафи одамони дасткушоду саховатманд афзоиш меёбад. Роҳбари хоҷагии фермерии «Ашӯрбой»-и ҷамоати мазкур Усмонҷон Ашӯров ҳамроҳи чаҳор писараш низ ба корҳои хайр даст мезананд. Онҳо ба оилаҳои камбизоат дасти мадад дароз мекунанд. Ба наздикӣ бинои шуъбаи бемориҳои сироятии шифохонаи марказӣ бо кӯмаки молии онҳо хеле хуб тармим гардид, – мегӯяд яке аз омӯзгорони бознишастаи деҳа Мирзоносир Абулҳаев.
Бигзор, теъдоди саховатпешагон биафзояд  ва корҳои хайрашон низ бардавом бошад. Бешак, одамони хайрхоҳу саховатпеша ашхосеанд, ки бо анҷоми корҳои неку хайр намунаи ибрати атрофиён мешаванд.  Ҳоло Қодирбек Амирбеков ва Усмонҷон Ашӯров барин саховатмандонро мардуми деҳаи Ҳушёри ноҳия дуо мекунанд, ки аз корашон барака ёбанд. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА. 
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: