ДАСТИ ШАРИФЗОДА БОЛО

Ёд дорам, он айём дар ӯҳда вазифаи сардабири бахши тоҷикии телерадиокомпанияи навтаъсиси Самарқандро доштам.

Барои рангин, пурмазмун, хотирнишин ва ҷолиб шудани барномаҳо ва студия соҳибони касбҳои гуногунро таклиф мекардем. Гузариш ба давраи нав мушкилӣ ва муаммоҳо дошт. Барои шарҳи ибораи «сабадчаи зиндагӣ» шахсе лозим буд, ки дониши махсус дошта бошад. Бо тавсияи ҳолдонҳо барои ба ин масъала рӯшанӣ андохтан иқтисодчӣ Зоҳир Шарифзода тавсия шуд. Вай ба саволҳо пурра ва бо далелу санад ҷавоб дод ва тамошобинон боз  талаб карданд, ки тавассути телевизион баромади ӯ ташкил карда шавад. 
Декабри соли 1991 буд. Соҳибкорони ҷавону умедбахшро ба марказ даъват карданд. Сарвари кишвар баромад намуда, тавассути микрофони озод ҳозирон фикру андешаҳои худро гуфтанд. Ягона вакили Самарқанд Зоҳир Шарифзода ба сухан баромада, якчанд таклифи судманд пешкаш намуд, ки ба Президент писанд афтод. 
Барои омӯхтан ва ба ҳаёт ҷорӣ кардани таҷрибаи хориҷӣ маблағ лозим буд. Ҳисобу китоб  карда, хулоса намуд, ки 300 ҳазор рубл зарур. 
Ана ҳамин тавр, Зоҳир Шарифзода ба мамлакатҳои назди Балтика, Австрия, Фаронса, Русия ва дигар кишварҳои ҷаҳон азми сафар намуд, таҷрибаҳои пешқадамро омӯхт ва 62 пешниҳодро ба ҳокимияти вилояти Самарқанд расонд, ки аксарияти онҳо ҷомаи амал пӯшиданд.
***
Падари бузургвори ӯ Шариф Ҳайдаров соҳиби нӯҳ фарзанд буд. Вай дар солҳои пурҷӯшу хурӯш дар вазифаҳои пурмасъул адои вазифа кардааст. Шарифамак одати аҷиб дошт: нисбати таълиму тарбияи фарзандон ниҳоят сахтгир, серталаб ва ба маврид ғамхору меҳрубон буд. Ҳамсараш Баҳора Камолова (илоҳо ҷояш дар ҷаннат бошад!) низ бо маслиҳати сарвари оила рафтору гуфтор мекард. Шарифамак рӯзҳои истироҳат китоберо оварда мухтасар мазмунашро мегуфт ва барои мутолиа медод. Бачаҳо талош меварзиданд, ки хонандаи аввалин шаванд. Аммо ӯ ба таълими иқтисоди сиёсӣ диққати ҳамаро ҷамъ мекард.
Бо гузашти айём аксарият фарзандони Шарифамак, аз ҷумла Зоҳир иқтисоддон шуданд. Вай мактаби таълими умумии рақами 8-уми шаҳри Самарқандро бо медали тилло хатм карда, шомили факултаи иқтисодиёти Донишкадаи кооперативии Самарқанд шуд. Бо дипломи имтиёзнок хатм карда, дар факултаи мазкур ба кор монд ва ҳамчун ходими калони илмӣ фаъолият бурд. Дар Донишкадаи хоҷагии халқи Тошканд аспирант шуд ва соли 1985 рисолаи номзадиро дифоъ кард.
Сипас дар вазифаҳои ёрдамчии ҷонишини раиси кумитаи иҷроияи вилоят, сармутахассиси назди комиссияи банақшагирӣ, маслиҳатчии раис доир ба масъалаҳои иқтисодиёт ва мудири шуъбаи вилоятии Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии иқтисодиёт ва меъмории назди Кумитаи иқтисодиёти Ӯзбекистон кор кард.
Дар озмуни «Ташаббус—1996» низ дасти Шарифзода боло буд. Аъзои комиссияи бонуфуз ва сахтгир бо фаъолияти тадбиркорон шинос шуда қарор карданд, ки ба ҷойи аввал вакили Самарқанд Зоҳир Шарифзода муносиб аст. Вай мукофоти Президент – мошини сабукрави «Нексия» гирифт. Аҷибаш он буд, ки дар озмун ӯ аз рӯйи боз шаш равия ҷоизадор гардид. 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: